Перейти к содержимому

Чаро нишасти сарон бидуни қироати баёния поён ёфт?

Нишасти сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Истанбули Туркия, ки тайи яке ду рӯзи ахир ба сабаби матраҳ шудани бархе мавозеъи зидди эронӣ ҷанҷолсоз шуда буд, дар ниҳоят бидуни қироати баёнияи ниҳоӣ поён ёфт. Иқдоме, ки ба далели мухолифати шадиди Эрон бо ин баёния, сурат гирифт. Раисиҷумҳур ва вазири хориҷаи Эрон, дар эътироз ба баёнияи мазкур, дар ихтитомияи нишаст ҳозир нашуданд.

Ба гузориши Тобнок, 13-умин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Истанбул, дақоиқе пеш дар ҳоле ба поён расид, ки ба далели мухолифатҳои шадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бархе дигар аз кишварҳо, баёнияи поёнии ин нишаст қироат нашуд.

Ин амр дар шароите иттифоқ уфтод, ки дар пайи ҷанҷолҳои ба вуҷуд омада аз рӯзи гузашта то кунун бар сари гунҷонда шудани чанд банди зидди эронӣ дар баёнияи поёнии ин нишаст, Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳур ва Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, аз ширкат дар ҷаласаи ихтитомия худдорӣ карда ва ба ин шакл, ба ҷиддитарин сурати мумкин эътирози худро ба бандҳои мазкур – ки бо ибтикори Арабистони Саудӣ гунҷонда шуда буд – эълом карданд.

Бо вуҷуди адами қироати баёнияи мазкур, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ки риёсати давраии ин созмонро бар ӯҳда дорад, дар суханронии худ дар маросими ихтитомия муддаъӣ шуд, ширкаткунандагон дар нишасти 13-уми Созмони Ҳамкорӣ, бо баёнияи поёнӣ мувофиқат кардаанд ва «умедворем ин баёния оғози хайр ва сулҳ барои ҳамаи кишварҳои узв бошад.»

Гуфтанист, саудиҳо чаҳор банд алайҳи Эрон ва Ҳизбуллоҳ — меҳвари аслии муқовимат дар Ховари Миёна муқобили теруризм — дар баёнияи расмии 13-умин давраи Иҷлоси Созмони Ҳамкории Исломӣ гунҷонда буданд; бандҳое, ки ба гуфтаи Сайидаббос Ироқчӣ, муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилали Вазорати умури хориҷаи Эрон, бо вуҷуди он ки бо мухолифати Эрон ва гурӯҳе аз кишварҳо ҳамроҳ шуда, аммо раиси ин давра аз иҷлос ва ҳамчунин кишварҳои ҳамроҳ бо Арабистон, ин баёнияро тасвибшуда қаламдод мекарданд.

Дар воқеъ, саудиҳо бо ҳазфи ғайриқонунии Эрон аз раванди танзими ин баёния, он чӣ қасд доштанд алайҳи Эрон ва ҳампаймононаш аз минбари Созмони Ҳамкории кишварҳои исломӣ хонда шавад, дар ин баёния қарор доданд ва шароитро ба гунае пеш бурданд, ки кор тамомшуда талаққӣ шавад ва дар Иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ, сирфан дар ростои ташрифоти қонунӣ, ин баёния қироат шавад.

Бо ин вуҷуд, мухолифати шадид ва қотеъи ҳайъати эронӣ, ба вижа шахси Руҳонӣ раисиҷумҳур ва вазири хориҷаи Эрон, корро барои саудиҳо ба гунае пеш бурд, ки ҳатто фурсати қироат ва интишори расмии мафодди ин баёнияро низ наёфтанд ва ба ин тартиб, Оли Сауд бо вуҷуди сарфи милёрдҳо дулор дар ростои харидани ҳамроҳии дигар кишварҳо, дар амал натавонист ба аҳдофи зидди эронии худ дар Иҷлоси Созмони Ҳамкорӣ даст пайдо кунад.

Мавориде, ки саудиҳо дар баёнияи ниҳоӣ гунҷонда ва қасди нишон додани ҳимояти аксарияти кишварҳои узв аз онро доштанд, аз ин қарор буд:

— маҳкумияти ҳамла ба сохтмони сафорат ва консулгари Арабистони Саудӣ дар Эрон;

— радди изҳороти мақомоти эронӣ ба вижа дар заминаи иҷрои аҳкоми қазоӣ алайҳи афроди муртакиби ҷароими теруристӣ дар Арабистони Саудӣ;

— маҳкумияти дахолатҳои Эрон (ба иддаъои Арабистон) дар умури дохилии Баҳрайн, Яман, Сурия ва Сумалӣ;

— маҳкумияти (иддаъоии) ҳимояти Эрон аз теруризм;

— робитаи Эрон бо кишварҳои ҳамсоя бояд бар асоси ҳусни ҳамҷиворӣ ва адами дахолат дар умури дохилии кишварҳои ҳамсоя ва эҳтиром ба ҳокимият ва истиқлоли кишварҳои ҳамсоя ва ҳалли ихтилофот аз тариқи роҳҳои мусолиматомез бошад;

— (тарҳи иддаъоии) теруристӣ хондани Ҳизбуллоҳ Лубнон.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: