Перейти к содержимому

Ҳамсар товони «ҷурми» шавҳарашро пасмедиҳад

Ба гузориши сойти Payom, Дилбар Гургова, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ба далели он ки фарзандонаш дар дарс ширкат накардаанд, ӯро зиндон ё ҷаримаи калон таҳдид мекунад.
Бар пояи ин гузориш, додситони ноҳияи Шоҳмансур нисбат ба Дилбар Гургова дар асоси «Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» парванда боз кардааст. Муфаттишони парванда гуфтаанд, ки хонум ҷаримаи калон месупорад ё дар сурати надоштани имкони пардохт ҳабс мешавад.

Тибқи ин гузориш, Дилбар Гургова, сокини шаҳри Душанбе, ҳамсари яке аз аъзои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини собиқи вазири дифоъи Тоҷикистон аст, ки чанде пеш дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфта буд, ки баъди боздошти шавҳараш дар ҳолати ногувор қарор гирифта, ҳатто ният дорад, фарзандони худро ба мактаб-интернатҳо бисупорад.

Хонум мегӯяд, аз як сӯ фишори иқтисодӣ ва аз сӯи дигар фишори равонӣ оилаашро азият медиҳад. Ин модар ба Президенти Тоҷикистон нома навишта буд, то иҷоза диҳад панҷ фарзанди ноболиғашро, ки писар ҳастанд дар хона-интернат қабул кунанд ва худаш бо духтарчаи ягонааш ба Русия ба муҳоҷират равад.

Ба қавли ӯ, пас аз боздошти шавҳараш зиндагии сангинеро пушти сар мекунад. Ӯ мегӯяд, моҳҳост, ки 5 фарзандаш танҳо бо чойу нон қаноат мекунанд.

Ӯ гуфтааст: «Ба Эмомалӣ Раҳмон нома фиристодам, ки ёрӣ кунад, то фарзандонро ба интернат супорам. Дигар шароити нигоҳубини онҳоро надорам. Фаррошӣ мекунам ва ҳар рӯз 10 сомонӣ маош медиҳанд, вале ҳамарӯза иҷорапулии хонаамон ба 16 сомонӣ баробар аст. Пулро ҷамъ карда, ҳаққи иҷораро диҳам ё бихӯрем?»

Ба қавли Дилбар, ӯ ва фарзандонаш таҳти фишори равонӣ қарор доранд. Бо далели он ки гӯё шавҳараш “терурист” бошад, аз ҷониби баъзе ҳамсояҳо ҳам худаш ва ҳам фарзандонаш ҳарфҳои пасту баланд мешунидаанд. Ӯ мегӯяд: “Чапгирӣ мекунанд, ки шавҳари ту ин хел одам аст гуфта. Кор кардан намегузоранд.”

Бар пояи гузориши Payom, акнун сарнавишти ин хонум дар элаки додситонӣ аст, ки чӣ хоҳад шуд. Шавҳари Дилбар Гургова, Амрулло Нуров, қаблан ба ҳайси ронанда кор карда, барои қисмҳои низомии вазорати дифоъ маҳсулоти ғизоӣ мекашондааст. Ӯ шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 барои бурда расондани одамони Ҳоҷӣ Ҳалим аз сӯи аъзои гурӯҳи ин генерали ошӯбгар даъват мешавад.

Ба гуфтаи Дилбар Гургова, шавҳараш даъвати одамони Ҳоҷӣ Ҳалимро ҳамчун корманди давлатӣ пазируфтааст, на ҳамчун генерали ошӯбгар. Ба гуфтаи Дилбар Гургова, «вақте шавҳарам фаҳмидаст, ки ин ҷанг зидди давлат аст, даст кашида ба хона омад. Гуфт, вазъият бад аст. Қумандонашон Садриддин Неъматов гуфтанӣ одам, 6-уми сентябр занг зад, ки таслим шаванд. Шавҳари ман ҳам рафта таслим шуд. Гуфт, ки агар медонист ин амалиёт зидди давлат аст, аслан намерафт

Акс аз пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: