Перейти к содержимому

Руҳонӣ: «Эрон ва Туркия бо исломҳаросӣ мубориза кунанд»

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин ки «бояд ислом барои ҷаҳониён дуруст муаррифӣ» шавад, гуфт: «Исломҳаросӣ як тавтиъаи саҳюнистӣ аст ва ду кишвари Эрон ва Туркия метавонанд бо муаррифии исломи раҳмонӣ ва исломи воқеӣ, бо исломҳаросӣ мубориза кунанд ва шароити муносибро барои тарвиҷи исломи воқеӣ фароҳам созанд

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раисиҷумҳури Эрон, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, имрӯз (16.04.2016) дар нишасти хабарии муштарак бо Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон дар Истанбул, бо баёни ин ки дар заминаи иқтисодӣ таъкид кардем, ки бояд ҳамкориҳоямонро ба унвони ду кишвари бародар беш аз гузашта иртиқо диҳем, тасреҳ кард: «Масъулони расонаҳои кишварҳои Эрон ва Туркия дар сатҳи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ масъулони бисёр муҳимме ҳастанд ва дар ҳоли ҳозир минтақаи мо бо масоили бузурге мувоҷеҳ аст, аз ҷумла теруризм ва мазҳабгароӣ ва мо тасмим гирифтем барои мубориза бо ин мушкилот ҳамроҳ бо ҳам тасмимгирӣ кунем ва кишварҳои мо барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар минтақа ба вижа дар Сурия ва Ироқ ҳатман бояд ҳамкорӣ дошта бошанд ва пешрав бошем ва дар ин замина бо оқои Руҳонӣ ба таври дуҷониба музокира кардем

Ардуғон гуфт: «Мо бар ин бовар ҳастем, ки иттихози мавозеъи мазҳабгароӣ дар минтақа ба нафъи ҳеч кас нахоҳад буд ва бар ин боварем, ки бояд аз ин мавозеъ дурӣ кунем ва таъкид дорем, ки танҳо роҳи мо иштирок дар иттиҳоди исломӣ аст

Вай, бо таъкид бар лузуми мубориза бо теруризм ва ин ки «дар мубориза бо теруризм ҳеч мусомиҳае нишон дода нахоҳад шуд» гуфт: «Ҳар ду кишвари Туркия ва Эрон бар ҳифзи тамомияти арзӣ ва иттиҳоди сиёсии кишварҳои минтақа ва дар раъс Сурия ва Ироқ иттифоқи назар доранд

Раисиҷумҳури Туркия хотирнишон кард: «Ҳар дуямон медонем, ки дар ин замина масъулиятҳои сангине бар дӯшамон аст ва иншоаллоҳ мо ҳамкориҳоямонро бар асоси ҳамин зеҳният идома хоҳем дод ва ман умедворам, сафари ҷаноби оқои Руҳонӣ ба Туркия, сабаби хайру баракат воқеъ шавад.»

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон низ дар суханони худ дар ин нишасти хабарӣ, гуфт: «Дар ин нишастҳо тасмим гирифтем, ки равобити ду кишварро дар тамоми заминаҳо тавсиъа диҳем. Иқтисоди Эрон ва Туркия мукаммили ҳамдигар ҳастанд. Дар солҳои гузашта қадамҳои хубе бардошта шуд, аммо ба хотири шароити таҳрим ва иқтисоди ҷаҳонӣ натавонистем гомҳои мавриди назарамонро бардорем

Руҳонӣ бо баёни ин ки масоили минтақаӣ яке дигар аз мавзӯъҳое буд, ки ҳам дар нишасти хусусӣ ва ҳам дар нишасти роҳбурдии ду тараф мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт, изҳор дошт: «Минтақаи мо бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ аст. Мардуми Яман бо кушторҳои бераҳмонае мувоҷеҳ ҳастанд, дар Сурия ноамнӣ ва кушта шудани инсонҳои бегуноҳ идома дорад, дар Ироқ суботи матлубро шоҳид нестем. Албатта дар дигар кишварҳои исломӣ ҳам мисли Афғонистон ва Покистон он суботи матлуб вуҷуд надорад, ки мо бояд ба ҳамаи ин кишварҳо барои суботи амният кӯмак кунем, зеро ин кӯмакҳо, ҳам вазифаи шаръӣ ва динии мо ва ҳам ба нафъи манофеъи ҷаҳони ислом, минтақа ва ду миллат хоҳад буд

Раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин ки бояд ислом барои ҷаҳониён дуруст муаррифӣ шавад, гуфт: «Исломҳаросӣ як тавтиъаи саҳюнистӣ аст ва ду кишвари Эрон ва Туркия метавонанд бо муаррифии исломи раҳмонӣ ва исломи воқеӣ, бо исломҳаросӣ мубориза кунанд ва шароити муносибро барои тарвиҷи исломи воқеӣ фароҳам созанд

Руҳонӣ дар поён хотирнишон кард: «Торих, дин, ҷуғрофиё ва ҳамсоягӣ ва манофеъи муштараки мо аз мо мехоҳад, ки рӯз ба рӯз равобити ду кишварро ба нуқтаи матлуб бирасонем, ки яке аз он нуқоти матлуб он аст, ки равобити тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишварро ба марзи 30 милёрд дулор бирасонем, ба ҳиммати ҳамдигар ин кор шуданӣ аст ва хоҳад шуд

Тасовире аз ин дидор:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: