Перейти к содержимому

«Тоҷикистон ба далели мудирияти ғалати як гурӯҳ, ба ақибмондатарин кишвари ҷаҳон табдил шуда»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар дидор ва гуфтугӯ бо намояндагони созмонҳои мухталифи ҳуқуқи башарӣ дар Урупо, бо баёни он ки «мусибатҳои миллати тоҷик аз дигар нуқтаҳои доғи ҷаҳон камтар нест, вале таҳти таъсири омилҳои гуногун, ҷомеи ҷаҳонӣ хеле дер аз вазъи душвори ин миллат огоҳ мешавад», таъкид кардааст: «Ин кишвари зебо ва дорои сарватҳои инсониву табиӣ дар натиҷаи мудирияти ғалати як гурӯҳ, ба қашшоқтарин ва ақибмондатарин кишвари ҷаҳон табдил шудааст. Саркӯб кардани мухолифини сиёсӣ ва мазҳабӣ ба иловаи нокомиҳо дар иқтисод ва иҷтимоиёт, вазъи кишварро ба бадтарин ҳолати худ расонида, кишварро дар рӯбарӯи як фоҷеаи инсонӣ қарор додааст.»

Ба гузориши сойти Payom, раиси ҲНИТ ҳафтаи ҷорӣ бо даъвати муштараки якчанд созмони
байналмилалӣ, ба шаҳри Женеваи Швейтcария сафари серӯза анҷом дод ва бо намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва дипломатҳои мавҷуд дар ин кишвар мулоқотҳо анҷом дод.

Бар пояи ин гузориш, 6-уми майи соли ҷорӣ дар Женева гузориши навбатии Тоҷикистон оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи башар шунида ва мавриди баҳс қарор гирифт. Бори аввал вазъи бади ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ дар СММ аз тарафи кишварҳои гуногун мавриди интиқоди шадид қарор гирифт ва ба ҷуз Чин дигар кишваре аз Ҳукумати ҶТ пуштибонӣ накард.

Гузориш афзудааст, раиси ҲНИТ ба намояндагони созмонҳо ва кишварҳое, ки ба мушкилоти миллати тоҷик таваҷҷӯҳ намуданд, изҳори ташаккур карда, нақши созмонҳои ватанӣ ва хориҷии дифоъ аз ҳуқуқи башарро дар пешгирӣ аз ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқ ва фошкориҳои ҷиноятҳои марбут ба он муҳим донист.

Вай аз ҷумла ёдовар шудааст: «Мусибатҳои миллати тоҷик аз дигар нуқтаҳои доғи ҷаҳон камтар нест, вале таҳти таъсири омилҳои гуногун, ҷомеъи ҷаҳонӣ хеле дер аз вазъи душвори ин миллат огоҳ мешавад

Кабирӣ афзуда: «Ин кишвари зебо ва дорои сарватҳои инсониву табиӣ дар натиҷаи мудирияти ғалати як гурӯҳ, ба қашшоқтарин ва ақибмондатарин кишвари ҷаҳон табдил шудааст. Саркӯб кардани мухолифини сиёсӣ ва мазҳабӣ ба иловаи нокомиҳо дар иқтисод ва иҷтимоиёт, вазъи кишварро ба бадтарин ҳолати худ расонида, кишварро дар рӯбарӯи як фоҷеаи инсонӣ қарор додааст

Тибқи ин гузориш, дар дидорҳои раиси ҲНИТ бо ин созмонҳо, раванди зиёдшавии муҳоҷирини тоҷик ба Қрупо ва сабабҳову оқибатҳои он низ баррасӣ шуд. Тарафҳо омилҳои асосии мавҷи нави хиҷратро дар фишорҳои сиёсиву динӣ, дилсардӣ аз сиёсатҳои ҳокимони кишвар ва ноумедӣ нисбати ояндаи худ ва фарзандон дар аксарияти сокинон донистанд.

Дар ин дидорҳо ҳамчунин таъкид шуда, ки идомаи ин вазъ метавонад ҳам барои Урупо ва ҳам Тоҷикистон оқибатҳои ногувори сиёсӣ ва амниятӣ дошта бошад.

Инчунин, масъалаи рушди ифротгароӣ дар минтақа ва пайвастани ҷавонони бештари тоҷик ба гурӯҳҳои родикол, яке аз мавзӯъҳои дигари дидорҳо бо раиси ҲНИТ будааст, ки боиси нигаронии созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои урупоӣ гаштааст.

Раиси ҲНИТ ҳукуматҳои худкома ва камбуди озодиҳову имкониятҳоро сабабҳои асосии ноумедии ҷавонон ва пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав дониста афзудааст: «Ҳукуматҳои худкома ва золим ҳастанд, ки ҷавононро ба самти тундгароӣ равона мекунанд. Чун ҳамаи роҳҳои рушд барои ҷавонони огоҳу бедор баста шудааст, озодиҳои сиёсиву динӣ маҳдуд шудаанд, дар Ватан ва муҳоҷират ҳамарӯза таҳқиру зулми полис ва мақомот дуҷониба мешаванд. Танҳо роҳи пайдо кардани ҷои муносиб дар сиёсат, тиҷорат ва фарҳанг барои ин ҷавонон чоплусӣ, порадиҳӣ ё хешутаборчигӣ мондааст, ки як ҷавони огоҳу бовиҷдон ин роҳҳоро барои худ муносиб намедонад

Бар асоси ин гузориш, раиси ҲНИТ дар гуфтугӯ бо ҳамсӯҳбатони урупоии худ гуфтааст: «Танҳо
ҷавононро гунаҳкор донистан дар масъалаи ифротгароӣ ин таҳқири бештари ҷавонон мебошад, ки бе ин ҳам пайваста аз тарафи ҳукуматҳои худ ва пулиси кишварҳои муҳоҷират таҳқир мешаванд. Агар мехоҳем бо ифротгароӣ мубориза барем, бояд аввал решаи он, яъне зулму фасод, камбизоатӣ ва ноумедшавии ҷавононро дар ин кишварҳо аз байн бурд

Кабирӣ афзуда: «Ҷавоне, ки ҳуқуқи сиёсӣ ва диниву иқтисодиаш риоят мешавад, имконияти хуб барои таҳсил, кор ва рушд дорад, хеле кам воқеъ мешавад, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро бипайвандад. Шароити бади сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ифротгароиро ба вуҷуд меорад, на дину мазҳаб, миллат ё кишвари хосс. Ҳар қадар диктатура ва зулм дар ҷаҳони саввум идома дошта бошад, ҳамон қадар ин кишварҳо муҳоҷир ва ифротгаро тавлид хоҳанд кард

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: