Перейти к содержимому

Мазҳари ҷасорат ва садоқат

Бобоҷон Қаюмов, фаъоли ҲНИТ, бо ишора ба дархости ҳабси абад аз сӯи додситонӣ барои Маҳмадалӣ Ҳаит, сиёсатмадори тоҷик, муовини раиси ҲНИТ ва фаъоли пешини созмони “Растохез”, навиштааст: «Маҳмадалӣ Ҳаитро чандин сол аст, ки мешиносам. Инсони бисёр содиқ ва ҷасур аст. Дар кораш назму тартиби хоссе дорад. Ҳаргиз саҳлангориро намепазирад.

Вай дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо баёни ин ки «қаноати Маҳмадалӣ аз ҳама тараф мисолзаданист,» хотирнишон кардааст: «Аммо дирӯз барои ӯ ҳабси абад талаб карданд Барои кадом гуноҳаш? Дар моҳи апрели соли 2013 ӯро лату куб карданд. Чунки натавонистанд ӯро аз ҳақгӯиву ҳақиқатнависӣ боздоранд. Ӯ ҳаргиз таслими зур нашуд. Роҳашро ҳамчунон устуворона идома дод

Бобоҷон дар идома афзудааст: «Ӯ аввалин касе, буд ки дар ҷои кор ҳозир мешуд ва ҳама чиро як бор аз назар мегузаронид. Дар ифторҳои рамазонӣ ӯ назму тартибро назорат мекард. Вақте ҳама хӯрок хӯрда тамом мекарданд, онвақт менишасту хӯрок мехӯрд

Дар идома ёдовар шудааст:

Маҳмадалӣ Ҳаит (Ҳайитов Маҳмадалӣ Раҳмонович), сиёсатмадор ва фаъоли тоҷик, муовини раиси ҲНИТ, собиқ афсари Гурӯҳи кашфи Шуравӣ, собиқ фаъоли созмони “Растохез” ва соҳиби нишони “Ситораи сурх” (Шуравӣ) аст. Ӯ узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ мебошад.

Муҳаммадалии Ҳаит 20-уми октябри соли 1957 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рудакӣ дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Вай рӯзи 16-уми сентябри 2015 дар хонааш аз тарафи маъмурони КДАМ боздошт шуд.

Таҳсилот

Ҳаит соли 1974 мактаби миёнаи рақами 67-и ноҳияи Рудакиро хатм карда, ҳамон сол ба факултети шарқшиносии ДДТ ба номи Ленини Душанбе дохил мешавад. Сипас, ӯ соли 1976 таҳсили худро дар факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт Петербурги кунунӣ) идома дода, соли 1980 онро хатм кард.

Фаъолияти низомӣ ва журналистӣ

Маҳмадалӣ Ҳаит пас аз хатми донишгоҳ ба ҳайси тарҷумони низомӣ дар Русия ва сипас дар Телевизиони давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ соли 1983 дар авҷи ҷанги нерӯҳои Шуравӣ дар Афғонистон ба унвони лейтенанти калон ва афсари Хадамоти кашфи Шуравӣ ба Афғонистон эъзом шуд.

Ӯ масъулияти афсари ҳамоҳангсоз миёни мақомоти артиши Шуравӣ ва муҷоҳидини Афғонистон, ба вижа Аҳмадшоҳ Масъудро ба уҳда дошт ва дар барқарории оташбас миёни ду тарафи мазкур дар соли 1984 саҳми арзанда дорад.

Пас аз фаъолиятҳои низомӣ, дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон ва аз соли 1990 то 1992 ба ҳайси муҳаррири нашрияи “Растохез” анҷоми вазифа кард. Вай соли 1992 дар Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ба симати муовинати раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мансуб шуд.

Фаъолияти сиёсӣ

Маҳмадалӣ Ҳаит яке аз фаъолони сиёсӣ ва зиёиёни саршиноси даҳаи ахири 80-ум ва авоили 90-ум ва узви Растохез буд. То воқеъаҳои феврали соли 1990 дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон кор мекард ва ба далели нашри ахбори ҳодисаҳои баҳманмоҳ аз кор ронда шуд.

Вай соли 1992 ба Ҳизби наҳзати исломӣ пайваст ва аз он замон то кунун аз масъулини аршад ва пурталоши ин ҳизб ба шумор рафта, дар миёни ҷомеъа ва зиёиёни тоҷик аз ҷойгоҳи хоссе бархурдор аст.

Нақши ӯ дар барқарории сулҳ

Нақши ӯ дар расидан ба Созишномаи сулҳ ва барқарори суботу оромиши кишвар зиёд аст. Ҳаит узви гурӯҳи кории татбиқи созишномаи Хустдеҳ буд, ки он аввалин қадам ба сӯи сулҳи тоҷикон ба шумор меравад ва сипас дар гурӯҳи кории Комиссияи оштии миллӣ ифои вазифа кард.

Маҳмадалӣ Ҳаит барои интиқодҳояш аз ҳукумат мавриди латукуби афроди ношинос дар моҳи апрели 2013 қарор гирифт ва шадидан захмӣ шуд, ки асарҳои он то кунун дар ӯ боқӣ монданд.

Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.
Ҳаит донандаи забонҳои русӣ, форсӣ ва англисӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.

* * *

Гуфтанист, айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи олӣ барои панҷ узви аршади ҲНИТ ҳукми зиндони абадро талаб кард. Барои айбдоршавандаҳои дигар аз 8 то 30 соли зиндон тақозо шудааст.

Ба гузориши полйгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, намояндаи додситонӣ ё айбдкоркунандаи давлатӣ дар додгоҳи аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ тақозо кардааст, ки панҷ узви аршади ин ҳизб ба ҳабси абад маҳкум шаванд.

Бар пояи ин гузориш, айбдоркунандаи давлатӣ ҳангоми суханронияш дар мурофиаи рӯзи 11 май, ки паси дарҳои баста ҷараён гирифт, гуфтааст, «гуноҳҳои» Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷаб исботи худро ёфтаанд ва аз додрас мехоҳад, онҳоро ба ҳабси абад маҳкум намояд.

Инчунин, аз додрас хоста шудааст, то Ҳикматулло Сайфуллозода ва Зубайдуллоҳи Розиқ 30-солӣ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 29 сол, Саттор Каримов 28 сол, Саъдидиини Рустам 24 сол, Воҳидхон Қосиддинов 22 сол, Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов 16-солӣ аз озодӣ маҳрум шаванд.

Додситон тақозо кардааст, ки Зарафо Раҳмонӣ, ҳуқуқшиноси ҳизб ва танҳо зан дар миёни айбдоршавандаҳо ба 8 соли зиндон маҳкум бишавад.

Гузориши Озодӣ афзуда, қарор аст, дар мурофиаи навбатӣ, ки эҳтимол рӯзи 12 май баргузор хоҳад шуд, вакилони дифоъ ва ҳам муттаҳамон суханронӣ кунанд. Яке аз наздикони айбдоршавандаҳо, ки ин иттилоъро ба Озодӣ расонд, гуфт, баъд аз шунидани тақозои додситон дар масъалаи ҳукми аъзои ҲНИТ, хушу табори айбдоршавандаҳо ҳукмро «бераҳмона» унвон кардаанд.

Айни замон, вакилони дифоъ ва ҳам хешовандони айбдоршавандаҳо умед доранд, ки додрас дар вақти содир кардани ҳукм гузашт хоҳад кард.

13 узви раёсат ва шӯрои сиёсии ҲНИТ — муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосиддинов рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2015, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Алайҳи ҳар кадоми онҳо аз ду то 15 иттиҳом эълон шудааст. Як иттиҳоми асосӣ ба зидди ин аъзои баландпояи ҲНИТ «ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Назарзода» мебошад.

Худи аъзои ҳизби ҳамакнун фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ, ин иттиҳомотро рад мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи ин 13 узви раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро рӯзи 9 феврал оғоз карда буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: