Нақду назар

Вақте маҳал ба ҷои миллат менишинад

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Иллати шармандагии мо дар хориҷ, ҳамон иллати шикасти мо дар дохил аст – маҳалгароӣ. Дар асл мо он рӯз шикаст хӯрдем ва шармандаи офоқ гаштем, ки гавҳари гаронбаҳои «миллат»-ро фаромӯш карда ва ба ҷояш ба унсури гандидаи «маҳал» часпидем.

Ҳамдастии тоҷикон бо чеченҳо барои ҳамла ба ҳамшаҳриёни худашон мутаассифона қабл аз ин ҳам собиқа дошт. Чанд соли пеш дар шаҳри Уфа дар бозори «Затон» низ мо шоҳиди чунин шармандагӣ будем, он вақт ҳам чанд чечен бо ҳамдастии гурӯҳе аз тоҷикони худбохта ба ҳамшаҳриёни худ ҳамла карда буданд. Оё то ҳоло касе шунида, ки чеченҳо ё доғистониҳо бо ҳамдастии тоҷикон ба ҳамшаҳриёни худашон ҳамла карда бошанд?

На ҳеч кас нашунидааст ва нахоҳад шунид. Чаро?

Чун онҳо ҳама чечен ҳастанд, ҳама доғистонӣ ҳастанд, балки болотар, ҳама қафқозӣ ҳастанд. Аммо мо тоҷикистониҳо чӣ? Мо ҳама тоҷикистонӣ нестем, балки мо ё кӯлобӣ ҳастем, ё ғармӣ, ё хуҷандӣ, ё помирӣ… Ва ҳар кадом аз ин маҳалҳо боз ба чанд ноҳияи кучак, аз ҳам ҷудо. Бинобар ин, ҳам дар дохили ватан хору залилем ва ҳам дар берун аз ватан шармандаву шикастхӯрда.

Бадбахтӣ дар ин ҷост, ки ин бемории миллаткуш фақат дар байни шаҳрвандони оддӣ сироят накарда, балки беш аз онҳо ва пеш аз ҳама, ба ҷони сиёсатмадорону нухбагони ҷомеа афтода ва боиси бадбахтии миллат гаштааст.

Агар гавҳари «миллат», ки мояи пайванди мардум аст, дар байни мо вуҷуд медошт, маҳол буд, ки як тӯдаи маҳалгаро бисту чанд сол бар сари қудрат биншинаду ҳамаи миллатро қурбони як маҳал намояд.

Агар унсури фосиди «маҳал» дар вуҷуди мардум тухми парокандагӣ накошта буд, маҳол буд, ки имрӯз ду миллион тоҷикистонӣ ба чанд ҳазор чечену доғистонӣ боҷ бипардозад.

Агар нухбагону сиёсатмадорони мо ҳама фақат ба сарнавишти «миллат» меандешиданд ва нигоҳашон олуда ба вируси «маҳал» намебуд, ин ҳукумати белиёқат ҳатто як сол ҳам наметавонист афсори қудратро дар дастони олудааш нигаҳ дорад.

Вақте гавҳари «миллат» дар ҷомеа арзиши худро аз даст дод, ба ҷояш чандин арзишҳои дурӯғини «маҳал» нишаст; арзишҳое, ки ҳастии худро дар нестии дигарон меҷуст. Бинобар ин, ҳамбастагии ҷомеа аз ҳам гусуста шуд, вақте ҳамбастагӣ аз ҳам пошида шуд, ҳамдардӣ ҳам аз миён бардошта шуд, вақте эҳсоси ҳамдардӣ байни мардум аз байн рафт, мардум худ мояи нобудии худ гаштанд. Зеро бахше аз мардум бозичаи дасти золимони дохилӣ қарор гирифтанд ва бахше дигар ҳамдасти ҷинояткорони беруна.

Ҳамдиёрони азиз! Ин ҳодисаҳо бояд мояи ибрати мо гардад. Ба назар мерасад, ки Худованди меҳрубон барои бедор кардани мо мардуми Тоҷикистон то ҳоло тамоми ибратҳои миллатҳои гузаштаро бар сари мо овардааст; ибратҳое, ки ҳар кадом аз он миллатеро аз хоби ғафлат бедор кардааст, вале дареғ аз ибратомӯзии мо мардуми Тоҷикистон!

Бинобар ин, ба назар мерасад, он чи беш аз ҳама имрӯз мардуми Тоҷикистон ба он ниёз дорад, ин эҷоди як мактабе фарогир аст.

Мактабе маҳалсӯз ва миллатсоз.

Мактабе, ки дар рагҳои ҳамаи шаҳвандони Тоҷикистон хуни якрангӣ ҷорӣ кунад.

Мактабе, ки ба тамоми арзишҳо як бӯй бипошад, бӯи тоҷикистонӣ будан.

Мактабе, ки ҳамаи дардҳои мардумро даво кунад ва ба ҷойи он, танҳо як дард дар вуҷуди мардум эҷод намояд, дарди Тоҷикистон.

Росташ ман намедонам, чӣ гуна бояд чунин мактабе таъсис гардад, инро бояд нухбагону равшанфикрони ҷомеа ҷавоб диҳанд, вале инро медонам, ки имрӯз танҳо роҳи наҷоти миллати Тоҷикистон ҳамин асту бас.

Акс аз Радиои Озодӣ

1 ответ »

  1. Ин шармандагист! Дар руи ъолам миллатро беобуру карданд. О дар худи як догистон чандин миллат хасту вале хама бо як овоз худро догистони мешуморанду байни худ низоъ дошта бошанд хам, дар дохил доранд.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.