Перейти к содержимому

Исботи вуҷуди Худо дар чаҳор маҷлис (12)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал»)

Рози ҳуши ҳайвоноте чун бузи кӯҳӣ, рӯбоҳ ва делфин

Эй Муфаззал! Дар ҳуши ҳайвонот андеша кун ва бингар, ки Худованд — Ҷалла ва Ъало — чӣ гуна аз сари лутфу раҳмат ва барои он ки ҳайвоноти бе ақлу андеша аз неъмате маҳрум нагарданд, дар сиришти онҳо ҳушу киёсат ниҳод?

Навъе бузи нари кӯҳӣ аз морҳо тағзия мекунад, бар асари он, ташнагии сахте меёбад. Аз ҳароси он ки мабодо самм (заҳр) дар ҷонаш мунташир шавад ва ӯро ҳалок гардонад, бар каронаи об меистад, бисёр нола мезанад ва садо мекунад, вале заррае аз он наменӯшад; зеро агар бинӯшад, ба зудӣ ҳалок мегардад.

Бингар, ки сиришти ин ҳайвон чӣ гуна офарида шуда, ки аз ҳароси зиёни нӯшидани об, он ташнагии шадидро бар худ ҳамвор месозад? Ба ростӣ, ки ҳатто инсони андешаманд ва оқил низ ғолибан дар чунин замоне, таҳаммул ва хештандорӣ наметавонад.

Рӯбоҳ низ ҳангоме ки гуруснагии шадид бар ӯ ғолиб меояд, ба пушт мехобад, шикамашро бод мекунад, то парандае мурдааш бипиндорад. Вақте ки бар он нишаст, рӯбоҳ бар он меҷаҳад, ба чангаш меоварад ва онро мехӯрад. Ҷуз он касе ки ин гуна ва аз роҳи ин ҳила ӯҳдадори рӯзии рӯбоҳ шуда чӣ касе рӯбоҳи бе ақлу андешаро бар ин найранг ёрӣ додааст?

Ҳамчунин аз он ҷо ки рӯбоҳ аз он савлат ва қудрат ва тавони ҳамлаварии дигар дарандагон бархӯрдор нест, ба ӯ ҳушу заковат дода шуда, то аз роҳи найранг ва фиреб зиндагӣ кунад.

Делфин ҳам, ки паранда шикор мекунад, ҳангоме ки дар миёни об аст, найранги ӯ барои шикор ин гуна аст: як моҳиро мегирад, мекушад ва онро бар рӯйи об мениҳад, то бар об бимонад. Он гоҳ дар зери он махфӣ мешавад… Вақте ки паранда бар моҳӣ нишаст, ҳамла мебарад ва онро ба чанги худ дармеоварад.

Афъӣ ва абр

Муфаззал мегӯяд: арз кардам: оқо! Аз моҷарои афъӣ ва абр бигӯед. Имом – алайҳис салом — фармуд: абр (аз ҷониби Худой — Ҷалла ва Ъало) гӯӣ, ки вакил аст то ҳар ҷо ки афъиро биёбад, бирубояд ба гунае ки оҳанрубо оҳанро мерубояд. Аз ин рӯ он гоҳ ки фасли борон ва абр аст, ин ҳайвон аз ҳароси абр, сар аз хок берун намеоварад, танҳо ҳангоме сар берун меоварад, ки ҳаво бисёр гарм бошад ва абре дар осмон набошад.

Арз кардам: чаро бояд абр дар камини афъӣ бошад ва агар онро дид, бирубоядаш?

Фармуд: то мардумро аз шарри он халосӣ диҳад.

Мӯрча ва анкабут ва сиришти онҳо

Муфаззал мегӯяд: арз кардам: оқои ман! Дар бораи зиндагии чаҳорпоён нукоте фармудед, ки ҳар ки аҳл ва сазовор аст, дарси ибрат мегирад, ҳол дар бораи мӯрчаи резу дурушт ва паранда бифармоед.

Ҳазрат — алайҳис салом — фармуд: дар сурати кучаки мӯрча бингар, оё дар он чи ки ба маслиҳати ӯст ва ба он ниёзманд аст, камбудӣ мушоҳида мекунӣ? Ҷуз ҳикмати офаринишгар дар резу дурушти офариниш, ин ҳикмат ва тақдири ҳисобшуда дар офариниши ин ҳайвони рез, аз куҷо сарчашма мегирад? Дар зиндагии мӯрчаҳо ва ҳамкории анбӯҳи онҳо дар гирдоварии рӯзӣ ва омода кардани он, нек бингар. Бингар, ҳангоме ки дастае аз онҳо донаҳоро ба маҳалли муртафеъе мебаранд ва захира месозанд, инсон ба ёди талоши мардум дар интиқоли ғизо ба хона меафтад, балки мӯрча дар ин кор беш аз инсон камари ҳиммат мебандад ва саъю талош дорад. Намебинӣ ҳамонанди инсонҳо низ дар ҳамлу интиқоли дона ва ғизо ба лона, якдигарро ёрӣ медиҳанд? Онҳо донаро ба дуним мекунанд, то дона дар лона сабзида нашавад ва корашонро хароб накунад, агар обе ба донаҳо расид, онҳоро берун меоваранд ва хушк мегардонанд. Низ мӯрчаҳо ҷуз дар ҷоҳои боло ва баланд маскан ва лона намегузинанд, то мабодо об дар он бирезад ва ғарқашон созад.

Инҳо ҳама на аз сари андеша ва ақл ва шуъур, ки аз ғариза ва сириште аст, ки Худой — Ҷалла ва Ъало — ба хотири маслиҳат дар онҳо нуҳуфтааст.

Ба лайс (навъе анкабут, ки ба ҷастан магас гирад), ки мардум онро «шермагас» мегӯянд бингар, ки чӣ гуна дар касби рӯзӣ ва маъош, нерӯи фиребандагӣ ба ӯ дода шудааст?

Вақте ки шермагас ҳис мекунад, ки дар наздикии ӯ магас аст, онро мӯҳлат медиҳад ва қадре худро беҳаракат нигоҳ медорад. Магас мутмаин мешавад, ки шермагас мурдааст, дар натиҷа аз он ғафлат мекунад. Ногоҳ бо ҳаракате дақиқ, ҳисобшуда ва сареъ, онро мегирад. Он гоҳ бо тамоми вуҷуд онро дар бар мегирад, ки мабодо аз чангаш озод шавад. Ҳамчунон дар ин ҳолат нигоҳаш медорад то вақте ки ҳис мекунад суст ва беҷон шудааст, дар ин вақт онро медарад ва мехӯрад ва бад-ин васила зинда мемонад.

Анкабут низ он торро метанад ва аз он ба унвони доми магасҳо истифода мекунад. Дар ин замон худро дар миёни торҳо пӯшида менамояд. Он гоҳ ки магас дар тораш гирифтор омад, соат ба соат онро неш мезанад ва аз он тағзия мекунад ва бад-ин васила зинда мемонад.

Он ҳайвон намоёнгари шикори сагон ва шерон аст ва ин ҳайвон намунаи кучаке аз шикор бо дому тӯр аст.

Ба ин ҷунбандаи заъиф ва кучак бингар, ки чӣ гуна дар сиришти он чизе офарида шуда, ки одамӣ танҳо бо ҳила ва бакоргирии абзор ва олот метавонад онро анҷом диҳад. Агар дар чизе кучак монанди мӯрча ва мӯр ва ғайра… ибрат ва дарси омӯзандае ҳаст, онро ба хотири кучак будани онҳо ҳақир мадор, зеро гоҳ як маънӣ ва мафҳуми бисёр нафис ва гаронқадре бо як чизи кучак ва ночиз санҷида мешавад ва ин кор ба ҳеч рӯй аз қадр ва арзиши он маънии арзишманд намекоҳад; чунон ки агар динори тиллоро бо вазнаи оҳане вазн кунанд, ҳеч гоҳ аз қимати он тилло коста намешавад.

Ҳикматҳои нуҳуфта дар офариниши паранда

Эй Муфаззал! Дар ҷисм ва офариниши паранда бингар. Он гоҳ ки тақдир ва ҳикмат бар он таъаллуқ гирифт, ки паранда дар осмон бошад, танаш сабук ва некӯ офарида шуд ва ба ҷойи чаҳор дасту по танҳо ду по ва ба ҷойи панҷ ангушт чаҳор ангушт ва ба ҷойи ду махраҷи бавлу фузулот як махраҷ ба он дода шуд.

Чунон ки қисмати пешини киштӣ тезу борик аст ва обро мешикофад ва пеш меравад, сина ва ҷилави паранда низ ба гунае шабеҳи киштӣ аст, то ҳаворо бишкофад ва чунон ки хоҳад ба парвоз дарояд. Ҳамчунин дар болҳо ва думаш парҳои баланде ниҳода шуда, то ба роҳатӣ ӯро барои парвоз баланд кунанд. Тамоми баданаш пӯшида аз пар аст, то ҳаво дар онҳо нуфуз кунад ва ба роҳатӣ дар иртифоъи боло бимонад ва парвоз кунад.

Аз он ҷо ки ҳикмат чунин таъаллуқ гирифт, ки ғизои парандагон аз дона ва гӯшт бошад ва бояд онҳоро бидуни ҷавидан фурӯ баранд, ҳамонанди лабу дандони одамӣ барои онҳо офарида нашуд, балки минқоре тез ва сахт ба онҳо дода шуд, то ғизоро бо он баргиранд ва бихӯранд ва аз чидан ва шикастани донаҳои сахт (аз замини ноҳамвор) пора нашавад ва аз пора кардани гӯшт нашиканад.

Аз он ҷо ки паранда дандон надорад ва донаро солим ва гӯштро сахт ва нопухта фурӯ мебарад, дар даруни он ҳарорате ниҳода шуда, ки донаро чунон хурд ва осиёб мекунад, ки аз ҷавидан бениёз мегардад. Ба хотири набудани ин нерӯ дар инсон (агар ин донаҳоро одамӣ ноҷавида фурӯ барад), ба ҳамон шакли солим дафъ мегардад, вале ҳамин донаҳои солим дар даруни паранда чунон хурд мегардад, ки асаре аз он намемонад.

Низ тақдир чунон шуд, ки парандагон тухм гузоранд ва бачча назоянд, то дар вақти парвоз сангин набошанд. Агар фарзанд дар шиками онҳо бимонад, то қавӣ шавад (чунон ки дар пистондорон чунин аст), сангинии он онҳоро аз бархостан ва парвоз нигоҳ медорад. Пас, ҳама чизи парандагон чунон офарида шуда, ки бо вижагиҳои онҳо мутаносиб ва ҳамоҳанг бошад.

Он гоҳ парандае, ки ғолибан дар парвоз ва гашт аст, гоҳ ҳафтае, бархе ду ҳафта ва бархе дигар се ҳафта бар тухми худ мехобанд, то онро бипарваронанд ва ҷӯҷа аз тухм берун ояд. Чун ҷӯҷа берун омад, бод дар дили ҷӯҷа медамад, то чинадонаш гушода гардад ва битавонад ғизоро ҷой диҳад. Он гоҳ ӯро ғизое муносиб ва созгор медиҳад ва бузург мекунад.

Чӣ касе тадбир чунон намуда, ки ӯ ғизо ва дона барчинад ва дар чинадон резад ва он гоҳ барои ҷӯҷааш донаҳоро бароварад? Чаро ин гуна худро дар ранҷу сахтӣ меафканад ва ҳол он ки ақлу андеша надорад ва аз ҷӯҷааш интизоре, ки одамиён аз фарзанд доранд монанди фахр, иззат, ёрӣ ва мондагории ном надорад?

Худованд — Ҷалла ва Ъало — аз сари лутфу каромат, чунон тадбир намуда, ки ӯ бидуни андеша дар ин умур, аз сари ғаризаи худододӣ ҷӯҷаашро дӯст дорад ва ғизояш диҳад, то насли онҳо пойдор монад.

Бингар, ки мурғ чӣ гуна шӯри тухмгузорӣ ва парвариши ҷӯҷа дар сар дорад, ҳол он ки ҷой ва лонаи муносибе барои гирд овардани тухмҳо дар он надорад? Мурғ дар ин замон барангехта мешавад. Тухм мегузорад ва гурусна мемонад ва чизе намехӯрад, то тухмҳояш гирд оянд ва онҳоро бипарваронад ва ҷӯҷа гардонад. Ростӣ, оё ин ҷуз барои мондагории насл аст? Ва бо ин ки мурғ дарку андеша надорад, чаро барои бақои насл ин гуна мекӯшад? Оё ҷуз барои он аст, ки офаринишгари ҳаким ин нерӯро дар сиришт ва ғаризаи ӯ ниҳодааст?

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: