Перейти к содержимому

Роҳпаймоии мухолифони тоҷик дар Олмон (тасовир)

Тазоҳуркунандагон дар шаҳри Бонни Олмон, бо судури баёния, аз Иттиҳоди Урупо дархост кардаанд, ки «тамоми кӯмакҳое, ки аз ҷониби Иттиҳоди Урупо ба режими Раҳмон ҷудо мегарданд, қатъ шаванд.»

Ба гузориши сойти Payom, дирӯз (18.05.2016) дар шаҳри Бонни Олмон, назди бинои порлумони Иттиҳоди Урупо шуморе аз ҷавонони тоҷики муқими Урупо даст ба тазоҳурот заданд. Гирдиҳамомадагон ин тазоҳуротро “ба хотири норизоӣ аз барпо шудани раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон” унвон карданд.

Дар баёнияи тазоҳуркунандагон омдааст:

«Мо шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар назди комисиюни Иттиҳодияи Урупо ҷамъ омадем, то садои худро ба ҷаҳониён бирасонем.

Бирасонем, ки дар кишвари мо чӣ мегузарад, миллати мо дар чӣ ҳол аст? Чаро кишвари моро ҷомеаи ҷаҳонӣ фаромӯш кардааст?

Тоҷикистон, ҳамчун як кишвари хурди ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯли 24 сол мешавад, ки дар он як «ҳукумати пулисӣ» ҳукмрон аст. Ҷое, ки ҳуқуқи инсон ҳамарӯза поймол мегардад ва касе ҳаққи дифоъ аз худ надорад. Ҷое, ки ба арзишҳои инсонӣ таҷовуз мешавад.

Мухтасаран, Тоҷикистонро метавон бузургтарин зиндони руи дунё номид.

Ин зиндони даҳшатангезро, шахсе ба номи Эмомалӣ Раҳмон сохта, роҳбарӣ мекунад.

Миллати Тоҷик, ки тули 24 сол бо умеде, ки ин наҳанги мардумхор рӯзе аз сари қудрат меравад ва ин ҳама зулму ситам хотима меёбад, ба ин ранҷу азобу машаққат сабр мекарданд…Аммо имрӯз бо тағйиру иловаҳо дар сарқонунӣ кишвар, мисле, ки ин қисса давом меёбад. Акнун яқинан маълум гашт, ки ин шахс ҷое рафтанӣ нест, ва даъвоҳои демократии ӯ дурӯғ ва бе асос мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳазорҳо ҷавонро маҷбуран ба хиёбонҳо мекашад, то ҷаҳонро мутақоид созад, ки мардум маро дуст медоранд. Айнан ҳамон услубе, ки диктотурҳо истифода мебурданд ва саранҷом дидем сарнавишти онҳоро.

Аммо ғофил аз он, ки усули демократӣ омадану рафтан дорад.

Ин шахси мариз гумон дорад, ки Барак Обама, Ангела Меркел, Дэвид Камерон ва Франсуа Ҳоландро мардумашон дуст намедоранд ва онҳо тарафдор надоранд. Чун агар маҳбубият медоштанд ҳатман мисли ман як умр ҳукумрон мемонданд.

Комисиёни Иттиҳодияи Урупо, ҳамчун як ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ ва таъсиргузор бешубҳа метавонад дар наҷоти Миллати Тоҷик саҳм гузорад.

Дар поён аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост мешавад;

1. Аз Иттиҳоди Урупо пурсида мешавад, ки марҳилаи баёнияҳо ва суханрониҳои хушку холиро убур карда, ба чораҳои ҷидди ва амалӣ гузарад.

2. Мо ба ин бовар ҳастем, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои Сурии худ фарқияте надорад ва як шарт ба мардум гузоштаст «Ё ман ё ба оташ кашидани кишвар».

Бинобарин, мо талаб мекунем, қабл аз он, ки амнияти минтақа ба хотири як курсӣ халалдор шавад, чорае андешида шавад.

3. Тамоми кумакҳое, ки аз ҷониби Иттиҳоди Урупо ба режими Раҳмон ҷудо мегарданд, қатъ карда шаванд.

4. Болои режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон барои нақзи уҳдадориҳои байналмиллалӣ фишор оварда шавад.

5. Бастани тамоми суратҳисобҳои бонкии Эмомалӣ Раҳмон ва наздиконаш дар қаламрави Урупо, ки милиардҳо доллар арзёбӣ мешаванд.

6. Боз кардани парвандаи ҷиноӣ назди судҳои байналмиллалии Иттиҳоди Урупо ба Эмомалӣ Шарипович Раҳмон бо иртикоби ҷурми «Наслкушӣ

Тасовире аз ин роҳпаймоӣ:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: