Нақду назар

Торих дар Тоҷикистон дар ҳоли такрор аст

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Баррасии таҳаввулоти ахир дар Тоҷикистон ҳикоят аз он дорад, ки торих дар ин кишвар дар ҳоли такрор аст. Нишонаҳои такрори торихро метавон аз таҳлили заминаҳои иҷтимоӣ ва мушоҳидаи иллатҳои мушобеҳ дар арсаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҳаводиси гузашта ва имрӯз пайдо кард.

Тавзеҳ ин ки: ҳар миллат дорои як саре аз «хусусиятҳои ахлоқӣ ва шахсиятӣ» мебошад, ки ин хусусиёт дар шароити мушобеҳ ҳамеша ба як сурат амал мекунад; ҳамон тавре ки яке аз сиёсатмадорони Ангилис дар даврони истеъмор гуфта буд: «Агар бихоҳед бар миллати араб тасаллут дошта бошед, шиками эшонро сер нигаҳ доред, ва агар бихоҳед бар миллати форс тасаллут дошта бошед, шиками эшонро гурусна нигаҳ доред; зеро агар шиками араб гурусна шавад, туғён мекунад ва баръакс шиками форс агар сер шавад, туғён хоҳад кард.»

Ҳол, коре ба ин надорем, ки то чӣ андоза ин арзёбии истеъмор ба воқеият наздик аст, вале он чӣ мусаллам аст ин аст, ки воқеан ҳар миллате дорои дастае аз вижагиҳост, ки наметавон онро нодида гирифт, махсусан дар баррасии таҳаввулоти иҷтимоӣ.

Бинобар ин бо таваҷҷӯҳ ба баррассии таҳаввулоти сиёсӣ – иҷтимоии садаҳои ахир, ки бар сари миллати мо гузаштааст, метавон «хусусиятҳои таъсиргузори миллати тоҷик»-ро бозёфт.

* * *

Таҳаввулоти чанд сад соли ахир нишон медиҳад, ки масалан миллати тоҷик бо масъалаи фақр зиёд ситеза надорад ва ба осонӣ худро бо он вифқ медиҳад ва ё масалан дар баробари таҳоҷумоте, ки арзишҳои миллиро ҳадаф қарор медиҳад, зиёд аз худ истиқомат нишон намедиҳад ва ба осонӣ пазирои он мебошад. Нишонааш ҳам ин аст, ки дар торихи гузашта ҳаргиз мо шоҳиди наҳзатҳои қавии миллигароёна дар байни миллати тоҷик нестем, гарчи таҳоҷумоти хеле шадиде дар баробари миллати тоҷик сурат гирифтааст. На дар баробари таҳоҷуми муғул ва на пропогандаҳои понтуркизм ва билахира на дар баробари истилои рус.

Аммо торих ба такрор нишон додааст, ки ин миллат ҳамеша дар баробари таҳоҷум ба «арзишҳои динӣ ва эътиқодӣ»-аш истиқомат карда ва ҳаргиз таҳти ҳеҷ шароите бо таҳоҷумоти зидди динӣ созиш накардааст. Ва дар ин росто торихи миллати тоҷик шоҳиди наҳзатҳои динии зиёдест, ки ҳамеша дар баробари таҳоҷумоти зидди динӣ истодагӣ кардааст. Масалан, дар баробари юриши муғул гарчи аз назари низомӣ шикаст хӯрд, вале аз назари динӣ баръакс муҳоҷимони муғлро ба дини худ даровард. Ва ё дар баробари таҳоҷуми густардаи зидди динии кумунизм ҳаргиз ин миллат таслим нашуд ва дар тӯли ҳафтод сол таҳти сахттарин шароит истиқомат кард ва дини худро ҳамчун гавҳараки чашм аз газанди таблиғоти заҳрогини кумунистҳо муҳофизат кард.

Бинобар ин, «омили дин» ҳамеша дар торихи ин миллат нақши таъйинкунандае дошта ва маншаъи таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ зиёде гаштааст.

Дар канори ин омили хеле муҳим ва созанда, як омили дигаре дар торихи садаи гузаштаи миллати тоҷик нақшофаринӣ карда, ки албатта омили манфӣ ба шумор меравад ва он «омили маҳал» аст. Ба назар мерасад, «омили маҳал» ба қадре байни ин миллат реша давонда, ки ҷойи «омили миллат»-ро гирифтааст; ба далели он ки дар таҳаввулоти сад соли ахири миллатҳои дигар бештарин таъсирро «омили миллат» гузоштааст, чӣ дар байни мардуми араб ва чӣ мардуми турк, аммо дар таҳаввулоти сад соли ахири мардуми мо, «омили миллат» ҳаргиз натавониста нақше ифо намояд.

Шояд иллати пайдоиши омиле ба номи «маҳал» дар байни мардуми тоҷик, сиёсатҳои шайтанатомези режими Шӯравӣ бошад, ки аз боби “Тафриқа андоз ва ҳукумат кун!» бо ин роҳ мардумро чанд даста карда ва омили ваҳдатбахши миллатро дар байни мо хунсо карда бошанд. Ба ҳар ҳол ин омил, яъне «маҳалгароӣ» яке аз омилҳои таъсиргузор дар таҳаввулоти сиёсиву иҷтимои миллати тоҷик будааст, ки наметавон аз он чампӯшӣ кард.

* * *

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ду омили таъсиргузор, яъне «омили дин» ва «омили маҳал» метавон гуфт, ки торих дар кишвари Тоҷикистон дар ҳоли такрор аст. Зеро сиёсатҳои режими имрӯза дақиқан дар ҳоли барангехтани ин ду омил аст. Аз тарафе, бо ҳамоқат ҳар рӯз зидди арзишҳои динии мардум иқдомотеро анҷом медиҳад ва аз тарафе, бо ҷаҳолат ба «маҳалгароӣ» доман мезанад. Ғофил аз он ки ин ду омил дақиқан ҳамон омилҳое ҳастанд, ки дар гузаштаи торихи на чандон дури ин миллат, муҳимтарин нақшро ифо кардааст.

Ба назар мерасад, мушкили асосии ин режим ин аст, ки ҳаргиз рӯи таҳаввулоти торихи гузаштаи ин миллат мутолеа намекунад, бинобар ин, фиреби зоҳири орому созишпазири ҷомеаро мехӯрад, аммо ғофил аз он ки он чӣ дар таҳаввулоти иҷтимоӣ таъсиргузор аст, ин зоҳири ҷомеа нест, балки он руҳиёт ва хусусиёти пӯё дар пушти ин зоҳири исто аст, ки бо даст додани камтарин шароит, ногаҳон ошкор мегардад ва тамоми муҳосиботи зоҳирбинонро бар ҳам мезанад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.