Перейти к содержимому

Эътирозоти густардаи мисриҳо ба вогузории ду ҷазира ба Арабистон (филм ва тасовир)

Мардуми шаҳрҳои мухталифи Миср, дирӯз (ҷумъа 15.04.2016) дар эътироз ба бахшидани ду ҷазираи мисрӣ ба Арабистони Саудӣ, ба хиёбонҳо омаданд.

Мардуми устонҳои Қоҳира, Алҷиза, Албаҳира, Ашшарқия, Искандария ва ғайра, дирӯз пас аз намози ҷумъа, ба хиёбонҳо омаданд ва ба хотири вогузории ду ҷазираи «Тирон» ва «Санофир» ба Арабистони Саудӣ, эътироз карданд.

Дар ин эътирозот, ки дар даҳҳо шаҳр ва манотиқи мухталифи пойтахти Миср анҷом гирифт, маҷмӯъан 67 нафар боздошт шуданд.

Мӯътаризон ба вогузории ҷазоири «Тирон» ва «Санофир» ба Арабистони Саудӣ, шиор медоданд: «Замин ба манзилаи обрӯ» ва хостори барканории Абдулфаттоҳ Ассисӣ буданд.

Дар сафари Малик Салмон, подшоҳи Саудӣ ба Миср, давлати ин кишвар эълом кард, ки ҷазоири «Тирон» ва «Санофир» дар баҳри Сурх ва халиҷи Ақабаро ба Арабистон додааст.

Ба навиштаи пойгоҳи хабарии Расад, дар ин эътирозот нерӯҳои амниятӣ ва мӯътаризон бо якдигар даргир шудаанд ва дар шаҳрҳои мухталиф нерӯҳои амниятӣ бо гози ашковар ба мардум ҳамла карданд.

Ҷунбишҳои мухталифи мардумӣ дар Миср ба хусус «Ҷунбиши 6 апрел» ва Ихвонул-муслимин нисбат ба вогузории ин ду ҷазираи стратегӣ ба Арабистон мӯътариз ҳастанд.

Ҳизби салафии Нур аммо эълом кардааст, ки аз ин тазоҳурот ҳимоят намекунад.

Филм ва тасовир:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: