Оё медонед?

Ба баҳонаи Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Оё медонед, то ҳудуди 70 сол пеш, дар нақшаи ҷаҳон, давлате ба номи «Исроил» вуҷуд надошт ва ин давлати ҷаълӣ соли 1948 дар сарзамини Фаластин таъсис шудааст?

Оё медонед, дар Фаластин, то замони таъсиси давлати ҷаълии «Исроил» мусалмонон, масеҳиҳо ва яҳудиҳои аслии сокини ин сарзамин бо ҳам зиндагии мусолиматомез доштанд?

Оё медонед, аксари сокинони кунунии давлати ҷаълии «Исроил» яҳудиҳои фаластинӣ нестанд, балки аз Урупо, Омрико, Русия ва соири кишварҳои дунё ба ин сарзамин «ташриф» оварданд ва бо рондани милюнҳо нафар аз сокинони аслии ин сарзамин аз хона ва кошонаҳояшон, ҷойи онҳо ва манозили онҳоро ғасб ва тасоҳуб карданд? Ва дар натиҷа, имрӯза беш аз 10 милюн фаластинӣ (аъамм аз мусалмон ва масеҳӣ) дар кишварҳое чун Ӯрдун, Сурия, Лубнон, Миср ва ҳамчунин кишварҳои урупоӣ ва Омрико ва соири кишварҳои ҷаҳон пароканда ҳастанд?

Шояд дар торихи башар, ҳеч миллате ба андозаи миллати Фаластин мазлум ва ситамдида воқеъ нашуда бошад. Ин миллати мазлум ҳудуди 70 сол аст, ки барои бозпасгирии сарзаминҳои ғасбшудаи худ мубориза мекунад ва хаста нашудааст; бо вуҷуди он ки ҳамаи кишварҳое, ки дам аз ҳуқуқи башар мезананд ба хусус кишварҳои урупоӣ, бар фаластиниҳо пушт карда ва ҳамвора дар маҷомеи байналмилалӣ дар канори ғосиб ва алайҳи мазлум мавзеъ мегиранд. Ва бадтар аз он, на танҳо онҳо, ки ҳатто кишварҳои исломӣ ва арабӣ ҳам фаластиниҳоро фаромӯш кардаанд. Аммо фаластинӣ хаста нашудааст, ӯ ҳанӯз дар даст силоҳ дорад ва ба худ ноумедӣ роҳ намедиҳад.

* * *

Ин сарзамини муқаддас то ҳудуди 100 сол пеш таҳти ҳокимияти хилофати Усмонӣ қарор дошт, то ин ки аз сӯйи истеъмори Бритониё дар ҷанги ҷаҳонии аввал ишғол ва заминаи ташкили давлати саҳюнистӣ фароҳам шуд.

Ба ривояти торих, дар соли 1876 Султони Усмонӣ дар посух ба дархости хохом Ҷузеф Нонтунак барои иҷоза барои сокин кардани муҳоҷирони яҳудӣ аз дигар кишварҳо дар Фаластин, зимни манъи муҳоҷират ба ин сарзамин, дар бораи ҳузури яҳудиёни ғайри фаластинӣ дар ин минтақа ҳушдор дод. Бо ин вуҷуд дар соли 1882 шумори чашмгире аз яҳудиён шурӯъ ба ҳиҷрат ба сарзамини муқаддас карданд ва санги бинои режими саҳюнистиро гузоштанд.

Чунон ки дар боло ёдовар шудем, дар замони ҳокимияти Усмониҳо дар Фаластин, сокинони ин сарзамини муқаддас — аз мусалмон, масеҳӣ ва яҳудӣ — бо ҳам зиндагии мусолиматомез доштанд.

Дар зайл тасовире аз Байтулмуқаддаси замони ҳукумати Усмониҳоро меоварем. Ин тасовир тавассути як аккоси фаронсавӣ дар соли 1900 гирифта шудааст:

Реклама


Рубрики:Торих

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: