Перейти к содержимому

Алқоъида ва ДОЪИШ дар Либӣ ба ҷони ҳам афтоданд

Нерӯҳои як гурӯҳи вобаста ба Алқоъида, аз ихроҷи аносури гурӯҳи теруристии ДОЪИШ аз шаҳри Дарна воқеъ дар шарқи Либӣ хабар доданд.

Ба гузориши ВВС, ташкилоте мавсум ба «Маҷлиси Шӯрои муҷоҳидони Дарна» вобаста ба гурӯҳи теруристии Алқоъида, аз ихроҷи аносури гурӯҳи теруристии ДОЪИШ аз шаҳри Дарна воқеъ дар шарқи Либӣ хабар дод.

Бар пояи ин гузориш, Ҳофиз Забаъ, сухангӯи шӯрои ёдшуда гуфт, тамоми аносури ДОЪИШ аз Дарна хориҷ шудаанд. Ташкилоти мавсум ба «Маҷлиси Шӯрои муҷоҳидони Дарна» аз гурӯҳе аз аносури мусаллаҳи маҳаллӣ ва вобаста ба Алқоъида ташкил шудааст.

Забаъ афзуд: «Зиндони ин шаҳр, ки теъдоде аз афроди машкуки вобаста ба ДОЪИШ-ро дар худ дошт, гулӯлаборон шуда ва бархе зиндониён фирор карданд, аммо баъдан дастгир шуданд

Бар пояи ин гузориш, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз чаҳоршанбеи гузашта тасовиреро мунташир кардаанд, ки сокинони ин шаҳри соҳилиро дар ҳоли ҷашн гирифтан нишон медиҳанд.

Яке аз сокинони ин шаҳр дирӯз (панҷшанбе) гуфт: «Имрӯз ҳама чиз ором аст. Зиндагии табиӣ дар ҷараён аст ва танҳо мушкил ин аст, ки бонкҳо пул надоранд

Вай афзуд: «Рӯзи чаҳоршанбе авзоъ ба шиддат муташанниҷ буд. Он рӯз аносури Маҷлиси Шӯро бо аносури ДОЪИШ даргир буданд ва шаҳр ҳам бомбборон мешуд. Аммо имрӯз контроли шаҳр дар дасти аносури Маҷлиси Шӯрост

Дарна конуни даргирӣ байни се гурӯҳ шомили гурӯҳи теруристии ДОЪИШ, Маҷлиси Шӯро ва нерӯҳои давлати мустақар дар шарқи Либӣ буд.

Аз соли 2014 ду давлати рақиб бар Либӣ ҳукумат мекунанд; мақарри яке аз онҳо дар Тарблус аст ва дигаре дар Тибриқ дар шарқи кишвар.

Давлати ваҳдати милли Либӣ, ки бо миёнҷигарии Созмони Милал шакл гирифтааст, саъй мекунад сулҳро ба ин кишвар, ки аз замони суқути низоми Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 дастхуши ошӯб ва даргирӣ аст, баргардонад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: