Перейти к содержимому

«Нагузоред, болҳоямон шикаста шавад!»

Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, дар ёддоште, бо баёни ин ки «мо бидуни Бадахшон ва Ирони бузург (на ба маънои ҷуғрофӣ — балки ба маънои фарҳангӣ ва забонӣ) мисли паррандае хоҳем шуд, ки як болаш буррида шудааст ва оё метавон бо як бол парвоз кард?» изҳор доштааст: «Сунние, ки бар зидди шиъа аст ҳамон Иблисе аст, ки як боли моро мебуррад. Шиъае, ки бар зидди суннӣ аст, боли дигари моро мебуррад. Ва мо ба як чизаке, ки на хазанда асту на парранда бадал мегардем.»

Атовуллоев дар ин ёддошт, ки дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир кардааст, бо ишора ба ин ки «миллатҳо ва кишварҳои кучак агар бо ҳамсоягон ва ё ҳамрешаҳои худ напайванданд, маҷбуранд, ки такя ба бегонаи пурзӯртаре намоянд ва он бегона ҳар замон метавонад ба осонӣ онҳоро ба савдо бизанад», изҳор доштааст: «Тоҷикистонро зарур аст, ки бо ҳамсоягони худ робитаи қавӣ барқарор намояд. Ҳамсояи камбағал, дардманд, мӯҳтоҷ ва дорои фарзандони бадтарбияро ҳамсояҳои дигар намепазиранд, чун ҳамеша метавонад барояшон дарди сар эҷод намояд.»

Вай дар идомаи ёддошти худ, бо баёни ин ки «дар дурнамо агар Тоҷикистон мехоҳад, ки ҳамсоягон барои ӯ эҳтиром қоил шаванд, пеш аз ҳама худаш бояд як ҳамсояи безарар ва муваффақ ва бооромиш бошад» таъкид карда: «Ягона роҳи мурод, ин бозгашт ба дабираи форсӣ ва пайвастан ба асли хеш — ба Ирони бузург баргаштан аст

Атовуллоев дар идома афзудааст: «Аммо дар ин бозгашт мушкилро онҳое эҷод менамоянд, ки аз таърих огаҳ нестанд, гузаштаро намедонанд. Намедонанд, ки калиди дареро, ки мо дирӯз гум карда будем, барои ёфтани он калид раҳи пасинаро бояд тай карду калидро бардошт

Раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, бо ишора ба касоне ки ин мушкилро эҷод кардаанд, гуфта: «Ман ин зумраро шартан «навмусалмонон» меномам. Навмусалмонон дар ҳама кор навроҳанд: дар дину диёнат, дар сиёсат, дар тиҷорат ва ҳатто дар ойини зиндагӣ низ. Ва онҳо имрӯз фазои диниро пур кардаанд. Аз ин фазои танг ва пурғавғо ба машом бӯи ҷаҳолат ва хурофот паҳн мегардад ва ҷавононро ба тангно мекашад. Тангное, ки оқибаташ дар ғори асри сангин нобуд шудан аст

Вай афзуда: «Шиорҳое, ки имрӯз алайҳи мазҳабҳои дигар садо медиҳанд, бонги хатар ва бонги бадбахтиянд. Махсусан дар ҳолате, ки бадахшониёни мо ва бародарони иронии мо мазҳабашон дигар аст. Ҳар садое бар зидди шиъаву суннӣ зада мешавад, бояд имрӯз хомӯш бишавад. Ончуноне, ки ниёгони мо аз сари дарахтон зоғҳои сиёҳро, ки муждрасони бадбахтӣ шумурда мешаванд, аз дарахтон ва боғҳо меронданд

Атовуллоев дар идома ёдовар шудааст: «Мо бидуни Бадахшон ва Ирони бузург (на ба маънои ҷуғрофӣ — балки ба маънои фарҳангӣ ва забонӣ) мисли паррандае хоҳем шуд, ки як болаш буррида шудааст. Оё метавон бо як бол парвоз кард?! Оё паррандае, ки як бол дорад метавонад ҷӯҷаҳояшро бихӯронад? Магар паррандаи якболаро ҳар як гурбаяки ҳомиладор осон тӯъмаи худ намегардонад?!»

Раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ёддошти худро ин гуна ба поён расонад: «Сунние, ки бар зидди шиъа аст ҳамон Иблисе аст, ки як боли моро мебуррад. Шиъае, ки бар зидди суннӣ аст, боли дигари моро мебуррад. Ва мо ба як чизаке, ки на хазанда асту на парранда бадал мегардем

1 комментарий »

  1. Э БЕШАРАФИ ШАРМАНДА ТУРО БА ДОДАНИ МАСЛИҲАТ КИ МОНДАСТ ХУДОЗАДА ОХИР ТУ ХОИНИ ВА КАБИРИ НИЗ ИСБОТ ШУДКИ ХИЁНАТКОР АСТ, АММО ЭРОН АЗ ШУМО МАГАСОНИ ГУХНИШИН ПУШТИБОНИ МЕКУНАД ШУМО ТЕРРОРИСТОН ВАТАН МИЛЛАТ НАДОРЕД БОЗ ДАР ХАККИ ТОЧИИСТОН СУХАН МЕКУНЕД! ШАРМ ДОРЕД!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: