Перейти к содержимому

Гӯё набуд

Ёддошти Халими Қаюмзод

Номи ӯ Эҳсон аст, тахаллусаш Сарафроз. Дар Маскав бо ӯ шинос шудам. Як ҷавоне буд, ки дилаш барои миллат ҳамеша метапид.

Ӯ маро чунин хитоб мекард: «Акаҷон. Акаи Халил.» Воқеъан мо мисли ду бародар будем. Имрӯз бархе аз дӯстон ъаксҳои ӯро аз сафҳаҳои худ пок кардаанд, чун ӯро ҳукумат бад медидаасту боздошт ҳам карда будааст.

Бале, баъзан зиёдаравӣ мекард, чун хеле эҳсосӣ буд, ҷавон буд, охир.

Боре дар як чойхонаи тоҷикии Маскав ҳамроҳи ӯву дигар дӯстон нишаста будем. Ман дастшӯйӣ рафтам. Омадам, ки Сарафроз табассум мекард. Пурсидам, ки чӣ шуд? Ӯ ба ман гуфт: «Инҳоро мебинед. Инҳо бачаҳои сафоратанд. Ҳозир ба ман омада гуфтанд, ки бо шумо дӯстӣ накунам, шумо оппозитсионер

Ҳарду хандидему ба хӯрдани хӯрок идома додем.

Он рӯзҳо Сарафроз зуд-зуд дар рухнома (фейсбук) ъаксу наворҳо бар зидди ҳукумати рӯз пахш мекард. Барои ман ъаҷиб ин буд, ки чаро кормандони сафорат чунин як хоҳише аз ӯ карданд?

Сафҳаи ӯ пур аз интиқод буд…

Дар мусофират шабҳои дароз бо ҳам мегаштем, баҳс мекардем, гоҳ ӯ ва гоҳ ман ӯро насиҳат мекардем.

Ӯ як тан ҷавони навроҳ буд, як ҷавони фиребхӯрда, ки миллат дорад, миллаташ ҳукумате дорад, ҳукуматаш мухолифин дорад, як ҷавони содаи тоҷик, ки зудбовар буд…

Имрӯз ӯ нест дар рухнома. Боздошт шудааст, мегӯянд. Гӯиё, ки набуд.

Манбаъ: шабакаи иҷтимоии Фейсбук

1 комментарий »

  1. Албата ин Юсуфи гумгашта, ба ватан бар мегардад… Аъмо ин душмани Худоу, ва расули Худо, шаимандаю шарм сор хохад шуд. РЭШ.

    Нравится

Добавить комментарий для Одили замон Отменить ответ

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: