Перейти к содержимому

Эҳтимоли такрори сенориюи Қарабоғ дар Осиёи Миёна

Ихтилофоти ахир байни Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ, ин эҳтимолро қувват мебахшад, ки ҳар лаҳза мумкин аст нуқоте монанди ин минтақа дар Осиёи Марказӣ низ дучори даргирӣ ва иғтишош шавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс ба нақл аз Stoletie, нақзи чандбораи оташбас миёни Арманистон ва Озарбойҷон тайи моҳҳои ахир ва вуқӯи ҷанг ва хунрезӣ миёни ду кишвар, нигарониҳоеро дар миёни мақомоти амниятии кишварҳои Қирғизистон ва Ӯзбакистон, ки дорои вазъияти мушобеҳи ихтилофоти марзӣ ҳастанд, эҷод кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳудуди 50 рӯз пеш, дар 18 марти соли ҷорӣ, авзоъи амниятӣ дар марзи Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба таври ғайри мунтазирае рӯ ба вахомат гузошт.

Ҷараққаи ин ташдиди авзоъи амниятиро нерӯи марзии Ӯзбакистон эҷод кард, ки бидуни ҳеч иттилоъи қаблӣ, нерӯҳое аз артишро дар минтақаи Чалсорт — Оқсу дар вилояти Ҷалолобод, ки то кунун аломатгузории мушаххаси марзӣ дар он сурат нагирифтааст, мустақар кард. Ба дунболи он, Ӯзбакистон бо эҷоди постҳои марзии мутаъаддид, аз тараддуди шаҳрвандони қирғизӣ ба манотиқи таҳти контрол худ, мумонеат кард.

Билофосила пас аз ин иқдом, марзбонони Қирғизистон низ дар посух ба амали тарафи ӯзбакӣ, аз вуруди шаҳрвандони ӯзбак дар исти бозрасии Боймак, Кенсой ва Қадамҷой худдорӣ карданд.

Нуктаи қобили таъаммул дар ин робита, вуқӯи ин силсила таҳаррукот дар минтақаи пурмуноқиша ва пурҷамъияти водии Фарғона аст. Ин минтақа акнун дорои бештарин шумори афроди эъзомшуда ба манотиқи ҷангӣ дар Сурия ва Ироқ аст ва аз соли 1920 то кунун марзе мушаххас барои се қавми тоҷик, ӯзбак ва қирқизи он мушаххас нашудааст.

Дар солҳои начандон дур низ, дар ин минтақа, ағлаб қиёмҳое дар баробари подшоҳи Русия ва имперотурии ӯ анҷом мешуд, вале дар замони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қарор буд ин минтақа бар асоси усули миллӣ тақсим шавад, ки ба иллати таъаддуди қавмиятҳои мухталиф ва дарҳамомехтагии ин қавмиятҳо, ин кори бисёр печида ва мушкил анҷом нашуд ва ин вазъият то ба имрӯз низ идома дорад.

Аз 1378 километр хатти марзи муштарак байни Қирғизистон ва Ӯзбакистон то кунун 76 дарсади он таъйини ҳудуд шудааст ва таклифи 324 километр ҳанӯз мушаххас нашудааст, яъне аз 85 нуқтаи марзии мавриди ихтилоф, 28 нуқтаи он бидуни таклиф монда, ки манотиқ ва нуқоти Оқсу ва Алобукин дар вилояти Ҷалолобод аз ҷумлаи ин нуқот аст.

Албатта ин фақат як рӯйи моҷарост. Масъалаи аслӣ рӯёрӯии диплумотӣ миёни Тошканд-Бишкек дар пайи ихтилофоти рӯ ба афзоиши марзӣ аст. Иттифоқе, ки ҳудуди 6 моҳ қабл низ дар равобит миёни Еревон-Боку шоҳид ва нозири он будем ва саранҷом ба муноқишае амниятӣ мунҷар шуд.

Албатта тафовут миёни ин ду муноқиша дар он ҷое аст, ки Русия ин бор худро беш аз гузашта даргир дар моҷаро мебинад. Медонем, ки Ӯзбакистон дар соли 2008 Созмони паймони амнияти ҷамъиро тарк кард, вале Қирғизистон узви ин созмон мебошад.

Бино бар асли 4-ум аз маромномаи ин созмон, ки дар соли 1992 тадвин шуд, таҷовуз ба яке аз кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ба манзилаи таҷовуз ба ҳамаи аъзои ин созмон талаққӣ мешавад. Дар натиҷа, Ӯзбакистон дар як тарафи моҷаро қарор дорад ва дигар аъзои Созмони паймон дар тарафи дигари ин муноқиша қарор доранд.

Албатта Ӯзбакистон тайи рӯзҳои оянда далели ин иқдоми худро контроли марзӣ дар остонаи баргузории ҷашнҳои Наврӯз унвон кард ва таъкид кард, ки дар ин масъала ба дунболи баҳрабардории сиёсӣ набудааст.

Ногуфта намонад, ки дар ин росто ройзаниҳо ва мушовираҳое низ бо намояндаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аз тарафи Қирғизистон анҷом шуд ва дар 22 март нишасти фавқулъодаи аъзои созмон дар Бишкек дақиқан дар робита бо мавзӯъ ва таниши марзӣ баргузор гардид.

Ба эътиқоди коршиносон, ин давр аз нишасти амниятӣ, ки ба манзури баррасии абъоди муноқишаи марзӣ миёни Қирғизистон ва Ӯзбакистон дар Бишкек баргузор шуд, ҳушдори ғайри мустақими Маскав ба Тошканд дар хусуси адами иҷозаи ин кишвар ба таҳрики ҳамсоягон дар ҷиҳати пешбурди манофеъи сиёсии худ буд.

Дар ҳамон айём, яъне дар торихи 24 март, Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар суханронии худ, бо ишора ба мушкилоти зиёди марзӣ, эълом кард, ки таслими таҳрикот нахоҳад шуд ва агар вазъияти марзӣ тағйире наёбад, вай дар нишасти ояндаи Созмон Шонгҳой, ки қарор аст дар июни соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор шавад, ширкат нахоҳад кард.

Ӯзбакистон низ вуҷуди теъдоди зиёде аз ифротгароёни динӣ дар манотиқи ҷанубии Қирғизистонро далел барои бастани марзҳои худ донист ва гуфт: «Ҷойи шакку тардиде нест, ки дар ҳоли ҳозир Қирғизистон маркази таҷаммӯъи анвоъи нерӯҳои ифротӣ ва исломӣ шуда, ки тавони низомии давлати Қирғизистон ҷавобгӯи муқобила бо онон нест.»

Дар канори ин масоил, таъмини низомии Қирғизистон ва Ӯзбакистон аз сӯйи ду абарқудрат (Русия ва Омрико), бар доманаи нигарониҳо афзудааст. То кунун Русия 1.5 милёрд дулор сарфи муҷаҳҳаз кардани артиши Қирғизистон намудааст ва Омрико низ артиши Ӯзбакистонро муҷаҳҳаз ба силоҳҳои гуногун ва силоҳҳои дид дар шаб ва родорҳои мухталиф намудааст. Мавзӯъе, ки метавонад дар баландмуддат, ба заминаи тозае барои рақобат ва даргирӣ мунҷар шавад.

Масоили гуфташуда дар ҳолест, ки таҷрибаи ду кишвари Арманистон ва Озарбойҷон, ки аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ барои севвумин бор якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам карданд, нишон медиҳад, ки пеш аз вуқӯи даргирии густардаи марзӣ, чунин масоиле дар миёни ду кишвар вуҷуд доштааст.

Ин фарзия дар ҳоле қуввати бештаре ба худ мегирад, ки бидонем, Озарбойҷон низ ҳамонанди Тошканд, аз ҳимояти Омрико дар минтақа истифода мекунад ва дар сурати вуқӯи даргирӣ миёни қирқизҳо ва ӯзбакҳо, Омрико дар сурати мудохилаи Русия, сокит нахоҳад нишаст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: