Перейти к содержимому

«Бояд»-ҳои опозисиюни тоҷик дар марҳилаи кунунӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

imageИмрӯз опозисиюни Тоҷикистонро чӣ касоне ташкил медиҳанд? Оё мунсаҷим ва ҳамоҳанганд, ё мутафарриқ ва пароканда? Аҳдофи онҳо чист? Оё тарҳе мушаххас ва амалиётӣ дар барномаи кории онҳо дида мешавад, ё ҳарчи аз онҳо дар ин росто ба чашм мехӯрад, фақат фаъолиятҳои маҷозии онҳост? Ва бар фарз, агар тарҳе ҷойгузин барои Тоҷикистон доранд, он тарҳ кадом аст? Оё ин тарҳ шомили тағйири сохтори сиёсии мавҷуд дар Тоҷикистон мешавад, ки бо «инқилоб» мехоҳанд сохтори мавҷудро тағйир ва низоми дигареро рӯйи кор биёваранд, ва ё на, мушкиле бо сохтори мавҷуд надоранд, балки мушкили онҳо фақат афрод аст, яъне ҳукумати кунунӣ?

Инҳо ва як силсила пурсишҳои дигар, масоиле аст, ки ба назарам, ҳанӯз ҷомеаи Тоҷикистон барои онҳо посухе мушаххас ва равшан пайдо накарда ва ё лоақал ба дунболи посухёбӣ ба онҳост, ки бе тардид, додани посух ба ин пурсишҳо, бар ӯҳдаи касе ҷуз худи опозисиюн нест.

Ҳол, пеш аз ҳама, лозим аст нигоҳе ба опозисиюни кунунӣ – ва дурусттараш, аҳзоб ва гурӯҳҳое, ки худро мухолиф мешуморанд – биандозем, сипас ба масоили дигар хоҳем пардохт.

Опозисиюни имрӯзи тоҷик

Гузашта аз баъзе афрод ва шахсиятҳои таъсиргузор, имрӯза умдаи мухолифони тоҷикро аҳзоб ва гурӯҳҳои зерин ташкил медиҳанд:

1. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: Сарони боқимондаи ин ҳизб пас аз ҳаводиси сентябри соли гузашта ва мамнӯъ ва «теруристӣ» эълон шудан аз сӯйи ҳукумати кунунӣ, ба берун аз қаламрави Тоҷикистон мунтақил шуданд, ва феълан умдаи фаъолиятҳои онон (лоақал ончӣ аз онҳо ба чашм мехӯрад) дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва низ аз тариқи шабакаи моҳвораӣ (CATV) табалвур ёфтааст;

2. Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон: Ин анҷуман, ки раҳбарии онро Додоҷон Атовуллоев, сиёсатмадор ва рӯзномагори собиқ бар ӯҳда дорад, як ниҳоди сиёсии муташаккил аз чанд гурӯҳ (аз ҷумла «Гурӯҳи 24») ва шуморе аз шахсиятҳост, ки бештарин фаъолиятҳои ин созмон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутармаркиз аст. Гуфта мешавад, нахуствазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов низ бо ин созмон ҳамоҳанг аст;

3. Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон: Ин ҳизби сиёсӣ, ки раҳбараш Раҳматулло Зоиров аст, як ҳизби расмӣ дар дохили Тоҷикистон мебошад ва худро ҳизбе мухолиф мешуморад.

Илова бар ин се ҳизб, ҳамчунин гурӯҳе аз ҷавонон, ки худро «Гурӯҳи 24» медонанд ва аз Анҷмунаи нерӯҳои созандаи Тоҷикистон муншақ шудаанд ва раҳбарии онро Сӯҳроби Зафар бар ӯҳда дорад-ро низ метавон аз гурӯҳҳои фаъол (лоақал дар фазои маҷозӣ) шумурд.

Ба ҷуз инҳо, бақияи аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии тоҷик ҳатто Ҳизби кумунист ва Ҳизби сусиёлист ва кишоварзӣ ва ғайраро, наметавон ҳизби мухолиф ва опозисиюн маҳсуб кард ва балки инҳо аҳзоби мутамойил ба ҳукумати феълӣ ҳастанд. Ҳизби демукрот ҳам, ки имрӯза ҷуз номаш дигар чизе аз он боқӣ намонда, магар он ки раҳбари зиндониаш сару сомоне ба он бидиҳад ва муҷаддадан ибрози андом кунад.

* * *

Пас, баҳси мо дар ин навиштор, дар бораи се ҳизб ва созмони фавқуззикр — ба унвони гурӯҳҳои опозисиюн – хоҳад буд, ки барномаҳои онҳо кадом аст?

Он чӣ аз ҳарфу ҳадисҳо ва изҳори назарҳои ҳаводорони аҳзоби мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва аҳёнан мусоҳибаҳои раҳбарони онҳо дар расонаҳо ба даст меояд, ин аст, ки дар барномаи онҳо, тарҳе ба номи «инқилоб» дар Тоҷикистон – инқилоб ба маънои воқеии он – мадди назар нест, бо ин ки вожаи «инқилоб» аз забони ҳаводоронашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр ба чашм мехӯрад. Ва шояд манзурашон аз «инқилоб» чизе дигар бошад (на инқилоб ба маънои воқеиаш), чунон ки аз Ойинномаи Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ба назар мерасад, ки аҳдоф ва барномаҳои худро ба сурате возеҳ ва равшан баён доштааст.

Зеро, инқилоб ба маънои дурусти он, ҳаракате фарогир бо ҳадафи тағйири сохтори сиёсии як ҷомеа аст. Яъне, шумо бо инқилоб мехоҳед як низоми сиёсиро – қатъи назар аз афроде, ки дар раъси давлати он қарор доранд – тағйир ва дигаргун карда, ба ҷояш сохтор ва низоме дигар биёваред, ки шомили тағйири Қонуни Асосӣ мебошад; назири он чӣ сад соли пеш дар Русия иттифоқ уфтод, ки ба Инқилоби Октябр маъруф аст.

Инки арз мекунам опозисиюни кунунӣ (се гурӯҳи фавқуззикр) ба дунболи инчунин инқилобе нестанд, ба ин хотир аст, ки инқилоб ба ин маъно, муқаддамоте дорад, ки ҳеч як аз аҳзоби мазкур на муддаъии он ҳастанд ва на ин муқаддамот дар барномаҳои онҳо ба чашм мехӯрад. Зеро дар якчунин инқилобҳое назарияпардозон ва поягузорони он, тарҳе фарогир ва шомил дар ҳамаи абъоди зиндагӣ доранд — аз навъи ҷаҳонбинӣ дар бораи ҳастӣ ва ҷаҳон гирифта то тарҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ҳатто фарҳангии ҷойгузин — ва дар қадами аввал ва пеш аз ҳар гуна таҳарруки майдонӣ, ҷомеаро бо ин омӯзаҳо ва аҳдоф ва барномаҳо ошно ва ба он мӯътақид месозанд.

Бинобар ин, манзури опозисиюни тоҷик аз «инқилоб», қатъан тағйири сохтори мавҷуди феълӣ ва ин чизҳо, ки арз шуд нест, балки хостгоҳи онҳо зоҳиран ин аст, ки ҳокими кунунӣ (раисиҷумҳур) ва ҳукуматаш, дар иҷрои қонун (ҳамин қонуне, ки феълан ҳоким аст) кӯтоҳӣ мекунанд ва пойбанди қонун нестанд. Балки ҷомеа тибқи хост ва иродаи як шахс идора мешавад, шахси Эмомалӣ Раҳмон, ва ин ба маслиҳати Тоҷикистон ва ҷомеаи он нест ва бояд вазъият тағйир ёбад.

Ва тамоми мушкил ҳам, дар адами иҷрои қонун дар кишвари мо ва адами пойбандии мақомот ба он аст. Зеро сохтори сиёсии Тоҷикистон (яъне, давлати демукротик, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ) ва Қонуни Асосии кишвар агар ба он дуруст амал бишавад ва муҷриёни қонун ба он пойбанд бошанд, агарчи идеол нест, вале қонуни баде ҳам нест; албатта ба истиснои як саре аз тағйиру иловаҳое, ки дар як даҳаи ахир пушти сари ҳам ба ин қонун ворид мешуданд, ки қобили ислоҳанд. Ва аз мафҳуми «дунявӣ» ҳам, мақомот ва дастгоҳҳои давлатӣ ва ҳатто шахси раисиҷумҳур, тасаввуре бисёр ғалат ва пуриштибоҳе дар сар доранд, ки баҳсаш ҷудост.

Пас, хулоса ин шуд, ки мушкили опозисиюни тоҷик сохтори сиёсии мавҷуд нест, балки ҷойгузин кардани ҳукумати кунунӣ ба ҳукумате қонунмадор ва бинои як ҷомеаи воқеан демукротик ва пойбанд ба арзишҳои инсонӣ дар чорчӯби ҳамин қонун аст. Ва ранҷи онҳо аз қонуншиканиҳо ва худкомагиҳои мақомот ва шахси раисиҷумҳури кишвар аст, ки тоза, бо ворид шудани тағйири ахир дар Қонуни Асосӣ ва эътои унвони «Пешвои миллат», ба як подшоҳ ва султони ба тамоми маъно табдил хоҳад шуд.

* * *

Нуктаи дигар он ки: агар ҳадафи опозисиюн чунон ки арз шуд, на тағйири сохтори сиёсӣ, балки ҷойгузин кардани ҳукумати феълӣ ва бинои ҷомеаи воқеан демукротик ва пойбанд ба қонун аст, таҳқиқи ин муҳим низ ниёз ба як саре «бояд»-ҳо дорад, ки лозим аст опозисиюн мутаваҷҷеҳи он бошад.

Тавзеҳ он ки: имрӯз аксари мардуми Тоҷикистон ба хусус нухбаҳои тоҷик, ба ҳамон андоза аз дасти ҳукумати кунунӣ нороҳат ва безоранд, ки опозисиюн безор ва нороҳат аст ва онҳо эҳсос мекунанд, бояд вазъ тағйир ёбад, аммо то замоне ки ҷойгузине беҳтар аз он чӣ ки ҳаст-ро набинанд, ҳаргиз ҳозир нестанд вазъи мавҷуд ва ҳолӣ тағйир ёбад. Ин як воқеият аст, ки бояд бипазирем.

Ба сухани дигар, мардум қабул доранд, ки кишвар домангири бӯҳронҳои мутаъаддиди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ғайра аст ва бедод мекунад ва бояд ин вазъ тағйир пайдо кунад. Ва ҳатто агар ифшогариҳои фаъолони опозисиюн аз зулмҳо ва ситамҳо ва ноадолатиҳои ҳукумати феълӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам набуд, боз аз безорӣ ва нороҳатии мардум чизе коста намешуд; зеро ба вузуҳ онро дар зиндагӣ ва дар воқеият ламс мекунанд. Аммо бо ин вуҷуд, чаро эҳсос мешавад, ки бетафовутанд? Сабабаш дар он аст, ки мардум ҳанӯз ҷойгузине беҳтар аз он чӣ ҳаст-ро эҳсос намекунанд ва мутмаин нестанд, ки бо тағйири ҳукумати кунунӣ, ҳукумате беҳтар аз он, ки дар зиндагии онҳо тағйир эҷод кунад биёяд.

Бинобар ин, бар ӯҳдаи опозисиюн аст ва ин вазифаи ӯст, ки барои ҷомеа собит кунад, барномаи ӯ на танҳо метавонад ҷойгузини вазъи феълӣ бошад, балки кишварро аз ин бӯҳронҳо наҷот хоҳад дод. Ва ин имконпазир нест, магар дар сурате ки опозисиюн ба як силсила «бояд»-ҳо таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки дар зайл ба порае аз онҳо ишора хоҳад шуд:

1. Яке аз муҳимтарин «бояд»-ҳои опозисиюн дар марҳилаи кунунӣ ин аст, ки дар канори интиқод аз сиёсатҳои ҳукумат, бояд барномаи бадил ва ҷойгузини худро ироа кунад. Шумо ҳар миқдор ҳам, ки бигӯед, Раҳмон ва тимаш ба ин далелу он далел бад ҳастанд ва кишварро ба нобудӣ мекашонанд, шунаванда пас аз шунидани ҳарфҳои шумо билохира аз шумо хоҳад пурсид, ки ҳоло ки чунин аст ва ман ҳам қабул дорам, пас роҳи чора чист ва чӣ бояд кард? Муҳимтарин вазифаи опозисиюн, посух ба ҳамин пурсиши «чӣ бояд кард?» аст. Бо интиқод ва ифшосозиҳо, ки қазия ҳаллу фасл намешавад. Интиқод ва ифшосозиҳо танҳо чизе ки метавонад бикунад ин аст, ки дар дили тараф нафрат ва эҳсоси инзиҷор эҷод мекунад ва лоғайр. Ӯ аз шумо тарҳ ва барномаи бадил ва ҷойгузин ва низ роҳкорҳои иҷрои онро мехоҳад.

Ва ин муҳим имконпазир нахоҳад буд, магар бо шарик сохтани коршиносони иқтисодӣ ва сиёсӣ ва фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, ки опозисиюн бояд аз онҳо даъват ба амал оварад ва онҳо назар бидиҳанд.

Албатта, аз коршиносон ва иқтисоддонҳо ва ҳуқуқшиносони тоҷик, ки аз вазъи мавҷуд розӣ нестанд ва хостори эҷоди дигаргунӣ мебошанд, тақозо мешавад ба ҷойи он ки фақат аз дур тамошобини саҳна бошанд, вориди майдон шаванд ва дар канори опозисиюн қарор бигиранд. Қарор нест аз осмон чизе фуруд ояд ва вазъро барои мо тағйир бидиҳад, мо бояд худамон даст ба кор шавем.

Хулоса, опозисиюн имрӯз вазифа дорад, барномаҳо ва тарҳҳои бадил ва ҷойгузини худро дар тамомии соҳаҳо, аз иқтисод, фарҳанг, омӯзишу парвариш, сиёсати хориҷа, иҷтимоъ ва ғайра, ироа кунад ва мардумро мутмаин созад, ки фақат ҳарф намезанад, балки барнома дорад.

2. Яке дигар аз «бояд»-ҳои опозисиюн дар марҳилаи кунунӣ, исботи худ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. То замоне ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусус Иттиҳодияи Урупо ва Омрико ва Русия ва кишварҳои таъсиргузор, дар чеҳраи опозисиюн ҷиддият ламс накунанд ва ӯро алтернативи ҳукумати феълӣ набинанд, ҳаргиз ҳозир ба қабули тағйири вазъи мавҷуд нахоҳанд буд. Барои онҳо, Тоҷикистони босубот ҳарчанд бо вуҷуди Раҳмон ва дору дастааш, муҳимтар аз ҳама чиз аст. Имрӯзҳо чунин эҳсос мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгузини Раҳмон ва тими ӯ дар Тоҷикистонро, ҷуз ҳарҷу марҷ ва рӯйи кор омадани гурӯҳҳои теруристӣ ва ифротгаро дар кишвари мо намебинанд. Бояд ин зеҳният дигаргун ва тағйир ёбад. Зеро опозисиюни тоҷик ба хусус ҲНИТ ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, гурӯҳе теруристӣ ва ифротгаро нестанд. Аммо инро бояд собит кард барои ҷомеаи ҷаҳонӣ. Ва ин кор имконпазир нест, магар бо ройзаниҳое аз тарафи ин ду ҳизб ва гурӯҳ бо афроди таъсиргузор дар он кишварҳо ва суханрониҳо дар телевизиюнҳои онон ва бо навиштани мақолот дар рӯзномаҳо ва нашрияҳои мӯътабари ҷаҳонӣ.

Яке аз мавориде, ки ин зеҳнияти манфиро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият мекунад, изҳори назарҳо ва мавзеъгириҳои ифротгароёна ва беҷои баъзе аз ҷавонони вобаста ба аҳзоб ва гурӯҳҳои опозисиюни тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Мо набояд фикр кунем, ҳар он чӣ аз сӯйи мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мешавад, аз назари дигарон мағфул аст. Имрӯза агар Иттиҳодияи Урупо бихоҳад бо ҲНИТ масалан ошно шавад, ба диққат ҳамаи изҳори назарҳое, ки ҳаводорони ин ҳизб дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мекунанд, мурур мекунад. Баъзеҳо ба вузуҳ аз теруристҳо ва гурӯҳҳои тундрав мисли ДОЪИШ ва Алқоъида ва амсоли онҳо дифоъ мекунанд. Агар ин азизон воқеан ҳаводори ДОЪИШ ҳастанд, пас бояд фотеҳаи опозисиюни тоҷикро хонд.

Яъне, он чӣ арз кардам, фақат як истротежӣ нест, ки феълан бояд чунин мавзеъ бигирем, то касе моро «терурист» ва ифротӣ нахонад, вале дар воқеъ ҳаводори амсоли ДОЪИШ бошем. Ҳаргиз! Балки барои опозисиюни тоҷик ин бояд як ҳадаф бошад, ки намехоҳад дар Тоҷикистон теруризм ва ифротгароӣ арзи андом кунад.

3. «Бояд»-и муҳимми дигари опозисиюни тоҷик, эҷоди як эътилофи фарогир аст. Ва бо камоли таъассуф, ин эътилоф ҳанӯз ба вуҷуд наомадааст.

4. «Бояд»-и чаҳоруми опозисиюни тоҷик он аст, ки робита ва таъомули худ бо кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои таъсиргузор дар минтақа ба хусус дар Осиёи Миёнаро ба ҳеч ваҷҳ тира насозад ва онҳо эҳсос накунанд, ҷойгузини ҳукумати феълӣ дар Тоҷикистон, теруризм ва ифротгароӣ аст.

5. «Бояд»-и панҷуми опозисиюни тоҷик, шарик сохтани дигарандешон ва ақаллиятҳо дар Тоҷикистон дар пайкори худ аст. Мо, чӣ бихоҳем ва чӣ нахоҳем, дар Тоҷикистон афрод ва гурӯҳҳое мухталиф зиндагӣ мекунанд; мухталиф дар ақида ва андеша, мухталиф дар раъй ва нигоҳ. Онҳо на танҳо бояд эҳсоси ваҳшат накунанд, балки худро шарики опозисиюн дар оянда бидонанд.

Агар имрӯз як нафар дигарандеш изҳори назарҳо ва мавозеъи тунди баъзе аз ҷавонони мухолиф ва опозисиюнро дар масоили динӣ, дар масоили сару либос ва соири масоили иҷтимоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бихонад, эҳсос мекунад, опозисиюн мехоҳад як низоми динӣ ва сахтгиронаеро дар Тоҷикистон барпо намояд.

Як силсила «бояд»-ҳои дигаре ҳам ҳаст, ки дигар фурсате барои тарҳи онҳо нест, иншоаллоҳ дар як замони дигар баён хоҳам кард.

Ба ҳар сурат, ин масоил дидгоҳи шахсии роқими сутур буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: