Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (17)

Фалсафа ва сафсата (7)

(ё худ реализм ва идеализм)

Идомаи таълиқи пешин

Барои он ки маънои «итлоқи мафоҳим», ки мантиқи қадим ба он қоил буд ва маънои «нисбияти мафоҳим», ки материализми диалектик ба он қоил аст равшан шавад, лозим аст, ки муқаддимаи зайл тазаккур дода шавад.

Яке аз масоили муҳимме, ки аз қадимулайём мавриди таваҷҷӯҳи фалосифа будааст, масъалаи «арзиши маълумот» ва «ҳақиқӣ будани онҳо» аст. Яъне, оё андозаи воқеънамоии улум (идрокот) аз воқеиятҳо чӣ қадр аст ва оё идрокоти мо нисбат ба ашёъи хориҷӣ чӣ андоза бо вуҷуди хориҷии онҳо мутобиқат дорад?

Чунон ки гуфтем, суфастоиён ва идеалистҳо ҳеч гуна арзише барои маълумот қоил нестанд; зеро бино ба гуфтаи онҳо, дар моварои зеҳн воқеияте вуҷуд надорад, ки идрокот бо он воқеият мутобиқат бикунад ё накунад ва асосан ҳақиқат ва хато ҳеҷ кадом маънӣ надорад.

Ва аммо шаккокон ҳарчанд мункири воқеиятҳои хориҷӣ нестанд, аммо барои улум ва идрокот арзиши қатъӣ қоил нестанд ва мегӯянд, мумкин аст ашёъи хориҷӣ чигунагии хоссе дошта бошад ва мо таври дигаре, ки қувваҳои идрокии мо иқтизо мекунад ва мутаносиб бо шароити замонӣ ва маконӣ аст идрок намоем ва мо намедонем маълумоти мо ҳақиқат аст ё хато ва мизоне ҳам, ки битавон ҳақиқатро аз хато ташхис дод, дуруст нест.

Пиррон (Pirron — 370 — 280 қабл аз мелод), муассиси мактаби шаккокон, даҳ сабабро ёдовар шудааст ва гуфтааст, ин иллатҳои даҳгона арзиши қатъии маълумотро аз байн мебарад.

Пас, ба ақидаи суфастоӣ, ҳақиқате (идроки мутобиқ бо воқеъ) дар кор нест ва ба ақидаи шаккок, намедонем улуми мо ҳақиқат аст ё нест?!

Маслакҳои дигаре дар қуруни ҷадида пайдо шудааст ва ҳамаи онҳо бо ихтилофоти ҷузъӣ, ки дар ин масъала доранд, натиҷатан бо мазҳаби шаккокон (Skepticism = Скептицизм) яке мешавад монанди маслаки интиқодии Конти олмонӣ (Criticism = Критика) ва маслаки «асолати амал» (Pragmatism = Прагматизм)-и Вилём Ҷемзи омрикоӣ (James William = Уильям Джемс).

Дар мақолаи чаҳорум, ки мустақиллан аз «арзиши маълумот» баҳс хоҳем кард, баёни ҳар як аз ин маслакҳо хоҳад омад.

Аз ин ду даста, ки бигзарем (суфастоиён ва шаккокон), ба касоне бармехӯрем, ки асҳоби ҷазм ва яқин хонда мешаванд, яъне барои маълумот арзиши қатъӣ қоил ҳастанд (медонам илм ва идрокот бо воқеъ мутобиқ аст). Ин гурӯҳ мӯътақиданд, ки агар фикр бо услуби мантиқии саҳеҳе роҳнамоӣ бишавад, ба ҳақоиқи ғайри қобили тардиде ноил мешавад, ки бо воқеъ мутобиқат дорад.

Лекин ин гурӯҳ низ ду дастаанд: дастаи аввал, пайравони фалсафаи уло (метафизик), ки Афлотун ва Арасту ва пайравонашон аз юнониёни қадим ва ҳамаи фалосифаи исломӣ ва Декарт ва Лейбнитс (Gottfried Wilhelm Leibniz = Готфрид Вильгельм Лейбниц) ва Спиноза (Baruch Spinoza = Бенедикт Спиноза) ва баъзе дигар аз урупоиёни ҷадид, аз он ҷумлаанд.

Ин гурӯҳ ба «ҳақиқати мутлақ» қоиланд ва мӯътақиданд, ки воқеиятҳо — филҷумла на билҷумла — ҳамон гуна ки ҳастанд, дар фикри мо ҷилвагар мешавад бидуни он ки фикри мо аз худ тасарруфе бикунад ва ранги хоссе ба ӯ бидиҳад, ва чунон ки медонем, мантиқи қадим, ки фалсафаи уло бар он устувор аст ва ҳамчунин усули мантиқие, ки Декарт таъсис намуда, бар асоси дарёфтани ҳақоиқи мутлақа аст. Албатта байни назари қудамо ва назари Декарт ва пайравонаш филҷумла ихтилоф аст. (Баъдан дар мақолаи 4 дар ин бора ба тафсил баҳс хоҳем кард).

Даста дуввум, «нисбиюн» ҳастанд, ки ба ҳақиқати нисбӣ қоиланд ва баёни ақидаи ин даста дар мақолаи 4 хоҳад омад.

Пайравони «материализми диалектик» ақидаи нисбиюнро роҷеъ ба нисбияти ҳақоиқ мепазиранд ва мо феълан дар ин мақола танҳо назар ба гуфтори пайравони материализм диалектик дорем.

Ин гурӯҳ худро пайрави мантиқи хоссе, ки усули онро Ҳегели олмонӣ баён намудааст, медонанд.

Ин гурӯҳ мегӯянд, маҳакки инсон барои ташхиси ҳақиқат таҷриба ва амал аст. Яъне ҳар илме (идроке) агар гувоҳи амалӣ дошт саҳеҳ ва агар на ғалат аст. Аз назари инон, далел бар он ки улуми табиии имрӯз ҳақиқат дорад ин аст, ки дар корхонаҳо амалан заруриёти зиндагии рӯзонаро тавлид мекунанд. Ва аз тарафи дигар мегӯянд, маншаи илм (идрок) таъассуроте аст, ки аъсоби мо аз хориҷ пайдо мекунанд ба василаи дидан ва шунидан ва ғайра, лекин силсилаи асабии мо аз худ таъсире бар рӯйи ин таъассурот ва фаровардаҳои ҳавосс менамояд ва чун сохтмони аъсоби ҳайвоне бо ҳайвони дигар ё як фарди инсон бо инсони дигар фарқ мекунад, қаҳран таъсироти онҳо ҳам бо ҳамдигар ихтилоф пайдо мекунад. Пас, ҳар илм ва идрок дар айни ин ки ҳақиқат аст, бастагии хоссе бо навъи сохтмони моддии силсилаи асабии шахси идроккунанда дорад ва таъсири хосси мағзи идроккунанда дахил аст. Пас, «ҳақоиқ» нисбӣ аст, яъне дар айни ин ки ҳақиқат аст, бо тарзи сохтмони мағзи ҳар шахс ва шароити замонӣ ва маконӣ низ марбут аст.

Дуктур Аронӣ (материалисти маъруф) дар сафҳаи 34 «Материализми диалектик» мегӯяд:

«Чӣ қадр бемағз аст агар мактабҳои мухолифи мо таваққӯъ доранд «шинохтан» сурати хориҷӣ пайдо кунад ва фикр дар таъсире, ки аз ашёъ гирифтааст тасарруф накунад. Билохира ин тасарруф ҳамон шинохтан аст. Инҳое, ки ақиби айни ҳақиқати мутлақ ва мафҳумҳои пучи дигар мебошанд, мисли ин аст, ки мехоҳанд амали шинохтан монанди амали ҳазмӣ сурат гирад, ки на моддаи ғизоӣ вориди меъда шавад ва на меъда бар рӯйи маводди ғизоӣ асар кунад

Ҳамон тавре ки мулоҳиза мефармоед, ба ақидаи материалистҳо маҳсусот барои фикр монанди маводди ғизоӣ барои меъда аст ва амали шинохтан таъсири моддии махсусе аст, ки силсилаи аъсоб бар рӯйи он падидаҳои маҳсуси моддӣ менамояд, монанди таъсири хоссе, ки меъда бар рӯйи маводди ғизоӣ менамояд ва ҳамон тавре ки меъдаҳо дар амали ҳазм бо якдигар ихтилоф доранд, силсилаи аъсоб низ мухталифанд.

Ҳамчунин дар ҳамон сафҳа мегӯяд:

«Навъи сохтмони силсилаи асабӣ ба тарзи махсусе дар амали шинохтан муассир хоҳад буд; зеро худи ҳамин таъсир шинохтан аст. Мо медонем, ки аъсоби инсон ва ҳайвони дигар ба тарзи мухталиф амал менамояд; бӯйи муайян инсонро мутанаффир, вале ҳайвонро ҷалб мекунад, ранги муайян ба назари ҳайвони дигар ҳоли дигареро дорад ё ин ки оҳанги муайян ба гӯши як нафар хуш ва ба гӯши дигаре номатбуъ аст, дараҷаи ҳарорати муайян гоҳ ба назар сард ва гоҳ гарм ҷилва мекунад… Хулоса, таъсири сохтмони силсилаи асабиро дар шинохтан медонем, вале аз инҷо набояд натиҷа бигирем чун навъи асаб дар шинохтан муассир аст, пас айни ҳақиқатро наметавон шинохт; зеро чунон ки зикр кардем, мафҳуми калимаи «шинохтан» шомили ҳамин таъсири махсус ҳам ҳаст

Қатъи назар аз соири ишколоте, ки бар ин гуфтаҳо ворид аст ва дар мақолаи чаҳорум машрӯҳан гуфта хоҳад шуд, бо андак таваҷҷӯҳ равшан мешавад, ки мавзӯи «ҳақоиқи нисбӣ», ки моддигароён қоиланд, натиҷатан ба мазҳаби шаккокон мунтаҳӣ мешавад, чизи тозае нест ва он чизе, ки шаккоконро водор намудааст, ки арзиши қатъии маълумотро нафй кунанд, ихтилофи идрокоти мавҷудоти идроккунанда аст. Пиррон, муассиси мактаби шаккокон, яке аз даҳ сабабе, ки барои нафйи арзиши яқинии маълумот далел овардааст, ихтилофи идрокоти ашхоси мухталиф аст.

Инки мо ибтидоан пайравони мактаби материализми диалектикро ҷузъи асҳоби ҷазм ва яқин шумурдем, тибқи иддаъои худи онҳо буд, вагарна, дар ҳақиқат дар муқобили мактаби шак (Skepticism) ва мактаби метафизик мактаби севвуме аз лиҳози баёни арзиши маълумот вуҷуд надорад; ё бояд аз усули метафизик пайравӣ намуд ва ё тобеи Skepticism шуд. Тафсили бештар дар мақолаи чаҳорум хоҳад омад.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: