Перейти к содержимому

Назарбоев дар дидор бо раҳбари Эрон чӣ гуфт?

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар дидор бо раҳбари Эрон, бо ишора ба иқтидори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нуфузи маънавии раҳбари Эрон дар кишварҳои исломӣ гуфт: «Ман бо назароти Шумо дар хусуси ваҳдати ҷаҳони ислом комилан мувофиқам ва бояд ба ҳамаи ҷаҳон нишон диҳем, ки ислом дине пешрафт, иттиҳод ва мубориза бо теруризм аст.»

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ асри душанбе (11.04.2016) дар дидори Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, бо ишора ба зарурати афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, байналмилалӣ ва мубориза бо теруризм, хотирнишон кард: «Бархе қудратҳо ба вижа Омрико дар иддаъои мубориза бо теруризм содиқ ва ҷиддӣ нестанд, аммо кишварҳои исломӣ метавонанд бо ҳамкориҳои содиқона, ин таҳдидро аз ҷаҳони ислом дур кунанд

Оятуллоҳ Хоманаӣ, кӯмаки омрикоиҳо ба ДОЪИШ дар Ироқро намунае аз бархӯрдҳои ғайри содиқонаи эътилофҳои гуногуни муддаъии мубориза бо теруризм баршумурд ва гуфт: «Онҳо барои тавҷеҳи бархӯрдҳои дугонаи худ, теруризмро ба ду навъи хуб ва бад тақсим мекунанд

Раҳбари Эрон, бо ишора ба миллияти урупоии омилони ҳаводиси теруристӣ дар Урупо ва ҳамчунин ҳузури пурранги афроде аз ин кишварҳо дар гурӯҳҳои теруристӣ дар Сурия ва Ироқ, афзуд: «Ин воқеиятҳо нишондиҳандаи ҷиддӣ набудани Ғарб ва ба вижа омрикоиҳо дар мубориза бо теруризм аст

Вай, дунёи имрӯзро дунёе муталотим тавсиф кард ва афзуд: «Кишварҳои исломӣ имрӯз аз сӯе бо хатари гурӯҳҳои теруристие, ки ба номи ислом ва дар воқеъ алайҳи ислом ва мусалмонон фаъолият мекунанд мувоҷеҳанд ва аз сӯи дигар бархе қудратҳои ғарбӣ тамоюл надоранд, ки кишварҳои мусалмон муттаҳид ва дар канори якдигар бошанд

Оятуллоҳ Хоманаӣ, муқобила бо хатари теруризм ва бархӯрдҳои дугонаи қудратҳоро ниёзманди афзоиши ҳамкории кишварҳои исломӣ дар чорчӯби сиёсатҳои ақлонӣ ва мантиқӣ донист ва гуфт: «Мо бо кишварҳои мусалмон эҳсоси бародарӣ мекунем ва мавозеи Эрон ва Қазоқистон низ дар бисёре аз масоили ҷаҳонӣ яксон аст

Раҳбари Эрон бо ишора ба ҳамкориҳои Қазоқистон бо Эрон дар маҷомеи байналмилалӣ таъкид кард: «Бо вуҷуди «дин, торих ва фарҳанги муштарак» ва «зарфиятҳои фаровони ду кишвар», равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ дар сатҳи пойине қарор дорад ва мо аз афзоиши ҳамкориҳо дар абъоди мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, ҳамлу нақл ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар мавзӯи режими ҳуқуқии ҳавзаи дарёии муштарак истиқбол мекунем

Дар ин дидор, ки Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон низ ҳузур дошт, Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, Эронро ҳамсояе бузург, қудратманд ва қобили эътимод ва иттико донист ва гуфт: «Ду кишвар зарфиятҳои фаровоне барои тавсиъаи равобит доранд ва мо дар ин сафар дар хусуси барномаҳои иқтисодӣ ва тиҷории муҳимме ба тавофуқ расидем, ки мӯҷиби рушд ва афзоиши ҳамкориҳо хоҳад шуд

Раисиҷумҳури Қазоқистон, теруризмро таҳдиде ҷиддӣ хонд ва бо ишора ба бурузи ҳаводиси теруристӣ дар Ғарб ва талоши ғарбиҳо барои муаррифии ислом ба унвони намоди теруризм, гуфт: «Теруризм ва сели муҳоҷирати оворагон, дар воқеъ ношӣ аз муқобила бо давлатҳои қонунии кишварҳои минтақа тавассути қудратҳои ғарбӣ аст, зеро ҳангоме ки давлати марказии босубот дар кишваре аз байн биравад, теруризм ҷонишини он мешавад

Назарбоев бо ишора ба иқтидори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нуфузи маънавии раҳбари Эрон дар кишварҳои исломӣ гуфт: «Ман бо назароти Шумо дар хусуси ваҳдати ҷаҳони ислом комилан мувофиқам ва бояд ба ҳамаи ҷаҳон нишон диҳем, ки ислом дине пешрафт, иттиҳод ва мубориза бо теруризм аст

Тасовире аз ин дидор:

????? ???? ?????? ????????

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: