Перейти к содержимому

Синни ҳазрати Оиша (р) ҳангоми издивоҷ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

imageЯке аз масоиле, ки дар забонҳо бисёр ҷорист ва барои иддае ғаразварз низ баҳонае шуда, то бар ислом ва вуҷуди нозанини ҳазрати Паёмбар (с) битозанд, синни Уммулмуъминин ҳазрати Оиша (р) ҳангоми издивоҷ бо он ҷаноб (с) аст. Пештар (ба назарам, 2 сол қабл) дар посух ба пурсише, пиромуни ин мавзӯъ навишта будам, вале чун имрӯзҳо низ ин масъала барангехта мешавад, лозим дидам, ҳамон баҳсро муҷададан матраҳ кунам.

Тавзеҳ он ки: бо вуҷуди ин ки дар порае аз ривоятҳо синни ҳазрати Оиша (р) ҳангоми издивоҷ 9 сол зикр шудааст, вале таҳқиқ ва пажӯҳиши дақиқ дар ин мавзӯъ (бо диққат дар ҳамаи ривоятҳо ва ахбори ворида дар ин замина) нишон медиҳад, ҳақиқат чизе дигар будааст.

Ҳол, ба нукоти зайл таваҷҷӯҳ бифармоед:

1. Имом Бухорӣ, дар бораи торихи издивоҷи Расули Худо (с) бо ҳазрати Оиша, аз забони худи Уммулмуъминин Оиша (р) нақл мекунад, ки Расули Худо 3 сол баъд аз ҳазрати Хадиҷа (р) бо ӯ издивоҷ кардааст:

حَدَّثَنَا قُتَيْبَةُ بْنُ سَعِيدٍ حَدَّثَنَا حُمَيْدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ عَنْ هِشَامِ بْنِ عُرْوَةَ عَنْ أَبِيهِ عَنْ عَائِشَةَ — رضى الله عنها — قَالَتْ مَا غِرْتُ عَلَى امْرَأَةٍ مَا غِرْتُ عَلَى خَدِيجَةَ مِنْ كَثْرَةِ ذِكْرِ رَسُولِ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — إِيَّاهَا. قَالَتْ وَتَزَوَّجَنِى بَعْدَهَا بِثَلاَثِ سِنِينَ وَأَمَرَهُ رَبُّهُ عَزَّ وَجَلَّ أَوْ جِبْرِيلُ — عَلَيْهِ السَّلاَمُ — أَنْ يُبَشِّرَهَا بِبَيْتٍ فِى الْجَنَّةِ مِنْ قَصَبٍ

Дар ин ривоят ҳазрати Оиша (р) мегӯяд, ки ба ҳеч зане ба андозае, ки ба Хадиҷа рашк кардаам, рашк накардам; зеро Расули Худо (с) аз ӯ зиёд ёд мекард. Сипас мегӯяд: «Расули Худо (с) 3 сол баъд аз Хадиҷа бо ман издивоҷ кард. Худованд ба Расули Худо (с) ва ё Ҷабраил (а) дастур дод, ки ба Хадиҷа салом расонда ва ӯро ба хонае дар биҳишт башорат диҳад, ки аз най сохта шудааст.» (Саҳеҳ Бухорӣ, 13/131, Ашомила)

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳазрати Хадиҷа (р) дар соли 10-уми паёмбарӣ аз дунё рафтаанд, пас замони издивоҷи Расули Худо (с) бо ҳазрати Оиша (р) дар соли 13-уми паёмбарӣ будааст.

Абуҳафс Умар ибни Алии Ансорӣ баъд аз нақли ривояти Имом Бухорӣ мегӯяд:

وبنى بها بالمدينة في شوال في السنة الثانية

«Расули Худо (с) дар соли дуввуми ҳиҷрӣ ҳазрати Оишаро ба хонаи худ овард.» (Ғоятус саул фи хасоисир Расул (с), 1/56, Ашшомила)

Тибқи ин нақл, Расули Худо (с) дар соли 13-уми паёмбарӣ ҳазрати Оишаро ба ақди худ дароварда ва дар соли дуввуми ҳиҷрӣ расман бо ӯ арӯсӣ кардаанд.

Аз нақли бархе дигар аз торихнигорон ба ин натиҷа мерасем, ки издивоҷи Расули Худо (с) бо ҳазрати Оиша дар соли 4-уми ҳиҷрӣ будааст. Билозарӣ дар “Ансобул-ашроф” дар шарҳи ҳоли Савда, ҳамсари дигари Расули Худо (с), менависад:

فكانت أول امرأة وطئها بالمدينة

«Расули Худо (с) баъд аз Хадиҷа, чанд моҳ қабл аз ҳиҷрат бо Савда бинти Зумъа издивоҷ кард ва ӯ нахустин ҳамсаре буд, ки Расули Худо (с) дар Мадина бо ӯ ҳамбистар шуд.» (Ансобул-ашроф, 1-407, Ашшомила)

Аз тарафи дигар, Заҳабӣ мегӯяд, Савда 4 сол танҳо ҳамсари Расули Худо (с) будааст:

وتوفيت في آخر خلافة عمر، وقد انفردت بصحبة النبي صلى الله عليه وسلم أربع سنين لا تشاركها فيه امرأة ولا سرية، ثم بنى بعائشة بعد

«Савда дар соли охири хилофати ҳазрати Умар (р) аз дунё рафт, ӯ 4 сол танҳо ҳамсари Расули Худо (с) буд, ҳеч зане дар он 4 сол бо Савда дар ин амр (амри издивоҷ) шарик набуд, сипас Расули Худо (с) бо ҳазрати Оиша издивоҷ кард.» (Торихул-исломи Заҳабӣ, 3/288, Ашшомила)

Бо ин ҳисоб, ҳазрати Оиша (р) дар соли 4-уми ҳиҷрат, 4 сол баъд аз издивоҷи Расули Худо (с) бо Савда, бо он ҳазрат (с) издивоҷ кардааст.

Феълан он чиро овардем, дар зеҳн дошта бошед.

2. Акнун, бо муроҷеа ба мадорик ва асноди торихӣ, синни ҳазрати Оиша (р)-ро дар ҳангоми издивоҷ баррасӣ хоҳем кард:

Муқоисаи синни ҳазрати Оиша бо синни хоҳараш Асмо бинти Абӯбакр:

Яке аз масоиле, ки синни дақиқи ҳазрати Оишаро дар ҳангоми издивоҷ бо Расули Худо (с) ба исбот мерасонад, муқоисаи синни ӯ бо синни хоҳараш Асмо бинти Абӯбакр аст. Тибқи нақли торихнигорон, Асмо 10 сол аз ҳазрати Оиша бузургтар буда ва дар соли аввали ҳиҷрӣ 27 сол доштааст. Ҳамчунин дар соли 73 аз дунё рафта, дар ҳоле ки 100 сола будааст.

Абӯнаъими Исфаҳонӣ дар “Маърифатус-саҳоба” менависад:

أَسْمَاءُ بِنْتُ أَبِي بَكْرٍ الصِّدِّيقِ… كَانَتْ أُخْتَ عَائِشَةَ لِأَبِيهَا، وَكَانَتْ أَسَنَّ مِنْ عَائِشَةَ، وُلِدَتْ قَبْلَ التَّأْرِيخِ بِسَبْعٍ وَعِشْرِينَ سَنَةً

«Асмо духтари Абӯбакри Сиддиқ, аз ҷониби падар хоҳари ҳазрати Оиша ва аз ӯ бузургтар буд. Асмо 27 сол қабл аз торих (ҳиҷрат) ба дунё омад.» (Маърифатус-саҳоба, 6/3253, Ашшомила)

Табаронӣ менависад:

ماتت أسماء بنت أبي بكر الصديق سنة ثلاث وسبعين بعد ابنها عبد الله بن الزبير… وكان لأسماء يوم ماتت مائة سنة ولدت قبل التاريخ بسبع وعشرين سنة

«Асмо духтари Абӯбакр дар соли 73 ва баъд аз писараш Абдуллоҳ ибни Зубайр аз дунё рафт. Асмо дар ҳангоми вафот 100 сол дошт, 27 сол қабл аз торих (ҳиҷрат) ба дунё омада буд.» (Алмуъҷамул-кабир, 24/77, Ашшомила)

Ибни Асокир низ менависад:

كانت أخت عائشة لأبيها وكانت أسن من عائشة ولدت قبل التاريخ بسبع وعشرين سنة

«Асмо аз ҷониби падар хоҳари ҳазрати Оиша ва бузургтар аз вай буд, Асмо 27 сол қабл аз торих (ҳиҷрат) ба дунё омада буд.» (Торихи Димишқ, 69/9, Ашшомила)

Байҳақӣ нақл мекунад, ки Асмо 10 сол аз ҳазрати Оиша бузургтар будааст:

أَسْمَاءَ بِنْتَ أَبِى بَكْرٍ كَانَتْ أَكْبَرُ مِنْ عَائِشَةَ بِعَشْرِ سِنِينَ

«Аз Ибни Абизинод нақл шудааст, ки Асмо духтари Абӯбакр 10 сол аз ҳазрати Оиша бузургтар будааст.» (Сунанул-Байҳақӣ, 2/85, Ашшомила)

Ҳоло диққат бифармоед:

Асмо дар соли аввали паёмбарӣ 14 сола ва 10 сол аз ҳазрати Оиша бузургтар будааст. Пас, ҳазрати Оиша (р) дар соли аввали паёмбарӣ, 4-сола ва дар соли 13 паёмбарӣ (соли ақд бо Расули Худо (с)) 17-сола ва дар шавволи соли дуввуми ҳиҷрат (соли издивоҷи расмӣ бо Паёмбар (с)) 19-сола будааст.

Аз тарафи дигар: Асмо дар соли 73 садсола буда. 100 минҳои 73 баробар аст бо 27. Пас дар соли аввали ҳиҷрат, 27 сол доштааст.

Асмо аз ҳазрати Оиша 10 сол бузургтар буда. 27 минҳои 10 баробар аст бо 17.

Пас, ҳазрати Оиша (р) дар соли аввали ҳиҷрат 17 сол син доштааст. Пеш аз ин собит кардем, ки Паёмбар (с) дар шавволи соли дуввуми ҳиҷрӣ расман бо ҳазрати Оиша (р) издивоҷ кардааст, яъне ҳазрати Оиша дар ҳангоми издивоҷ бо Расули Худо (с), 19 сол доштааст.

Ва аммо ривоятҳое, ки мегӯяд, ҳазрати Оиша дар 9-солагӣ ё камтар ё бештар издивоҷ карда ва ин син муносиб барои издивоҷ нест, аз дурӯғҳое аст, ки бо воқеиятҳои торихӣ (чунон ки овардем) созгорӣ надорад, ҳарчанд дар бархе манобеи ривоӣ ва ҳадисӣ ва торихӣ ба он тасреҳ шуда бошад; зеро мо ба ҷуз Қуръони Карим ҳеч манбаъе, ки аз таҳриф ҷон ба саломат бурда бошад, надорем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: