Перейти к содержимому

Арабистон ба дунболи эътилоф бо Русия

Таҳлиле дар нашрияи Financial Times

Қудрат, ғолибан амалгароиро ба ҳамроҳ меоварад ва мӯҷиби дӯстиҳои ғариб байни душманони қасамхӯрда мешавад; иттифоқе, ки пас аз қудрат гирифтани Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ, бо додани ихтиёроти густарда ба Муҳаммад бен Салмон дар мақоми ҷонишини валиаҳд рух додааст.

Дар низоме, ки ҳамеша дар пайи эҷоди як таъодули дақиқ миёни ҷиноҳҳои бонуфуз дар Оли Сауд будааст, шоҳзода Муҳаммад бен Салмон қудрати шигифтовар ба даст овардааст. Муҳаммад бен Салмон дар хонадоне, ки дар тасаллути ҳафтодсолаҳо ва ҳаштодсолаҳо будааст, бо 30 сол син, вазири дифоъи Арабистон ва фарди меҳварии иқтисод ва нафти он шибҳиҷазира аст.

Сиёсатҳои хориҷӣ ва дифоъии ӯ дар нахустин соли қудратгириаш ба таври хулоса чунин аст: ҷанги ҳавоӣ таҳти раҳбарии саудиҳо алайҳи Яман; афзоиши ҳимоят аз шӯришиён дар ҷанг алайҳи Башшор Асад дар Сурия, ки мавриди ҳимояти Эрон, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Русия қарор дорад; қатъи равобити диплумотик бо Теҳрон ва маҳдуд кардани равобит бо муттаҳиди сиёсӣ, низомӣ ва расонаияш дар Лубнон.

Он чӣ ки дар ин муддат мумкин аст аз назар бигузарад, эҷоди равобити ҳасана миёни подшоҳии саудӣ ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия — муттаҳиди Эрон, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Асад аст, ки Риёз аз ҳамаи онҳо нафрат дорад.

Эътилофҳои нохоста амри тозае дар Ховари Миёна нестанд. Аммо авзоъ ба сатҳи ғайри маъмул аз душмании хушунатбор дар ҷанги ниёбатӣ миёни Арабистон ва Эрон дар саросари минтақа расидааст. Пурсиш ин аст, ки Арабистон аз эътилоф бо Русия ба дунболи чист?

Риёз нишонаҳое ҳокӣ аз ақиб кашидан аз ҷанги Яман нишон медиҳад. Мақомоти саудӣ мегӯянд, таҳдиди мушакӣ алайҳи Арабистон аз сӯйи Яманро нобуд кардаанд. Аз манзари бисёре, Муҳаммад бен Салмон луқмае бузургтар аз даҳонаш бардошта буд. Бо вуҷуди иддаъоҳое мабнӣ бар ташкили як эътилофи низомии муташаккил аз беш аз 30 кишвар барои муқобила бо Эрон, аммо Миср ва Покистон, ки бузургтарин артишҳои минтақаро дар ихтиёр доранд, ҳозир нашуданд нерӯи заминӣ дар ихтиёри ҷанги ҳавоии Арабистон қарор диҳанд. Таҳдиди Арабистон ба истиқрори нерӯи заминӣ дар Сурия ҳам тухолӣ аз об даромад.

Лағви кӯмаки се милёрд дулории саудиҳо ба артиши Лубнон

Қатъи равобит бо Теҳрон ва таваққуфи кӯмакҳои молӣ ба Лубнон, ба дунболи ҷанҷолҳои ношӣ аз эъдоми Шайх ан-Намир дар Арабистон ва ҳамла ба сафорат ва консулгарии Арабистон дар Теҳрон ва Машҳад иттифоқ афтод. Вазири хориҷаи Лубнон, ки як масеҳии наздик ба Ҳизбуллоҳ аст, ҳамла ба амокини диплумотики Арабистон дар Эронро маҳкум накард. Саудиҳо ҳам бо қатъи кӯмаки се милёрд дулорӣ ба артиши Лубнон, пардохтҳо ба муттаҳидони маҳаллӣ ва расонаии вобастаро қатъ карда ва дафтари шабакаи телевизиюнии Алъарабия дар Бейрут, ки мутаъаллиқ ба Оли Сауд аст-ро бастанд.

Дар айни ҳол, шоҳзода Муҳаммад бен Салмон равобитеро бо Путин шакл дод, ки мақомоти араб онро «коромад ва муҳтавоӣ» тавсиф мекунанд; иртиботе, ки вазъияти Сурия, хариди эҳтимолии силоҳ аз Русия ва сармоягузорӣ дар он кишвар ва талошҳои муштарак барои тасбити баҳои нафт бо маҳдуд кардани сақфи тавлидро дарбар мегирад.

Дар Сурия, ихтилофи ҷиддӣ бар сари ояндаи Асад монеъе муҳим дар музокироти сулҳ таҳти раҳбарии Омрико ва Русия будааст. Аммо як мақоми араби наздик ба шоҳзода Муҳаммад бен Салмон мегӯяд: «Вақте вазири дифоъи Арабистон бо Путин дар моҳи октябр дар Сочӣ мулоқот кард, ба ӯ гуфт: «Барои мо Асад аҳаммияте надорад, барои мо Эрон муҳим аст.» Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, пас аз ин дидор гуфта буд: «Мо дар ҳоли ҳозир дар бораи чигунагии ҳаракат дар роҳи расидан ба як роҳи ҳалли сиёсӣ диди равшантаре дорем

Албатта, ҳанӯз роҳи ҳалле дар музокироти ҳафтаи оянда дар Женев вуҷуд надорад. Бо вуҷуди хуруҷи маҳдуди нерӯҳои Русия аз Сурия, нерӯҳои Асад дар мавзеъи таҳоҷумӣ дар баробари нерӯҳои мавриди ҳимояти саудиҳо ва ДОЪИШ қарор доранд ва аз ҳамин рӯ, шаҳри Полмироро пасгирифтанд.

Баъзе манобеъи араб мегӯянд, раҳбари Русия сиёсати ҷадидаш дар Сурияро ҳатто пеш аз ин ки бо Асад дар миён бигузорад, ба иттилоъи шоҳзода Бен Салмон расонда буд.

Гарм шудани равобити Арабистон, муттаҳиди наздики Омрико, тайи ҳафтод соли гузашта бо Русия, нишонгари коҳиши нуфузи минтақаии Омрико дар Ховари Миёна аст. Саудиҳо ба дунболи тавофуқи ҳастаии Омрико бо Эрон ва мудохилаи низомии Русия дар Сурия, ба назар мерасад бо бовар ба ин ки Русия метавонад бар рафтори Эрон асар бигузорад, бо Маскав шурӯъ ба ҳамкорӣ кардаанд. Сурия саҳнаи даъвоҳои кунунии Ховари Миёна аст.

Financial Times

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: