Сиёсат

Боздоштҳои густардаи наздикони фаъолони ҲНИТ дар Тоҷикистон

AB37B2C6-261C-418C-8C17-C3577C826935_mw1024_s_nДирӯз, баъд аз эъломи баргузории тазоҳурот аз сӯйи фаъолон ва ҳаводорони ҲНИТ дар Истанбули Туркия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон, наздикон ва бастагони шуморе аз раҳбарон ва фаъолони ҲНИТ-ро боздошт кардааст.

Боздошти бастагони раҳбари ҲНИТ

Ба гузориши сойти Payom, баъди эъломи тазоҳурот дар Истанбули Туркия, тамоми наздикони раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, бо шумули бародар ва падари 95-солаашу занону кӯдакон аз тарафи КДАМ боздошт ва ба самти номаълум бурда шудаанд ва то ҳанӯз аз эшон дараке нест.

Бар асоси ин гузориш, шумори боздоштшудагон ҳанӯз дақиқ нест, вале ҳеч нафаре — на занон ва на кӯдакону пиронсолон аз наздикони Муҳиддин Кабириро боқӣ нагузошта, ҳамаро бурдаанд. То ҳанӯз макони нигоҳдории эшон маълум нест ва телефонҳояшон ҳам дастнорас аст.

Боздошти писари дуввуми Раҳматуллоҳи Раҷаб

Бар пояи гузориши сойти Payom, писари дуввуми Раҳматуллоҳи Раҷаб — Фаррухи Раҳматуллоҳ аз тарафи кормандони КДАМ ба хотири ширкати бародараш Шӯҳрат дар тазоҳуроти Истанбул, боздошт шудааст.

Гузориш меафзояд, баъди нашри хабари боздошти Фаррух, кормандони КДАМ ба хонаи Раҳматуллоҳи Раҷаб рафта, хостаанд ҳамсари ӯро ҳам боздошт кунанд. Сабабаш зоҳиран ин будааст, ки гумон кардаанд, иттилоъро ба Payom модари Фаррух додааст.

Ба хонуми Раҳматуллоҳи Раҷаб муяссар шудааст, ки бо доду вой аз дасти кормандони амниятӣ халос шавад.

Амниятиҳо телефони дасти Фаррухро ба модараш дода, гуфтаанд, ки Фаррух то субҳ дар боздоштгоҳи Кумитаи амният мемонад.

Боздошти падари Бобоҷони Қаюмзод

Бар асоси гузориши Payom, падари Бобоҷони Қаюмзод, масъули бахши ховаримиёнагии ҲНИТ, тақрибан соатҳои 11-и имрӯз бо даъвати масъулини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба онҷо рафта, бедарак шудааст.

Сабаби даъвати падари Бобоҷон тибқи ин гузориш тазоҳуроте будааст, ки дирӯз дар Истанбул баргузор шудааст. Дар он тазоҳурот Бобоҷони Қаюмзод ширкат ва суханронӣ намудааст.

Аз соати 11-и субҳ то ҳанӯз, аз падари Бобоҷон ҳеҷ иттилое нест ва телефони дастиаш ҳам ҷавоб намедиҳад. Бобоҷон мегӯяд, қаблан ҳам падари ӯро борҳо ба Кумитаи амният ва ВКД бурда бозпурсиву таҳдид карда буданд. Аммо баъди он, ки ин боздоштҳо чанд маротиба расонаӣ шуданд, кормандони КДАМ ба падараш фишор оварда, таҳдид кардаанд, ки минбаъд аз боздоштҳо ба писараш иттилоъ надиҳад.

Ӯ мегӯяд, чанд бор аз тариқи дигарон ҳам иттилоъ гирифтааст, ки падарашро бозпурсӣ кардаанд, аммо зоҳиран худи падараш бино бар фишори шадиди амниятиҳо, аз ифшои онҳо худдорӣ мекунад.

Рубрики:Сиёсат

Помечен как:, ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.