Перейти к содержимому

Эҳтимоли маҳкумияти Арабистон ба хотири ҳамалоти теруристии 11 сентябр

Бо эъломи ҳимояти раҳбарон ва намояндагони Кунграи Омрико аз лоиҳаи «Адолат барои қурбониёни ҳаводиси теруристӣ», ки дар он сухан аз дахолати Арабистони Саудӣ дар ҳодисаи 11 сентябр меравад, эҳтимоли ба тасвиб расидани ин лоиҳа дар Кунграи Омрико қуввати бештаре гирифтааст.

Нонси Пелусӣ (Nancy Pelosi), раҳбари Ҳизби демукрот дар Маҷлиси намояндагони Омрико, ба дунболи қувват ёфтани эҳтимоли тасвиб шудани лоиҳаи «Адолат барои қурбониёни ҳаводиси теруристӣ», дар нишасти ҳафтагии рӯзи ҷумъа дар ҷамъи расонаҳо, ҳимояти Ҳизби демукротро аз ин лоиҳа эълом дошт.

Лоиҳаи «Адолат барои қурбониёни ҳаводиси теруристӣ», ки тавассути Ҷон Курнин (John Cornyn), сенотури ҷумҳурихоҳ, ба Маҷлиси сенои Омрико тақдим шуд, мавриди ҳимояти шумори зиёде аз намояндагон ва сенотурҳои пурнуфузи Кунграи Омрико қарор гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки Борок Убомо, ки дирӯз дар Риёз қарор дошт, пеш аз ин, ба баҳонаи ин ки имкони фароҳам шудани заминаи шикоят аз кишварҳои хориҷӣ тавассути шаҳрвандони омрикоӣ мӯҷиб хоҳад шуд, шикоятҳои мутаъаддиде аз сӯйи дигар кишварҳо алайҳи Омрико сурат пазирад, зимни эъломи мухолифат бо ин лоиҳаи Кунгра, онро ба вето таҳдид кард.

Ҳатто дар сурати ветои риёсати ҷумҳурӣ, дар сурати ҳимояти ду севвуми намояндагони Кунгра аз тарҳи мазкур, қудрати ветои раисиҷумҳури Омрико хунсо ва ин лоиҳа ба қонун табдил хоҳад шуд.

Линси Гроҳом (Lindsey Graham), сенотури пурнуфузи ҷумҳурихоҳ, ки муҳимтарин сенотури мухолиф бо ин тарҳ буд низ рӯзи сешанбеи гузашта бо баёни ин ки эҳтимоли тасвиби ин тарҳ дар Маҷлиси сенои Омрико шиддат ёфтааст, бо тағйири мавзеъи худ нисбат ба ин тарҳ, ба ҷабҳаи мувофиқони лоиҳаи «Адолат барои қурбониёни ҳаводиси теруристӣ» ва муҷоз шудани шикояти шаҳрвандони омрикоӣ барои шикоят аз кишварҳои хориҷии муртабит бо теруризм ва ба вижа алайҳи даст доштани Арабистони Саудӣ дар ҳамалоти теруристии 11 сентябр пайвастааст.

Лоиҳаи мазкур ба рағми ин ки аз ҳимояти бештари намояндагони демукрот бархӯрдор аст, аммо боиси ба вуҷуд омадани дудстагӣ миёни мувофиқон ва мухолифон дар намояндагони ҷабҳаи ҷумҳурихоҳ шудааст. Мич МакКонел (Mitch McConnell), раҳбари ҷумҳурихоҳон дар Кунграи Омрико низ бо баёни ин ки ҳанӯз зарурати баррасии бештари ин лоиҳа меравад, мавзеъи мухолифе дар ин иртибот надоштааст.

Ва ин дар ҳолест, ки Арабистони Саудӣ Омрикоро таҳдид карда, ки дар сурати тасвиби чунин лоиҳае дар Кунграи Омрико, тамоми сармоя худро, ки маблағе наздик ба 750 милёрд дулор аст, аз ин кишвар хориҷ хоҳад кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: