Перейти к содержимому

5 иддаъо дар бораи марги Бен Лодан

Untitled-1Имрӯз (душанбе, 2 май) панҷумин солгарди кушта шудани Усома бен Лодан, раҳбари созмони теруристии Алқоъида тавассути нерӯҳои омрикоӣ дар Покистон аст.

Ба гузориш рӯзномаи Huffington Post, раҳбари ин гурӯҳи теруристӣ тавассути нерӯи вижаи дарёии Омрико тайи амалиёте дар Абитобод воқеъ дар шимоли шарқии Покистон дар соли 2011 кушта шуд. Бисёре пас аз ин ҳодиса умедвор буданд, ки бо кушта шудани Бен Лодан, достони «ҷанг алайҳи терур» ба поён бирасад.

Нерӯҳои омрикоӣ пас аз ин амалиёт эълом карданд, ки ҷасади Бен Лодан барои шиносоӣ пеш аз андохта шудан ба уқёнус, ба Афғонистон интиқол ёфта буд.

Эъломи хабари кушта шудани вай дар Омрико ҳамроҳ бо изҳороти Борок Убомо, раисиҷумҳури Омрико мабнӣ бар ин ки «адолат баъд аз ҳаводиси теруристии 11 сентябр иҷро шудааст» ҷашн гирифта шуд.

Аммо бисёре дар бораи марги Бен Лодан суолҳоеро матраҳ карданд, аз ҷумла ин ки чаро ҳеч гуна аксе аз ҷасади вай ё натиҷаи DNA-и он мунташир нашуд.

Шакке нест, ки то кунун фарзияҳои мухталифе дар бораи марги вай матраҳ шудааст. Дар инҷо бархе аз муҳимтарин ва ҷаззобтарин фарзияҳои матраҳшуда баён мешаванд.

1- Вай дар уқёнус андохта нашудааст:

Бархе муддаӣ ҳастанд, ки дар воқеъ Бен Лодан дар уқёнус андохта нашудааст, балки ба Омрико интиқол ёфта ва ба сурати махфиёна сӯзонда шудааст.

Рӯзномаи Daily Mail дар гузорише бар асоси емайлҳои фошшудаи як ширкати ҷосусӣ навишт, Бен Лодан он тавр ки нерӯҳои омрикоӣ эълом мекунанд, кушта нашуда, балки ба шакли махфиёна дар Омрико сӯзонда шудааст.

2- Вай барои CIA кор мекард:

Ҷеймз Курбет (James Corbett), рӯзноманигор эълом кард, ки марги Бен Лодан ҳамонанди марги як дастёри CIA (Созмони ҷосусии Омрико), ки бознишаста шудааст буд. Достони вай ҳамонанди достони Ли Ҳорви Усволд (Lee Harvey Oswald) дар соли 1963 аст.

Бар асоси эъломи давлати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, Ли Ҳорви Усволд касе буд, ки Ҷон Кеннеди, 35-умин раисиҷумҳури Омрикоро терур кард. Вай ду рӯз пас аз терури Кеннеди (22 ноябр) дар ҳоле ки дастгир шуда буд, ба дасти Ҷек Роби бо шиллики гулӯла кушта шуд.

Аз Бен Лодан дар «ҷанг алайҳи терур» ба унвони як дев истифода шуда буд, аммо баъдҳо чун дигар мӯҷиби руъбу ваҳшат набуд, аз сӯи CIA канор гузошта шуд.

Дар ҳамин росто, бархе муддаӣ ҳастанд, ки вай аз даҳаи 1980 аз Омрико таъмини молӣ мешудааст.

3- Марг вай тавассути як эъдоми созмондеҳишуда тавассути Омрико анҷом гирифтааст:

Симур Ҳерш (Seymour Hersh), хабарнигори таҳқиқотии Омрико, бар ин бовар аст, ки Бен Лодан дар амалиёти юришӣ ба махфигоҳаш кушта нашуда, балки тавассути нерӯи дарёии Омрико эъдом шудааст.

4- Бен Лодан зудтар мурда буд, аммо эъломи марги вай бо таъхир анҷом шуд, то тадохуле дар маросими арӯсии подшоҳии Ангилис анҷом нагирад:

Яке аз аҷибтарин фарзияҳо дар бораи марги Бен Лодан ин аст, ки вай зудтар кушта шуда буд, аммо ин масъала дар ахбор интишор наёфт, то таваҷҷӯҳи мардум аз маросими арӯсии подшоҳии Ангилис мунҳариф нашаванд.

Дар ин бора бархе муддаӣ ҳастанд, ки Бен Лодан дар рӯзи ҷумъа кушта шуда буд, аммо то рӯзи якшанбе дар расонаҳо хабаре дар ин маврид инъикос пайдо накард, то тадохуле дар маросим ба вуҷуд наёяд.

5- Вай зудтар кушта шуда буд, аммо замони он дертар эълом шуд, то Дунолд Тромп танбеҳ шавад:

Шояд яке аз аҷибтарин фарзияҳо ин фарзияҳо бошад. Бар асоси эъломи бархе, амдан замони эъломи марги Бен Лодан ба таъвиқ афтод, то бо ҳамзамонӣ бо як барномаи телевизиюнии Дунолд Тромп, ки ҳоло номзади пешрави ҷумҳурихоҳон аст, монеъи пахши он шаванд.

Бар ҳамин асос, яке аз далоили зери суол бурдани вазъияти шаҳрвандии Борок Убомо аз сӯи Дунолд Тромп дар кампини интихоботии худ барои гирифтани интиқом дар ин бора буд.

Ба таври куллӣ, агарчи бисёре умедвор буданд, ки марги Бен Лодан, ба маънои пирӯзӣ дар ҷанг алайҳи терур бошад, аммо аз он замон ҷаҳон шоҳиди зуҳури гурӯҳи дигаре ба номи ДОЪИШ будааст.

Ба гуфтаи Фарҳод Зоҳид, як коршиноси муқобила бо теруризм, ДОЪИШ Алқоъидаро таҳти шуъо қарор додааст.

Вай мегӯяд: «ДОЪИШ ба хусус пас аз тасарруфи Мусил, сарзамини бештареро дар Сурия ва Ироқ дар даст дорад, ин дар ҳолест, ки Алқоъида сарзамине таҳти контроли худ надорад. ДОЪИШ ҳамчунин контроли манобеъи нафтӣ дар Ироқ ва Сурияро дар даст дошта ва манобеи молӣ дар ихтиёр дорад

Вай идома медиҳад: «Ба далели муваффақиятҳои ДОЪИШ ва ҳамчунин эъломи таъсиси «Хилофати исломи» аз сӯи ин гурӯҳ, бисёре тамоюл доранд, ки ба ин гурӯҳ бипайванданд

Ин коршиноси муқобила бо теруризм меафзояд: «Дар ниҳоят, дастикам 25 гурӯҳи ифротӣ дар саросари ҷаҳон бо ДОЪИШ эъломи байъат кардаанд, бархе аз онҳо зершохаҳои Алқоъида ҳастанд. Бештари ин гурӯҳҳо кучак ҳастанд, аммо дар ин бора истисноҳое низ вуҷуд дорад, ки метавон ба Букуҳаром дар Ниҷерия ишора кард

Huffingtonpost

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: