Нақду назар

Роҳи чора кадом аст?

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Метавон гуфт, ҳаводиси ҷаҳони араб имрӯз барои диктотурҳои дунё ба як ҷашни пирӯзӣ табдил шудааст. Ва дар ин ҷашни диктотурҳо, намояндаи Тоҷикистон беш аз ҳама пойкӯбӣ дорад. Зеро ин ҳаводис тавре дар ҷаҳони араб рақам хӯрда, ки гуё агар диктотурҳо бар сари ҷойи худ набошанд, ҳатман ҷойи онҳоро терроризм хоҳад гирифт. Бинобар ин, он чи «ҷомеаи ҷаҳонӣ» номида мешавад, имрӯз бо як муаммои лоянҳал рӯбарӯ гаштааст.

Масъала аз ин қарор аст, ки аз тарафе ҳукуматҳои диктотурӣ зидди арзишҳои демукротик ва ноқизи ҳуқуқи башар аст, ва аз тарафе гуё вуҷуди ҳамин диктотурҳо зомини амният ва монеъи терроризм мебошад.

Ин муаммои сиёсӣ имрӯз барои диктотурҳо ба як фурсати тиллоӣ ва оби гилолуде бадал гаштааст, ки ҳар чи метавонанд аз он моҳӣ мегиранд. Бинобар ин, мебинем, ки режими Раҳмон алорағми ҳамаи эътирозоти созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, бо хотири ҷамъ ба саркӯби мухолифини худ идома медиҳад.

Дар чунин фазои олудаи сиёсӣ, ки на танҳо ба нафъи диктотурҳо мебошад, балки метавон гуфт, об ба осиёби онҳо низ мерезад, таклифи мардуми зери зулму истибдод чӣ мешавад?

Оё воқеан мардуми бечора чорае ҷуз ин надоранд, ки тан ба истибдоду бедод диҳанд, вагарна гирифтори терроризм хоҳанд шуд? Роҳи чора чист?

Се қадами сиёсӣ

Ба назар мерасад, озодихоҳон ва гурӯҳҳои мухолиф, дар чунин шароит пеш аз ҳама бояд дунёи сиёсии имрӯзро хуб бишносанд ва дарк кунанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон имрӯзро бо дирӯз муқоиса кард, зеро агар дирӯз дағдағаи аслии дунё демукросӣ (демократия) буд, аммо имрӯз дағдағаи шумораи як барои дунё амният шудааст, ва дигар масъалаи демукросӣ ба масъалаи дараҷаи ду ва ҳатто се танозул ёфтааст.

Ин як воқеият аст, бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки мутаассифона арзишҳои сиёсӣ мисли арзишҳои ахлоқӣ собит нестанд ва ҳамеша мутаассир аз ҳаводиси рӯзгор мебошанд. Бинобар ин, авлавиятҳои сиёсӣ ҳамеша дар ҳоли болову пойин шудан ва ҷо иваз кардан ҳастанд. Мумкин аст, рӯзе бо шиори ҳимоят аз ҳуқуқи коргарон касе мисли Ленин инқилоб кунад ва рӯзе ҳам касе дигар бо шиори ҳимоят аз ҳуқуқи корфармоён. Муҳим шинохти дурусти шароити сиёсии рӯз аст, бинобар ин, Ротшилд дуруст гуфтааст, ки «Кто владеет информацией, тот владеет миром

Баъд аз шинохти дурусти шароит ва авлавиятҳи сиёсии замона, дар қадами баъдӣ бар асоси ниёзҳои ҷомеа ва ҳамон авлвиятҳои сиёсӣ, бояд ба фикри таъсиси идея шуд. Идеяе, ки дар қадами аввал бояд ҷавобгӯи авлавиятҳои сиёсӣ ва ниёзҳои ҳамаи шаҳрвандони ҷомеа бошад ва дар қадами баъд битавонад ҳамаи мухолифинро гирди худ ҷамъ намояд.

Баъд аз он ва дар қадами севвум, бояд бар асоси он идея шиори ягона сохт; шиоре, ки битавонад ба самбули ҳамаи нерӯҳои мухолиф бадал шавад. Албатта ногуфта пайдост, ки муҳимтарин рукни муборизоти сиёсӣ ин иртиботи танготанг барқарор намудан бо мардум аст, то мардум битавонанд бо идея ва шиори мухолифин аз наздик ошно шаванд ва барои дастёбӣ ба он мухолифинро ҳамроҳӣ намоянд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.