Перейти к содержимому

Ардуғон: «Ғарбиҳо мавзеъи дугона доранд»

Раҷаб Тайиб Ардуғон, бо таъкид бар ин ки «мо наметавонем иқдомоти созмонҳое теруристӣ монанди ДОЪИШ-ро таъйид кунем, зеро инҳо терурист ҳастанд» гуфт: «Бархе кишварҳои ғарбӣ дар масъалаи мубориза бо теруризм мавзеъи дугонае дар пеш гирифтаанд.»

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмаёдин, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар 13-умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Истанбул, пешниҳод кард, маркази ҳамоҳангӣ дар Туркия барои мубориза бо теруризм эҷод шавад.

Ардуғон, ки ҳамзамон бо оғози 13-умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Истанбул, риёсатро аз Миср таҳвил гирифт, изҳор дошт: «Касоне ки ба номи Ислом мусалмононро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд, наметавон онҳоро мутаъаллиқ ба ин дини муқаддас донист

Вай афзуд: «Мо наметавонем иқдомоти созмонҳое теруристӣ монанди ДОЪИШ-ро таъйид кунем, зеро инҳо терурист ҳастанд

Ардуғон изҳор дошт: «Бархе кишварҳои ғарбӣ дар масъалаи мубориза бо теруризм мавзеъи дугонае дар пеш гирифтаанд

Вай гуфт: «Бархе кишварҳо аз амалиёти теруристӣ дар Порис ва Бруксел ҳарф мезананд, вале аз иқдомоти теруристӣ дар Истанбул ва Онкоро ҳарфе ба забон намеоваранд

Раисиҷумҳури Туркия изҳор дошт: «Мо хоҳони таъсиси марказе барои ҳамоҳангии амниятии Созмони Ҳамкории Исломӣ барои мубориза бо теруризм ҳастем, ки маркази он Истанбул бошад

Вай дар идома афзуд: «Мусалмонон намояндае дар Шӯрои амнияти СММ надоранд, ки ин масъала одилона нест ва бояд ислоҳоте дар Созмони Милал анҷом шавад

Раисиҷумҳури Туркия бо баёни ин ки дар ҳоли ҳозир падидаи исломҳаросӣ ва хусуматварзӣ бо мусалмонон афзоиш ёфтааст, ба нақши занон ишора кард ва гуфт: «Нақши занон дар ҷомеа бояд тақвият шавад ва ман хоҳони ташкили конфронси занон дар Созмони Ҳамкории Исломӣ ҳастем

Вай дар бораи масъалаи Фаластин ҳам изҳор дошт: «Ишғолгарӣ бояд поён ёбад ва кишвари Фаластин ба пойтахтии Қудс ташкил шавад

Раисиҷумҳури Туркия дар поён гуфт: «Мусалмонони кишварҳои ҳавзаи Болкон, Карима ва ҷануби шарқи Осиё мазлум ҳастанд

Нишасти Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Истанбул оғоз ба кор кард

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ (Туркия), 13-умин Иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ таҳти унвони «Ваҳдат ва ҳамбастагӣ барои адолат ва сулҳ», ки имрӯз ва фардо бо ширкати русои ҷумҳур ва нахуствазирони беш аз 30 кишвари ҷаҳон дар Истанбул баргузор хоҳад шуд, бо истиқболи Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия аз меҳмонон, оғоз шуд.

Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ, Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар, Бакр Иззатбегович, раиси Шӯрои риёсати ҷумҳурии Буснӣ, Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, Маҳмуд Аббос, раиси давлати Фаластин, аз ҷумлаи ширкаткунандгоне ҳастанд, ки дар ин иҷлос ҳузур доранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: