Перейти к содержимому

Боздошти Қамариддин Афзалӣ дар Истанбули Туркия

Дақоиқе пеш, Темур Варқӣ, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, хабареро бо такя ба манобеи ҲНИТ эълом кард мабнӣ бар ин ки Қамариддин Афзалӣ, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, дирӯз бо дархости ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Туркия дастгир шудааст.

Бар мабнои ин хабар, Қамариддин Афзалӣ, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раиси шӯъбаи ин ҳизб дар вилояти Хатлон, дирӯз ҷумъа (15-уми апрели 2016) бо дархости ҳукумати Тоҷикистон, тавссути пулиси Туркия дар шаҳри Истанбул боздошт шуда, эҳтимоли истридоди вай ба Тоҷикистон, ки онҷо ӯро шиканҷа ва ҳабси тулонӣ интизор аст, вуҷуд дорад.

Бар асоси ин хабар, дахолати адвокатҳои мустақил ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои озод кардани оқои Афзалӣ то кунун натиҷае дар бар надоштааст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки масъулини ниҳоди интизомии кишвар мушаххасан номи Қамариддин Афзалиро аз ҷумлаи афроди матлуб аз сӯйи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда буданд.
Қамариддин Афзалӣ аз ҷумлаи масъулини аршади ҲНИТ мебошад, ки аз «шикори васеъ»-и мақомоти тоҷик алайҳи масъулини аршади ҳизб дар марказ ва маҳалҳо дар моҳи сентябри гузашта раҳо ёфта буд.

Бар асоси гузоришҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҳукумати ҶТ пас аз эълони поёни амалиёти хунини сентябри гузашта ҳудуди 200 аъзои баландпоя ва ҷонибдорони ҲНИТ-ро бо иттиҳоми беасоси ҳамдастӣ бо ҳодисаҳои маргбори сентябрӣ боздошт кард, ки мавриди интиқоди шадиди кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла ИМА ва Олмон ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ИА, САҲА ва ғайра қарор гирифт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: