Перейти к содержимому

Тазоҳуроти мухолифони тоҷик дар Истанбули Туркия (тасовир)

Тазоҳуркунандагон дар шаҳри Истанбули Туркия, бо судури баёнияе, хитоб ба мардуми шарифи Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки «бо ширкат дар референдуми дурӯғин занҷири ғуломиро бо дастони худ ба гарданашон наовезанд ва дар ин мазҳакаи сиёсӣ ширкат нанамоянд.»

Имрӯз (19.05.2016) дар шаҳри Истанбули Туркия, дар баробари консулгарии Тоҷикистон, тазоҳуроти гурӯҳе аз ҷавонон, ки дар эътироз ба дархости ҳукмҳои сангин ба аъзои Раёсати Олии ҲНИТ ва раъйпурсии 22-май ҷамъ омадаанд, баргузор шуд.

Дар поёни ин тазоҳурот, гирдиҳамомадагон баёнияе содир кардаанд, ки ба шари зерин аст:

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Истамбули Туркия гирди ҳам омадем, то паёми худро ба режими ҷинояткори Эмомалӣ Раҳмон, мардуми шарифи Тоҷикистон ва кишварҳои дӯст бирасонем. Паёми мо ба режим ин аст, ки намешавад ҳамеша бо дурӯғ, тӯҳмат, саркӯбкунӣ, шиканҷа, ғорати мардуми худ, ҳабсҳои тӯлонӣ ва қатлу куштор ҳукумат кард. Шумо ҳоло фурсат доред, ки Тоҷикистонро ба соҳибони воқеъияш — мардуми шарифи он вогузор кунед. Дар акси ҳол бо ин ҳама зулме, ки сари ин мардум кардаед, ҳаргиз умеди бахшише бароятон нест. Паёми мо ба мардуми шарифу ситамдидаи Тоҷикистон ин аст, ки ин режими ҷинояткор барои монданаш дар сари қудрат ҳама ҷиноятҳоро анҷом дод. 24 сол аст, ки кишвар ва мардумро ғорат мекунад, беҳтарин фарзандонашро ё мекушад ё ба маҳбас мефиристад, боигариҳои онро бо пули ночизе мефурӯшад ё азхуд мекунад, ба номусу ҳарими мардум дастдарозӣ мекунад, замини ватанро мефурӯшад, бегуноҳонро барои муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндону гунаҳкоронро озод мекунад.

Ба хусус бо туҳмату буҳтон равонаи зиндон кардани роҳбарият ва ҷонибдорони Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон ва талаби ҳабсҳои якумрӣ ва тулонӣ барои онҳо ҷинояти нобахшиданист.

Мо ин амали зиддиинсонӣ ва золимонаи режимро маҳкум намуда, озодии ҳарчи зудтари онҳо ва дигар зиндониёни сиёсиро талаб менамоем. Мо эълон мекунем, ки то озодии ин боздоштшудаҳо ва тамоми зиндониёни сиёсӣ бо истифода аз тамоми василаҳои машруъ муборизаи худро идома хоҳем дод.

Аз мардуми шарифи кишварамон низ хоҳиши онро дорем, ки бо ширкат дар референдуми дуруғин занҷири ғуломиро бо дастони худ ба гарданашон наовезанд ва дар ин мазҳакаи сиёсӣ ширкат нанамоянд.

Мо аз тамоми кормандони мақомоти қудратӣ ва суду прокурорҳо даъват мекунем аз шарик будан дар ҷиноятҳои ин режим худро канор гиранд ва дастонашонро бо молу хуни мардум олуда насозанд. Зеро ҳукуматҳо мераванд ва миллатҳо ҳастанд, ки боқӣ мемонанд.

Паёми мо ба кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмиллалӣ, ба хусус СММ, ИА, СҲИ, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Давлати Исломии Покистон, Давлати исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ин аст, ки ба кафолати додаашон амал намоянд. Зеро дар 23 соли пеш Иттиҳоди неруҳои Опозитсионии Тоҷикистон бо кафолат ва таъйиди шумо ба созишномаи сулҳ имзо гузошт ва то охир ба он пойбанд монд. Аммо режими Раҳмон ба волотарин арзиши инсонӣ яъне сулҳ хиёнат намуд. Қобили зикр аст, ки мо бо вуҷуди муроҷиатҳои мукаррар то ҳол аз ҷониби ин созмонҳо ва кишварҳо посух нагирифтаем. Бинобарин аз шумо талаб дорем, ки ба имзои гузоштаатон ва кафолати додаатон амал намуда, барои наҷоти миллати тоҷик ва кишвари тоҷикистон аз диктатурӣ ва бозгардондани сулҳи воқеӣ ба он вориди амал шавед. Коре кунед, ки кумакҳои башардӯстонаи шумо зидди миллат ва барои таҳкими диктатура истифода нашаванд.

19 май 2016

Истанбул Туркия

Тасовире аз ин гирдиҳамоӣ:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: