Омӯзаҳои қуръонӣ

Чаро Худо моро офарид?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

imageПештар, дар посух ба пурсише дар бораи «қазо ва қадари илоҳӣ», ба тафсил дар бораи масъалаи қазо ва қадар пардохта ва он ҳангом посухи қисмати аввали суоли он бародарро — ки дар бораи чароии офарида шудани мо инсонҳо ва ин ки чаро Худо моро офаридааст — ба вақте дигар мавкул карда ва ваъда дода будам, сари фурсат дар бораи ин масъала низ баҳс хоҳам намуд. Ва инак, фурсат даст дод ва ба посухи ин пурсиш ҳам хоҳам пардохт.

Ин пурсиш, ки чаро Худо мо инсонҳоро офаридааст, дар зеҳни ҳар инсоне меояд ва ба дунболи ёфтани посух ба он мешавад, албатта бештар барои касоне матраҳ мешавад, ки ба вуҷуди Худо бовар дошта бошанд, вагарна, касе ки ба Худо имон надорад, барои вай чунин суоле матраҳ нест.

Посухи ин пурсиш аз ду манзар қобили баррасӣ аст: яке аз назари фалсафа ва дигаре, аз назари дин (Ислом). Бинобар ин, дар зайл ин масъаларо аз ин ду зовия мавриди баррасӣ қарор хоҳам дод. Саъй мекунам, бисёр содда бинависам ва аз ба кор бурдани истилоҳоти фалсафӣ худдорӣ хоҳам кард:

1. Фалосифаи Худобовар (ба хусус фалосифаи исломӣ мисли Форобӣ ва Бӯалӣ Сино) дар бораи ин масъала баҳсҳои бисёр арзишманде ба амал овардаанд, ки хулосаи он ин аст: Худованд зоте комил аз ҷамиъи ҷиҳот аст ва ҳеч нақсе дар зоти Ӯ нест. Яке аз камолот, ин холиқият ва офаридан ва ба таъбире, файёз будан аст. Пас, Худо халқ мекунад ва меофаринад, чун холиқият камол аст ва Худо зоти комил аст. Бинобар ин, фарзи вуҷуди Худое, ки холиқ набошад ва халқ накунад (аз ҷумла мо инсонҳоро), фарзи мавҷудест ғайри Худо. Ва ба иборати дигар, агар Худо Худост, Ӯ меофаринад ва халқ мекунад. Ин аввалан.

Ва сониян, агар дуруст ба ин нукта пай бибарем, ки мо инсонҳо – чӣ Худобовар бошем ва чӣ ба Худо имон надошта бошем – дар зиндагӣ ба дунболи чӣ чизе ҳастем, он вақт хоҳем фаҳмид, ки ин суол, ки «чаро Худо мо инсонҳоро офарида?», суоле бемаврид хоҳад буд.

Тавзеҳ ин ки: мо инсонҳо, тамоми талошҳо ва кӯшишҳоямон барои ин аст, ки ба камол бирасем, зеро фикр мекунем (ва дуруст ҳам фикр мекунем), ки бо расидан ба камол, ба оромиш даст хоҳем ёфт. Масалан, касе ки ба дунболи дониш ва илм ва огоҳӣ аст, агар аз ӯ бипурсед, ки «чаро мехоҳӣ бидонӣ ва огоҳ шавӣ?», ба шумо хоҳад гуфт: чун огоҳӣ барои ман як камол аст ва вақте огоҳ мешавам, оромиш бароям даст хоҳад дод ва аз он лаззат мебарам. Ва ё аз касе ки ба дунболи қудрат аст бипурсед, ки «чаро мехоҳӣ қудратманд бишавӣ?», ба шумо хоҳад гуфт: чун қудрат як камол аст ва вақте қудратманд шудам, оромиш бароям даст медиҳад ва аз ин оромиш лаззат мебарам.

Ва дар ҳамин ду маврид, агар аз ӯ бипурсед, ки «чаро мехоҳӣ ба оромиш даст биёбӣ ва лаззат бибарӣ?», ӯ ба шумо чӣ посухе хоҳад дод? Оё ин суол ва пурсиш аслан ҷавоб дорад? Инсон тамоми саодат ва хушбахтии худро дар ёфтани оромиш мебинад. Ин пурсиш посух надорад.

Ҳол, Худованд мо инсонҳоро офарида, то ба камоли худ бирасем ва бо расидан ба он, бароямон оромиш даст бидиҳад. Аммо тамоми сухан дар ин аст, ки камоли воқеии мо инсонҳо кадом аст, то бо расидан ба он, оромиши ҷовидонӣ бароямон даст бидиҳад? Тамоми сухан дар ҳамин аст.

Оре, дар ин ҳақиқат, ки инсонҳо – ҳама бидуни истисно – ба дунболи камол ҳастанд ва бо расидан ба камол, оромиш хоҳанд ёфт, ҳеч касе, чӣ ба Худо имон дошта бошад ва чӣ ба Худо боварманд набошад, шакку тардид надорад. Вале дар ташхиси ин ки камоли воқеии инсон кадом аст, инсон гоҳе ба иштибоҳ ва хато меравад. Вақте мо фаҳмидем, ки камоли воқеии мо кадом аст, он вақт ин суол, ки «чаро Худо моро офарида?» бароямон суоле бемаврид намоён хоҳад шуд.

Дар зайл, ки назари дин дар ин мавзӯъро баррасӣ мекунам, камоли воқеии одамизод ҳам баён хоҳад шуд.

* * *

2. Худованд дар Қуръони Карим дар чанд маврид дар бораи ҳадаф аз хилқат ва офариниши инсон ва ин ки Худованд чаро ӯро офарида сухан ба миён овардааст. Албатта, таъаммул дар ин оятҳо нишон медиҳад, ки дар баъзе аз онҳо сухан аз «ҳадафи миёна ва мутавасит» рафтааст ва дар бархе аз онҳо сухан аз «ҳадафи ниҳоӣ» аст. Мурод аз «ҳадафи мутавассит» он аст, ки ин ҳадаф моро ба «ҳадафи ниҳоӣ» мерасонад, ва ба сухане беҳтар, роҳи расидан ба ҳадафи ниҳоӣ, ҷуз он нест.

Инак, ин оятҳо:

Дар ҷое аз Қуръони Карим, ҳадаф аз хилқати инсонҳо «ибодат» дониста шуда:

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالأِنْسَ إِلاَّ لِيَعْبُدُونِ

«Ва Ман ҷинну инсро наёфаридам, магар он ки маро ибодат кунанд.» (Сураи Зориёт, ояти 56)

Бино бар ин оят, ҳадаф аз офаридани инсон ибодат ва бандагии Худост. Яъне инсон бояд тан ба бандагии Худо дода ва ҷуз дар баробари Ӯ дар муқобили ҳеч кас сар фуруд наёварад. Албатта, манзур аз ибодат, сирфи намозу рӯзаву соири ибодот нест, балки тибқи ҷаҳонбинии Қуръон, ҳар ҳаракат ва амали мусбате, ки аз инсон сурат гирад, ба шарти он ки ба ангезаи тақарруб ва наздикӣ ба Худо бошад, он амал ва ҳаракат ибодат аст. Албатта, намоз ва рӯза боризтарин мисдоқи ибодат ба шумор мераванд.

Ибодат аммо аз назари Қуръони Карим, «ҳадафи ниҳоӣ» нест, балки «ҳадафи мутавассит» аст, ки моро ба «ҳадафи ниҳоӣ» мерасонад. Яъне, вақте гуфта шавад, Худованд инсонро барои он офарида, ки то Ӯро ибодат кунад, мантиқӣ аст, ки ин суол матраҳ шавад, ки чаро инсон Худоро ибодат бикунад, магар Худо ба ибодати бандаҳояш ниёз дорад? Ин ҷост, ки ҳадаф аз ибодатро «ёди Худо» медонад ва мефармояд:

إِنَّنِي أَنَا اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدْنِي وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي

«Ҳамоно Ман Худоям, нест худое ба ҷуз Ман, пас маро ибодат бикун ва намозро барпо бидор барои ёди ман.» (Сураи Тоҳо, ояти 14)

Дар ин оят мегӯяд, ибодати ту эй инсон барои он аст, ки то ба «ёди Худо» бошӣ. Ва ба иборати дигар, ибодат (масалан намоз) як «ҳадафи мутавассит» аст, ки туро ба «ҳадафи ниҳоӣ», ки ҳамон ёди Худост, мерасонад.

Ёди Худо албатта фақат ин нест, ки инсон ба забон Худо-Худо гӯяд, балки ёди Худо он аст, ки Худованд ҳамвора пеши мо ҳузур дошта ва лаҳзае аз Ӯ ғофил нашавем. Пас, «ёди Худо» дар ин оят ба унвони «ҳадафи ниҳоӣ» зикр шудааст. Яъне, Худо моро офарида, то ҳамвора ба ёди Ӯ бошем ва бо Ӯ бошем ва барои Ӯ бошем. Хуб, ин чӣ натиҷае барои мо дорад? Ин ҷост, ки мефармояд:

الَّذِينَ آَمَنُوا وَتَطْمَئِنُّ قُلُوبُهُمْ بِذِكْرِ اللَّهِ أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

«Касоне ки имон овардаанд ва дилҳояшон ба ёди Худо оромиш ёфтааст; огоҳ бошед, ки фақат ба ёди Худост, ки дилҳо ва қалбҳо ором мегирад.» (Сураи Раъд, ояти 28)

Натиҷае, ки аз ин се оят ба даст меояд ин аст, ки Худо моро офарида, то ба оромиш даст биёем. Агар фармудааст намоз бихон, барои он аст, ки намоз моро ба ёди Худо мерасонад ва бо ёди Худост, ки мо ба оромиши ҷовидонӣ даст хоҳем ёфт, ва чунон ки дар садри мақола ёдовар шуда будам, инсон вақте ба оромиш даст меёбад, ӯ лаззат мебарад.

Ин матлабро метавон ба ин сурат ҳам баён кард: Худо моро офарида, то ба камол бирасем ва бо расидан ба камол, ба оромиш даст хоҳем ёфт, ва камоли воқеии мо дар ин аст, ки ба ёди Худо бошем ва ба Худо бирасем. Худо ҳамон гумшудае аст, ки ҳама ба дунболи онем, вале худамон огоҳ нестем. Оре, ҳама ба дунболи Худост, чӣ он касе ки ба Худо имон дорад ва чӣ он касе ки ба Худо бовар надорад. Мунтаҳо касе ки мункири Худост, дар ташхиси камоли воқеӣ ва оромиши ҷовидонӣ ба иштибоҳ рафтааст. Подшоҳе, ки мехоҳад, тамоми дунё таҳти тасарруфи ӯ бошад, дар воқеъ ба дунболи Худост, вале худаш огоҳ нест. Зеро фикр мекунад, вақте тамоми дунё таҳти тасарруфи ӯ қарор гирифт, ӯ оромиш хоҳад ёфт, вале вақте ба ин ҳадаф ноил шуд, мебинад, ҳанӯз ором нест. Чаро? Чун оромиш фақат фақат бо расидан ба Худо ҳосил меёбад.

Ҳазрати Мавлоно дар аввали Маснавӣ чӣ қадр ин маъноро зебо ва расо баён карда, онҷо ки мефармояд:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

К-аз найистон то маро бубридаанд,

Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,

То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.