Перейти к содержимому

Оё як «бегона» метавонад шаҳрдори пойтахти яке аз кишварҳои исломӣ бишавад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

30khan2302c560Бар маснади шаҳрдории Ландан нишастани Содиқ Амонхон, як мусалмони покистонӣ, ҳанӯз меҳвари баҳсу табодули назари корбарон ба хусус корбарони мусалмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Бисёре аз корбарони мусалмон дар изҳори назарҳо ва ёддоштҳои худ ин пурсиши мантиқиро матраҳ кардаанд, ки як «бегона» — ки дар яке аз кишварҳои ба истилоҳ исломӣ муқим аст – оё барояш ин имкон вуҷуд дорад, ки мисли Содиқхон соҳиби як мансаби давлатӣ бишавад? Оё барояш ин иҷозаро медиҳанд?

Посухаш комилан равшан аст. Ва он ин ки: на танҳо ба лиҳози амалӣ ин имкон вуҷуд надорад, балки аз назари қонунӣ ҳам, ҳаргиз барои як «бегона» инчунин ҳаққеро дар ин кишварҳо қоил нестанд. «Бегона» дар ин кишварҳо ҳатто агар мусалмон ҳам бошад (то чӣ расад ба ғайри мусалмон), одами дараҷаи дуввум маҳсуб мешавад, ҳарчанд мутаваллид ва зодаи ин кишварҳост. Дар ҳамаи кишварҳои исломӣ ва бидуни истисно. Масалан, дар Эрони Исломӣ – ки шояд дар миёни соири кишварҳои исломӣ, мизбони бештарин адади муҳоҷирон аз Афғонистон ва Ироқ аст (ки гуфта мешавад, ҳудуди 3 то 4 милюн муҳоҷир дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд) – насли дуввуми ин муҳоҷирон, ки дар Эрон зода шуда ва комилан эронӣ гардидаанд, на танҳо ҳаққи расидан ба як мақоми давлатиро надоранд (ва шояд дар хобашон ҳам наояд), балки ҳатто аз ҳаққи дарёфти шаҳрвандии ин кишвар (паспорт) маҳруманд ва то ба имрӯз дорои «корти сабз»-анд.

Вазъ дар кишварҳои ҳошияи халиқи Форс ҳам аз ҳамин қарор аст ва балки бадтар. Дар Кувайт мардумоне зиндагӣ мекунанд, ки ба «будун» маъруфанд, инҳо зода ва мутаваллиди Кувайтанд, худашонро кувайтӣ мешуморанд, вале то ба имрӯз ба далоиле, аз ҳаққи дарёфти шаҳрвандии ин кишвар маҳруманд, то чӣ расад ба касоне, ки ба ин кишвар муҳоҷир мешаванд. Дар Арабистони Саудӣ низ вазъ ба ҳамин минвол аст. Дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ даҳҳо сол аст, ки ҳазорон муҳоҷири покистонӣ ва ҳиндустонӣ муқим ҳастанд ва баъзе аз онҳо тоҷирони муваффақе ҳам ҳастанд, вале на танҳо имкони расидан ба як мақоми давлатӣ барояшон вуҷуд надорад, ки ҳанӯз ба унвони шаҳрванди ин кишвар пазируфта нашудаанд.

Ва ин ҳама дар ҳоле аст, ки бештари мардумони ин ҷомеаҳо мӯътақиданд, ки дар кишварҳои урупоӣ нисбат ба «бегонаҳо» табъиз вуҷуд дорад. Банда дар инҷо дар мақоми дифоъ аз Бритониё ва ё ҳеч як аз кишварҳои урупоии дигар нестам. Сиёсати хориҷии ин кишварҳо ба хусус нисбат ба кишварҳои исломӣ ҳанӯз ҳам ки ҳанӯз аст ноҷавонмардона мебошад. Аммо воқеияти ғайри қобили инкор, ки аҳаде наметавонад дар он тардид раво бидорад ин аст, ки ин кишварҳо миёни шаҳрвандони худ – вақте дорои шаҳрвандӣ аст (яъне паспорт дорад) сарфи назар аз ин ки оё муҳоҷир аст, мусалмон аст, яҳудӣ аст ва ғайра – дигар табъиз қоил нестанд, онҳоро ба «худӣ» ва «ғайри худӣ» тақсим намекунанд. Ва ин дуруст бар хилофи фазое аст, ки дар кишварҳои ба истилоҳ исломӣ дар ин мавзӯъ ҳоким мебошад.

Банда ҳанӯз далели вуҷуди ин фазои ғайри инсонӣ, ки дар ин кишварҳо ҳоким аст-ро намедонам. Яъне, дар ин маврид наметавон фақат ҳукуматҳоро муқассир донист, балки фарҳанге, ки дар ин ҷомеаҳо соя дорад ва мардумоне, ки дар он зиндагӣ мекунанд низ, «худашон»-ро як сару гардан аз «ғайри худашон», ки дар кишварашон сокин ва муқиманд болотар мебинанд. Бинобар ин, имрӯз бар фарз (фарзи маҳол албатта) агар як «бегона» ба унвони шаҳрдори Теҳрон ё Риёз ва ё Кувайт ё ҳар пойтахти дигаре баргузида шавад, ҳатто агар қонун ҳам иҷоза бидиҳад, аммо фардои ҳамон рӯз мардумон мерезанд ба хиёбонҳо ва дархост хоҳанд кард, ки «бегона» бояд биравад! Ин як воқеияти бисёр талх аст.

Бинобар ин, бисёр дуруст гуфта ҷаноби Зафар Абдуллоев, яке аз корбарон дар изҳори назаре, ки дар ин бора дар сафҳааш дар Фейсбук баён дошта, он ҷо ки гуфтааст: «Оё инки як мусалмон шаҳрдори Ландан ва ё куллан яке аз пойтахтҳои Иттиҳодияи Урупо шудааст, маро ба шигифтӣ водошта? Ҳаргиз! Балки бароям ҷойи ҳайрат ва шигифтӣ дошт агар як масеҳӣ ва ё урупоӣ шаҳрдори пойтахти як кишвари исломӣ бишавад!»

001

1 комментарий »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: