Нақду назар

Ҷомеа ва нухбагон

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Яке аз бунёдитарин ва муҳимтарин суоле, ки имрӯз барои ҳар як аз мо тоҷикистониҳо матраҳ аст ва бояд такрор ба такрор аз худ бипурсем ва посухашро гаштаву баргашта бозбиниву воковӣ намоем, ин суол аст, ки: чаро ҷомеаи мо имрӯз аз ҳар назар ақибмонда аст?

Ҳукуматамон дучори фасод, иқтисодамон дучори касод, фарҳангамон дучори ҳалок ва дар як калом, билкул ҳоламон табоҳ, аз ҳар назар ки нигоҳ накунӣ, воқеан мо имрӯз раҳгумзадаем.

Чаро бояд чунин бошад?

Решаи мушкил дар куҷост?

Росташ, ман ҳар чи фикр кардам, ҳеч кадом аз ин мушкилотро «мушкили зербиноӣ» наёфтам. Ҳамаи инҳо «мушкилоти рӯбиноӣ» мебошанд, ки аз як сарчашма об мехӯранд ва ҳама меваҳои талхи як дарахтанд, ки решаи он дар ҷои дигар аст.

Ба назар мерасад, ҷомеаи мо дар як қитъа аз торихи гузаштаи худ гир кардааст ва замон фақат бар ҷисмамон гузаштааст, вале фикру руҳу андешаи ҷомеаи мо ҳанӯз дар он торихи гузашта дармондааст. Бинобар ин, агар мо бихоҳем решаи мушкилоти имрӯзи худро биёбем, бояд суроғи «ҳамон бурҳа аз торих» биравем; бурҳае, ки фикру андешаамон дар он дармондааст.

Масъала ин аст, ки ҳар давру замон талабот ва иқтизооти худро дорад, ки ҷомеае агар замони худро хуб бишносад ва ба иқтизооташ таваҷҷӯҳ кунад ва барои он тадбири муносиб биандешад, ҷон ба саломат бурдааст. Вале агар ҷомеае замони худро нашиносад ва ба иқтизооти замон таваҷҷӯҳ накунад ва тадбире муносиб наандешад, мутмаин бошад, ки дигарон барояш тадбир меандешанд ва ба ҷояш тасмим мегиранд. Вақте ҳам ки дигарӣ ба ҷои ту тасмим гирифт, бояд бидонӣ, ки ҳаргиз ба нафъи ту тасмим нахоҳад гирифт, ӯ ба ҷои ту тасмим мегирад, чун мехоҳад аз ту баҳра бикашад ва манфиат бибарад.

Мутаассифона, ҷомеаи мо яке аз ҳамон ҷомеаҳое аст, ки замони худро нашинохт ва ба иқтизооти замон таваҷҷӯҳ надошт ва барои он тадбире наандешид, дар натиҷа аз муддатҳост, ки дигарон барои мо тадбир меандешанд ва ба ҷои мо тасмим мегиранд. Дар натиҷа, ин тадбиру тасмими дигарон мисли занҷире бар гардани ҷомеаи мо монд, ки моро ҳар тараф ки хост думболи худ кашонд. Ва ба ин тартиб, ҷомеаи мо истисмор шуд, ақлу шуъуру андешаи ҷомеа истисмор шуд, ки бадтарин навъи истисмор мебошад.

Ва ҷомеаи мо аз замоне истисмор шуд, ки нухбагони мо замони худро нашинохтанд ва ба иқтизооташ таваҷҷӯҳ накарданд, ҳаддиақал аз 100 ё 150 соли пеш. Зеро ин бурҳа аз замон, дақиқан ҳамон бурҳае аст, ки афкори дунёи модерн ба ҳамроҳи санъаташ, суроғи ҷомеаи суннатии мо омад. Бархӯрди ҷомеаи мо дар он замон бо дунёи ҷадид, бархӯрде хасмона буд. Ба ҷои ин ки саъй кунанд, то онро бишносанд, кӯшиши беҳуда карданд, ки онро дафъ кунанд. Аз ин рӯ, ба хиёли худ дарро бар рӯи ин «меҳмони нохонда» бастанд, ғофил аз он ки агар дарро бар рӯи ин меҳмон бибанданд, аз панҷара ворид мешавад, чун «ин меҳмон» иқтизои замон буд, на иғвои душманон.

Бинобар ин, чун он замон нухбагони мо замони худро нашнохтанд ва ба иқтизооташ таваҷҷӯҳ накарданд ва худ барояш тадбир наандешиданд, дере напоид, ки дигарон бароямон тадбир андешиданд ва ба ҷои мо тасмим гирифтанд ва то имрӯз ба думболи худ ҳар ҷо ки хостанд моро кашонданд.

Бале натиҷаи нашинохтани замон ва иқтизооти он, хусумати беасос ва муқовимати беҳуда дар баробари он аст, ва натиҷаи муқовимати беҳуда дар баробари замона ҳам, натиҷае ҷуз таслими бечуну чаро дар баробари он надорад.

Он бурҳа аз торих, ки ҷомеаи мо дар он дармондааст, бурҳаи «рӯбарӯӣ ва вохӯрии суннат бо модернита» аст. Хеле аз ҷомеаҳо дар он бурҳа дучори сардаргумӣ гаштанд, вале дер ё зуд хеле аз онҳо ба худ омаданд ва тадбиру чора андешиданд. Ин ҷомеаҳо баъдҳо саъй карданд, ки модернитаро хуб бишносанд ва ба навъе онро бо суннат ва арзишҳои худ созгор намоянд, то битавонанд ҷомеаи худро аз думболаравӣ ва истисмори дигарон раҳоӣ бахшанд. Ҷомеаҳое, ки тавонистанд байни суннат ва модернита созгорӣ эҷод кунанд, ҳамон ҷомеаҳое буданд, ки дар онҳо «наҳзатҳои равшанфикрӣ» ҷараён афтод ва нухбагони ҷомеа кам-кам ба як истиқлоли фикрӣ даст ёфтанд. Ва ҳамин истиқлоли фикрӣ мӯҷиб гашт, то мутаносиб бо иқтизооти замони худ, тадбире биандешанд ва ниҳоятан ҷомеаву кишваре мустақил дошта бошанд.

Ин фароянд нишон медиҳад, ки пояи ҳар истиқлоле «истиқлоли фикрӣ» аст. Вақте нухбагони ҷомеа ба як истиқлоли фикрӣ даст ёфтанд, бо дар назар гирифтани иқтизооти замона ва зарфиятҳои ҷомеаи худ, метавонанд тарҳе бирезанд, ки ба қавли маъруф «на сих бисӯзад на кабоб,» на аз корвони замона ақиб биафтанд ва на арзишҳои миллиии худро аз даст диҳанд.

Вале ҷомеаи мо ба далоиле аз ин неъмат маҳрум монд, чун ҷараёни равшанфикрӣ дар ҷомеаи мо по нагирифт ва ҳаргиз табдил ба як наҳзат нашуд. (Ба истиснои кӯшишҳо ва талошҳои Аллома Аҳмади Дониш, ки мутаассифона на аз сӯйи ҳукумати муртаҷеи замона таъйид шуд ва на дар батни ҷомеа ҷойгоҳ пайдо кард.) Ҳамин камбудӣ мӯҷиб шуд, ки ҷомеаи мо падидае ба номи равшанфикр ва нухба ба маънои воқеъӣ надошта бошад. Ва набуди равшанфирону нухбагон сабаб гашт, ки мо аз шинохти замони худ ва иқтизооти он оҷиз ва нотавон бимонем. Дар натиҷа ҷомеаи мо, ҳам аз корвони замони худ ақиб монд ва ҳам арзишҳои миллии худро муфт аз даст дод. Ҷомеаи мо ҳама чизашро бохт, ҳатто хатту забони модариашро аз даст дод, вале дар иваз, ҳеч чизе дарёфт накард, тамоман ҳеч чиз, инро ба таъкид мегӯям. Бояд ҳам ҳамин тавр бошад, вақте аз ҷомеае хатту забонаш гирифта мешавад, дар воқеъ ӯ аз гузаштаи худ бурида шуда ва ба як мавҷуди беҳувияте табдил мешавад. Ҳар чизе ҳам, ки баъд ба ӯ дода шавад, дигар наметавонад онро ҳифз намояд, зеро ҳувияте надорад, ки ин чизи ҷадидро ҳамл намояд.

Бинобар ин, агар мо имрӯз мехоҳем бар мушкилоти худ фоиқ ойем, бояд кишваре мустақил дошта бошем, ва агар бихоҳем кишвари мустақил дошта бошем, бояд пеш аз он «ҷомеаи мустақил» дошта бошем. Ва ҷомеа он вақт мустақил хоҳад шуд, ки нухбагонаш дорои истқлоли фикрӣ бошанд.

Ин ҷост, ки мо ба нақши нухбагону равшанфикрон дар ҷомеа пай мебарем. Дар воқеъ, нақши равшанфикрон ва нухбагон дар ҷомеа, нақши табиб дар баробари бемор, ва чароғ дар шаби торро мемонад. Зеро фарқи як равшанфикр аз мардуми оддӣ дар ин аст, ки ӯ бино ба маълумот ва шинохти амиқаш, метавонад оқибати воқеаҳои имрӯзро дақиқ пешбинӣ кунад. Ба қавли маъруф, равшанфикр ва нухба ҳамон касе аст, ки он чи мардуми оддӣ дар ойина намебинанд, ӯ дар хишти хом мебинад. Зеро он беморие, ки ӯ дар вуҷуди ҷомеа ҳис мекунад, дигарон эҳсос намекунанд ва он чи ӯ дар шаби тор мебинад, дигарон дар рӯзи равшан аз диданаш оҷизанд. Ба ҳамин хотир, вазифаи аслии ҳар равшанфикр ва нухба ташхиси бемориҳои ҷомеа ва таҷвизи доруи он ва низ роҳнамоии ҳукуматдорон ба роҳи дуруст ва ҳушдори онҳо аз оқибати иқдомоти нодуруст ва сиёсатҳои ғалат аст.

Бинобар ин, ҳар ҷомеае ки аз вуҷуди равшанфикрону нухбагон холӣ бошад, ҷояшро далқаконе мегиранд, ки ба ҷои ташхиси дардҳои ҷомеа, ба тавҷеҳи он мепардозанд ва ба ҷои роҳнамоии ҳукуматдорон аз онҳо бузургнамоӣ мекунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.