Перейти к содержимому

Муҳокимаи Бузургмеҳр

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Муҳокимаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамов, ду вакили мудофеъ, агарчи аз як тараф нишондиҳандаи ниҳояти беадолатӣ ва фасоду вобастагии дастгоҳи қазоии кишвар ба режими ҳоким мебошад, вале аз тарафи дигар ҷасорати ин ду вакил дар дифоъ аз ҳуқуқи худ, як падидаи комилан нав дар торихчаи ҳуқуқии ҷомеаи мо ва хеле таҷрибаи мубораку навидбахшу роҳкушо барои ояндаи низоми ҳуқуқӣ ва қазоии кишвар мебошад.

Бо итминон метавон гуфт, ки додгоҳҳои Тоҷикистон баъд аз истиқлолият то кунун ҳаргиз бо чунин падидае рӯ ба рӯ нашуда ва чунин таҷрибае надоштааст. Бинобар ин, ба назар мерасад, ки додситону судяҳо комилан ғофилгир шуданд; зеро зоҳиран бори аввалашон буд, ки бо муҳокимашавандагоне рӯ ба рӯ мешаванд, ки худро пеш аз муҳокима маҳкум намедонанд ва беш аз худи судяву додситон, ба қонуну усули маҳкама огоҳӣ доранд; ба гунае ки дигар дар ин додгоҳ додситон наметавонад милси додгоҳҳои мушобеҳ ҳарчи дилаш хост, тӯҳмат занад ва судя ҳам ҳарчи дилаш хост, ҳукм намояд.

Албатта ҳанӯз зуд аст барои қазоват кардан дар мавриди натиҷаи ин муҳокима, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки таҷрибаи талхи чандин солаи додгоҳҳои кишвар ҷоеро барои гумони нек дар ин гуна муҳокимаҳо боқӣ намегузорад. Вале гузашта аз натиҷаи ин муҳокима, муҳим, раванди он аст, ки худ метавонад беҳтарин баёнгари ҳақиқат ва беҳтарин дарси ҳимоят аз ҳуқуқи хеш барои дигарон бошад.

Бинобар ин, метавон гуфт муҳокимаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамов, дар воқеъ муҳокимаи худи додгоҳ аст, зеро раванди ин муҳокима пеш аз ҳама супоришӣ ва бепояву асос будани ин гуна маҳкамаҳоро ошкор менамояд.

Ҳол, чӣ чизе боиси мутафовит шудани ин муҳокима гаштааст?

Ба назар мерасад, ки се омили аслӣ боиси тафовут ва тамойузи ин маҳкама шудааст: 1. огоҳӣ, 2. оммавӣ ва 3. ошкорӣ.

Мурод аз огоҳӣ, огоҳии муҳокимашаванда ба қонун ва ҳуқуқи шаҳрвандии хеш аст, ки сабаби ҷасорат ва ҳимояти далеронаи ӯ аз ҳуқуқи хеш гаштааст.

Мурод аз оммавӣ, ҳамдардӣ ва ҳамкории мардум бо муҳокимшаванда мебошад, ки сабаби расонаӣ шудани ин муҳокима гаштааст.

Мурод аз ошкорӣ ҳам, ҳузури хабарнигорон ва намояндагони созмонҳо ва кишварҳои дигар дар ин муҳокима мебошад, ки сабаб гаштааст, то додситону судяҳо натавонанд бо хотири ҷамъ пушти дарҳои баста ҳуқуқи муҳокимашавандаро поймол намоянд.

Агар ин се омил дар ҳар муҳокимае вуҷуд дошта бошад, мутмаин бошед ҳеч додситони золиму ҳеч судяи дастнишондае дар ҳеч додгоҳ, ҳатто додгоҳи супоришӣ, наметавонад бар ҳуқуқи муҳокимашаванда зулм намояд ва ӯро бо ҳукмҳои супоришӣ маҳкум намояд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: