Нақду назар

Уммати исломӣ нисбат ба мушкили мусалмонони Тоҷикистон масъулият дорад

Ёддошти дуктур Амини Асадӣ дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Faryadha

0099Давлате, ки 26 сол бо як раисиҷумҳур ба мардум ҳукумат мекунад, чӣ тавр метавонад фаъолияти танҳо ҳизби қонунгарои исломии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ва ифротӣ бихонад?

Ишора: Дуктур Амини Асадӣ, дабири кулли ҷамъияти донишҷӯии Ҳуқуқи Башари Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар ёддоште, ба баррасии абъоди зидди ҳуқуқи башарии иқдомоти ахири давлати Тоҷикистон дар эъломи маҳкумияти қазоии мусалмонони ин кишвар ба ҷурми эътиқод ба мабонии шаръии исломӣ пардохтааст.

Терур ва хушунат ба ҳар наҳве маҳкум аст ва дини мо низ мухолифи ин ду мебошад, дар ҳоле ки теруризми байналмилалӣ вожае аст, ки аз Урупо ва хушунатҳои урупоиён ба соири нуқоти дунё содир шуд, ҳамон гуна ки фошизм, нозизм, кумунизм ва копитолизм, худ аз ҷумлаи макотиби фикрии теруристпарвар буданд.

Ислом, ки хушунатро маҳкум мекунад, теруризмро низ ба тариқи авло маҳкум мекунад, зеро теруризм падидае фаротар аз хушунат аст. Агар ба теъдоди куштаҳо ва қурбониёни теруризм нигоҳе бияндозем, бисёре аз воқеиёт мушаххас хоҳад кард, ки теруристи воқеӣ сардамдорони ғарбӣ ҳастанд ё мусалмонон? Сардамдорони кишварҳои ғарбӣ, ки имрӯза доиядори ҳимоят аз демукросӣ ва мухолифат бо теруризм ҳастанд, кофӣ аст пеш аз гирифтани жести инсондӯстона ва ҳуқуқи башарӣ, ба торихи даҳаҳои гузаштаи худ руҷӯъ кунанд ва ба хотир биёваранд, ки он чи ҷони милюнҳо инсони бегуноҳро дар он солҳо гирифт, на ислом ва мусалмонон, балки худхоҳиҳои зидди башарии онҳо будааст.

Теруризм ба ҳар наҳве манфур ва манкуб аст ва бояд мунқариз шавад. Ҳуқуқи башар мухолифи теруризм аз ҳар навъи он ва мухолифи хушунат дар ҳар шакле аст, бинобар ин сухан гуфтан аз ҳуқуқи башар боистӣ бо амалкарди айнии он таҷаллӣ ёбад, на дар калом сухан аз ҳуқуқи башар гуфта шавад ва дар муқобил аз теруризм ҳимоят ва пуштибонӣ шавад.

Уммати исломӣ нисбат ба ин мавзӯъ, ки мусалмонон дар Тоҷикистон ба ҷурми исломгароӣ, ки ҳаққи онҳост зиндонӣ мешаванд, масъулият дорад ва набояд дар ин заминаҳо сукут ихтиёр кунад.

Агар имрӯз дар қиболи ҳаводиси рухдода дар Тоҷикистон сукут кунем, мумкин аст фардо ин рафтор бо фишор овардан бар мусалмонон дар соири нуқоти ҷаҳон идома ёбад, аз ин рӯ ҳамаи ҷаҳони ислом бояд дар муқобили ин ҳаводис мавзеъгирӣ кунанд ва ба ёрии мусалмонон дар саросари ҷаҳон бишитобанд.

Давлате, ки 26 сол бо як раисиҷумҳур ба мардум ҳукумат мекунад, чӣ тавр метавонад фаъолияти танҳо ҳизби қонунгарои исломии Тоҷикистонро ғайри қонунӣ ва ифротӣ бихонад? Агар давлати Тоҷикистон исломро қабул надорад, ҳаддиақал ба қавонини аввалияи ҳуқуқи башар пойбанд бошад.

Яке аз озодиҳои ҳуқуқӣ, ки дар ҳуқуқи башар аз он ном мебарам, озодии аҳзоб ва ҷамъиятҳост. Озодии аҳзоб мукаммили озодии баён аст; зеро баёни ақида ва нашри фикр дар ҷомеа дар сурате ба шакли саҳеҳ метавонад вуҷуд дошта бошад, ки мунҷар ба ташкили ҳизбҳо, ҷамъиятҳо ва ҳамкориҳои самимонаи афрод дар як маҷмӯа бошад.

Агар аз диди ҳуқуқи башари исломӣ ин қазияро баррасӣ кунем, мебинем, ки ислом комилан мувофиқи ба вуҷуд омадани ин ташкилот ва аҳзоб бар асоси қонуни исломӣ аст.

Давлати Тоҷикистон мехоҳад ба баҳонаҳои беасос танҳо ҳизби қонунгарои исломӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро таҳти фишор қарор бидиҳад ва пружаи ҷадидеро алайҳи ислом дар минтақа шакл бидиҳад.

Faryadha

Рубрики:Нақду назар

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.