Перейти к содержимому

Шаҳодати фармондеҳи Ҳизбуллоҳ дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил

Мустафо Бадруддин, фармондеҳи кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар ҳамлаи мушакии ҳавопаймоҳои ҷангии режими «Исроил» дар наздикии фурудгоҳи низомии Димишқ дар бомдоди рӯзи ҷумъа (13.05.2016) ба ҳамроҳи гурӯҳе аз ҳамроҳонаш ба шаҳодат расид.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмаёдин, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар пайи ин ҳодиса, дар баёнияе ёдовар шуд: «Мустафо Бадруддин фармондеҳи бузурге буд, ки имрӯз пайкараш ба миҳан бозгашт

Бар асоси ин баёния, «Мустафо Бадруддин баъд аз зиндагии саршор аз ҷиҳод, асорат ва ҷароҳат бо шаҳодат ба ҳаёти худ поён дод ва ба қофилаи фармондеҳони шаҳид аз ҷумла ёр ва ҳамқатори азизи худ шаҳид Имод Муғния пайваст

Тибқи ин баёния, «Мустафо Бадруддин ҳамвора аз сӯи созмонҳои ҷосусии режими саҳюнистӣ, Омрико ва Ангилис таҳти таъқиб қарор дошта ва борҳо аз амалиёти терур ҷони солим ба дар бурда буд. Созмонҳои ҷосусии режими саҳюнистӣ, Омрико ва Англис бар ин бовар буданд, ки шаҳид Бадруддин дар паси бузургтарин амалиёти муқовимат дар шиносоӣ ва инҳидоми шабакаҳои ҷосусии онҳо дар Лубнон ва Сурия ва боздошти авомили онҳо дар ин шабакаҳо қарор дорад

Баёнияи Ҳизбуллоҳ меафзояд: «Пас аз терури шаҳид Имод Муғния тавассути режими саҳюнистӣ, шаҳид Бадруддин масъулияти ҳидоят ва роҳбарии шохаи низомии Ҳизбуллоҳро бар ӯҳда гирифт. Бо оғози бӯҳрони Сурия ва вуруди он ба марҳилаи низомӣ, шаҳид Бадруддин ҳузур дар ин арса ва мубориза бо гурӯҳҳои такфириро вазифаи худ шумурд. Вай соли гузашта дар дидоре хусусӣ, ба яке аз фаъолони расонаии Лубнон гуфта буд: «Вазифаи ман мубориза бо тавтиъаҳои ин кишварҳост ва мубориза дар Лубнон ё Сурия ё ҳар ҷойи дигарро ҷуз бо дар даст гирифтани парчами пирӯзӣ ва ё расидан ба шаҳодат раҳо нахоҳам кард

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: