Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (105)

Қиссаи бод, ки дар аҳди Ҳуд (алайҳис салом) қавми Ъодро ҳалок кард (1)

* * *

Ҳуд (а) бар қабилаи Ъод мабъус шуд. Номи ин паёмбар борҳо дар Қуръони Карим зикр шудааст. Аз он ҷумла ояти 65 сураи Аъроф ва ояти 50 ва 58 сураи Ҳуд. Ёздаҳумин сураи қуръонӣ низ ба номи ӯст.

Урафо ва сӯфия Ҳуд (а)-ро мазҳари тавҳиди зотӣ ва асмоӣ медонанд. Аз ин рӯ, Ибни Арабӣ фасси даҳум аз китоби гаронқадри «Фусусул-ҳикам«-ро ба номи ин паёмбар номидааст. Зеро дар ин фасс аз аҳодиси асмоӣ ва сифотӣ ва афъолӣ сухан гуфтааст.

Мавлоно дар ин фасл мехоҳад бигӯяд, ки ҷамодот низ шуъур доранд ва шуъур фаръ бар ҳаёт аст. Пас онҳо ҳам дорои ҳаётанд ва ҳам дорои қувваи идрок.

Ҳуд гирди мӯъминон хатте кашид,

Нарм мешуд бод, к-он ҷо мерасид.

Ҳуди паёмбар (а) пиромуни мӯъминон хатте мекашид ва ҳамин ки боди саркаш ба онҷо мерасид, суст ва ором мешуд.

Ҳар кӣ берун буд з-он хат ҷумларо,

Пора-пора месукуст андар ҳаво.

Ин бод ҳар он чиро, ки берун аз он хат қарор дошт, пора-пора ва муталошӣ мекард.

Сукустан: шикастан, густастан.

Ҳамчунин Шайбони роъӣ мекашид

Гирд бар гирди рама хатте падид.

Шайбони роъӣ (чӯпон) ҳам гирдо гирди гӯсфандони худ хатте мекашид.

Нукта: Шайбони роъӣ бо куняи Абӯмуҳаммад яке аз зоҳидон ва порсоёни ростин ва соҳиби каромати қарни севвуми ҳиҷрӣ буд, ки бар кӯҳҳои Лубнон чӯпонӣ мекард ва ба ҳамин муносибат ба ӯ Роъӣ мегуфтанд. Вай аҳли Димишқ буд ва аз ёрони Суфёни Саврӣ (р).

Имом Ғаззолӣ (р) дар «Эҳёи улуми дин» нақл мекунад, ки Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ бо ҳамаи илму азамати шаън, дар ҳузури Шайбони роъӣ ҳамчун тифли дабистонӣ зону мезад ва аз вай суолоте мекард.

Каромати машҳури ӯ, ки Мавлоно ҳам дар абёт ба он пардохта ин буд, ки ҳар гоҳ барои иқомаи намози ҷумъа ба шаҳр мерафт, гирди гӯсфандон хатте мекашид ба гунае ки на гӯсфандон аз он хат хориҷ мешуданд ва на гург ва соири дарандагон метавонистанд дохили хат шаванд ва бар гӯсфандон юриш оваранд.

Ҳофиз Абӯнаъими Исфаҳонӣ дар шарҳи аҳволи Шайбони роъӣ овардааст:

وكان يذهب الى الجمعة فيخطّ على غنمه فيجئ فيجدها على حالتها لم تتحرّك

«Ва ӯ ҳар гоҳ ба намози ҷумъа рафтӣ, гирди гӯспандонаш хатте кашидӣ. Ва чун бозмегашт, гӯспандонашро бар ҳамон ҳоли пешин дидӣ

Мавлоно, бо ишора ба ин ривоят, мехоҳад бигӯяд, ки аҳлуллоҳ, ҳам дар умури таквинӣ тасарруф доранд ва ҳам дар умури руҳӣ ва ахлоқӣ, ба тавре ки ҳар гоҳ касе таҳти тарбияти онон қарор гирад, аз ҷамиъи газандҳои руҳӣ ва ахлоқӣ масун монад.

Чун ба ҷумъа мешуд ӯ вақти намоз,

То наёрад гург он ҷо турктоз.

Ҳар гоҳ Шайбони роъӣ барои иқомаи намози ҷумъа ба шаҳр мерафт, барои ҳифозат аз гӯсфандонаш дар баробари ҳамлаи гург, хатте ба даври гӯсфандонаш мекашид.

Ҳеҷ гурге дарнарафтӣ андар он,

Гӯсфанде ҳам нагаштӣ з-он нишон.

Ҳеч гурге ба даруни от хат ворид намешуд ва ҳеч гӯсфанде низ аз он хат хориҷ намешуд.

Боди ҳирси гургу ҳирси гӯсфанд

Доирай марди Худоро буд банд.

Мавлоно аз инҷо ба баъд ба нукоти орифона мунтақил мешавад ва лузуми паноҳ ҷустан ба аҳлуллоҳро ҷиҳати раҳоӣ аз авсофи нописанд мавриди таъкид қарор медиҳад. Маънои байт: Ҳамон гуна ки Шайбони роъӣ бо кашидани хатте тавонист бар ғаризаи таҳоҷумии гург ва бар ҳирси гӯсфандон дар чаридан ғолиб ояд, аҳлуллоҳ низ метавонанд ҷилави вазиши тӯфони ҳирси одамиро бигиранд. Яъне ҳамон тавр ки авлиёуллоҳ дар умури таквинӣ тасарруф мекунанд, метавонанд падидаҳои руҳӣ ва ахлоқии инсонҳоро низ таҳти тасарруфи худ қарор диҳанд. Пас, ҳар кас ба сояи иршод ва инояти аҳлуллоҳ дарояд ва таҳти тарбияти онон қарор гирад, авсофи ҳайвонӣ ва сифоти мазмум аз қабили ҳирсу шаҳват бар ӯ ғолиб наояд.

Ҳамчунин боди аҷал бо орифон

Нарму хуш ҳамчун насими юсуфон.

Боди аҷал ва марг низ нисбат ба орифон ҳамонанди боди саркаше, ки барои ёрони мӯъмини Ҳуд (а) нарм ва ва насимгуна мешуд, нарм ва латиф мегардад ва бӯйи диловези зеборӯёнро медиҳад.

Юсуфон: маҷозан ба маънои зеборӯён аст.

Нукта: Зоҳиран манзур ин аст, ки марг барои ғайри мӯъминон ва носолеҳон зишт ва маҳиб аст, аммо барои мӯъминон ва солеҳон зебо ва дилнишин, чунон ки дар ҳадис омадааст:

الموت ريحانة المؤمن

«Марг нисбат ба мӯъмин дастаи гулест хушбӯ.» Ва чунон ки мефармояд:

Марги ҳар як эй писар ҳамранги ӯст,

Пеши душман душману бар дӯст дӯст.

Хоразмӣ гӯяд: «Боди аҷал бар ғайри ориф риҳе аст муҳлик ва қосиф, аммо бар орифон насиме аст хуштар аз равоеҳи гулистон.» (Ҷавоҳирул-асрор, ҷ.2, с.142)

Оташ Иброҳимро дандон назад,

Чун гузидай Ҳақ бувад, чунаш газад?

Масалан, оташи намрудиён ба Иброҳим (а) ҳеч осебе назад, зеро ӯ баргузида ва мақбули даргоҳи ҳазрати Ҳақ буд. Оташ чӣ гуна метавонист ба ӯ зиёне ворид оварад?

Дандон задан: газидан бо дандон, киноя аз озурдан ва осеб расондан.

Нукта: Ин байт низ истидлоли тамсилӣ аст. Мавлоно мехоҳад матлаберо исбот кунад, ки пештар низ ба он пардохтааст. Ва он ин ки: феъл ва таъсири мавҷудот аз табъи онҳо нест, балки манут ба машиати илоҳӣ аст. Зеро агар сӯзондан аз лавозими зотии оташ буд, мебоист Иброҳим (а)-ро бисӯзонад. Чаро ки хоссияти зотӣ тахаллуфнопазир нест. Мо дар ин бора пештар ба тафсил баҳс карда будем.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.