Перейти к содержимому

Бахтиёр Назарзода ба 22 соли зиндон маҳкум шуд

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, додгоҳи шаҳри Душанбе фарзанди бузурги Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистонро барои 22 сол равонаи зиндон кард.

Бар пояи ин гузориш, Бахтиёр Назаров (Назарзода), фарзанди 28-солаи генерал Назарзода ба «даъвати оммавӣ ба хотири тағийири сохти конститутсионӣ», «даъват барои бетартибиҳои оммавӣ» ва талоши «барқасдона хабар надодан аз ҷинояти мудҳиш» гунаҳкор эълон шуд.

Ҳукми Бахтиёр Назаров — писари Ҳоҷӣ Ҳалим, моҳе пеш содир шуд ва азбаски муҳокимаи парвандаҳои марбут ба он чӣ ҳукумат «табаддулот» мехонад, пушти дарҳои баста сурат мегиранд, хабарнигорон ва ҷомеа танҳо дар ҳоле аз қазия огоҳ мешаванд, ки додгоҳҳо ҳукмро алакай эълон кардаанд.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 9 май гуфт, пас аз ошӯби Абдуҳалим Назарзода дар 4 сентябри соли 2015, писари ӯ Бахтиёр Назаров ҳамроҳ бо ду бародараш боздошт шуд, вале пас аз се рӯз бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист раҳо гардид. Он замон, ба қавли ҳамсӯҳбати мо, Бахтиёр бо маҳкум кардани амалкардҳои падараш изҳор доштааст, ки аз тарҳезии ошӯби мусаллаҳона алайҳи давлат хабар надошт.

Аммо, ба гуфтаи ҳамин манбаъ, Назарови хурдӣ пас аз раҳо шудан аз боздошт, замоне ки алайҳи падари ӯ дар дараи Ромит амалиёт ҷараён дошт, гурӯҳе аз ҷавононро ҷамъ намуда, дар таҳхонаҳои яке аз биноҳои зисташон ба эътироз алайҳи давлат омодагӣ медид. Тибқи манбаи Озодӣ, «ӯ ҷавононро ба таҳқири давлат ташвиқ мекардааст, то ки дар майдони марказии шаҳр ҷамъ шуда, амалиёти ҳукуматро маҳкум кунанд. Баъдан, ба тафтишот маълум шуд, ки ӯ аз нақшаи падараш хуб огоҳ будааст ва бо таъсиси як гурӯҳ мехост, ба падараш ёрӣ расонад, вале қабл аз ба амал баровардани нақшаҳояш боздошт шуд

Бар асоси гузориши Озодӣ, додситонии шаҳри Душанбе аз додгоҳ тақозо кардааст, то барои ин кирдорҳо Бахтиёр Назаровро 24 сол равонаи зиндон кунад, аммо додгоҳ ба ӯ 22 сол ҳукми зиндон додааст. Тибқи ҳукми додгоҳ, Бахтиёр Назаров 2 солро дар маҳбаси низомаш пӯшида ва 20 соли дигарро дар маҳбаси низомаш сангин пушти сар хоҳад кард. Наздикони Бахтиёр Назаров низ ин хабарро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, аз болои ин ҳукм ба ҳеч куҷо шикоят накардаанд, зеро медонанд, ки он тағийр нахоҳад ёфт.

Музаффар Абдураҳимов, як тан аз наздикони Бахтиёр Назаров, рӯзи 9 май ба Озодӣ гуфт, дар аксар мурофиаҳои додгоҳӣ иштирок дошт, аммо Бахтиёр на ҳамаи иттиҳоми ворида алайҳашро ба гардан гирифтааст. Ба гуфти ин ҳамсӯҳбати мо, Бахтиёр дар додгоҳ гуфтааст, рафторҳо ва сӯҳбатҳои ӯ бо дӯстонашро ба мақомот нодуруст расондаанд. «Бахтиёр худашро қисман бегуноҳ донист, вале додгоҳ баъди шунидани ҳарфи шоҳидон ва далелҳои муфаттишони додситонӣ ба ӯ 22 сол ҳукм дод

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: