Перейти к содержимому

Назарбоев: «Иҷоза надиҳем, душманони мо ислом ва теруризмро дар канори ҳам ба ҷаҳон муаррифӣ кунанд»

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои эронии худ, бо таъкид бар ин ки «мо бояд аз эҷоди ихтилоф миёни кишварҳои исломӣ ҷилавгирӣ кунем ва иҷоза надиҳем, душманони мо ислом ва теруризмро дар канори ҳам ба ҷаҳон муаррифӣ кунанд», гуфт: «Эрон ба унвони як кишвари бузург бо тамаддуне куҳан, метавонад нақше таъсиргузор дар ин росто дошта бошад.»

Ба гузориши хабаргузории Irna, Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи душанбе (11.04.2016) дар дидор бо Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар Теҳрон, бо ишора ба баргузории Иҷлоси Созмони Ҳамкории Кишварҳои Исломӣ дар Истанбул гуфт: «Ду кишвари Эрон ва Қазоқистон ҳамназаранд, ки бояд садои ваҳдат ва ҳамкории дунёи ислом ба гӯши ҷаҳониён бирасад

Вай гуфт: «Аз 25 соли пеш, ки истиқлоли Қазоқистон дар соли 1991 эълом шуд то имрӯз, ҳамвора равобити ду кишвар рӯ ба тавсиъа ва густариш будааст ва барои мо кишвари Қазоқистон кишваре дӯст ва ҳамсоя ва ҳоизи аҳаммият аст

Раисиҷумҳури Эрон изҳор дошт: «Давлати Қазоқистон дар даврони таҳрим ва музокироти ҳастаӣ, ҳамвора ба унвони ёри Эрон буд ва ду даври музокирот дар Қазоқистон тартиб дода шуд

Руҳонӣ гуфт: «Дар ин сафар маҷмӯъан 66 санади тафоҳуми ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид, ки нуқтаи атфе дар равобити ду кишвар маҳсуб мешавад

Вай изофа кард: «Бо шурӯи ҳамкориҳои бонкҳои марказии ду кишвар, имкони табодули бонкӣ ва тасҳил дар раводид барои бозаргонони эронӣ барои рафту омад дар Қазоқистон муҳайё хоҳад шуд ва ҳимояти ду давлат аз бахши хусусӣ қадамҳои муҳимме дар тавсиъаи иқтисодии ду кишвар хоҳад буд

Раисиҷумҳури Эрон изҳор дошт: «Дар мулоқоти хусусӣ ва умумӣ бо раисиҷумҳури Қазоқистон, илова бар тавсиъаи бахши кишоварзӣ ва тиҷорӣ, дар заминаи масоили илмӣ, фарҳангӣ, фанноварӣ ва иртиботот гуфтугӯ ва тавофуқи назар вуҷуд дошт

Руҳонӣ гуфт: «Дар бахши ҳамлу нақл ва иртиботот, роҳи оҳани ду кишвар метавонад миёни Эрон, Қазоқистон ва Туркманистон ва ҳамчунин Чин иртибот барқарор кунад

Вай, бо баёни ин ки дар заминаи масоили минтақаӣ низ миёни ду кишвар иттифоқи назар вуҷуд дорад, тасреҳ кард: «Мавзӯи ифротигарӣ ва ихтилоф байни фирақ, мазоҳиб ва теруризм, се хатари умдае аст, ки ҷаҳони исломро таҳдид мекунад ва бояд барои эҷоди субот дар Афғонистон, Ироқ, Сурия ва поёни ҷанг дар Яман, роҳи ҳаллҳои сиёсӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад, ки дар ин музокирот мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон низ дар ин нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои эронии худ, бо ишора ба имзои таҷофуқномаи ҳамкорӣ миёни Эрон ва Қазоқистон, онҳоро мусбат арзёбӣ карда ва гуфт: «Мо бояд аз эҷоди ихтилоф миёни кишварҳои исломӣ ҷилавгирӣ кунем ва иҷоза надиҳем, душманони мо ислом ва теруризмро дар канори ҳам ба ҷаҳон муаррифӣ кунанд ва Эрон ба унвони як кишвари бузург бо тамаддуне куҳан, метавонад нақше таъсиргузор дар ин росто дошта бошад

Вай афзуд: «Эрон ва Қазоқистон бояд дар оянда беш аз пеш ҳомӣ ва пуштибони якдигар бошанд ва равобити ду кишвар дар сатҳи болое қарор дошта бошад

Назарбоев дар ин нишаст ҳамчунин ҳимояти кишвараш аз узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳодияи Уруосиёро эълом кард.

Тасовире аз ин дидор:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: