Перейти к содержимому

Хидматҳои хирсонаи КДАМ ба Эмомалӣ Раҳмон

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Бовар кунед, агар ниҳоди амниятии ҳар ҳукумате, ҳатто демукротитарини ҳукуматҳо, ба дастони афроде мисли масъулони имрӯзаи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон биафтад, якшаба тарафдорони вафодори он ҳукуматро ҳам ба сарсахттарин душман табдил мекунад.

Зеро вақте ки падару модар ва хешу табори касеро, ки бо ту ихтилофи сиёсӣ дорад, саркӯбу шиканҷа мекунӣ, дар воқеъ ихтилофи сиёсии ӯро ба кинаву адовати шахсӣ бадал кардаӣ. Касе ки то ҳол ба хотири белиёқатии ҳукумат мухолиф буд, ҳоло ба хотири беадолатии ҳукумат душмани ту мешавад.

Нақше, ки дар чанд соли ахир КДАМ-и Тоҷикистон дар беэътибор кардани ҳукумати Раҳмон ва беэътимодии мардум нисбат ба ӯ ифо карда, ҳеч душмане аз душманони Раҳмон ифо накардааст. Танҳо хидмате, ки КДАМ дар солҳои ахир ба Раҳмон тавонист анҷом диҳад, ин табдили мунтақидони оддӣ ба мухолифони касбӣ ва мухолифони касбӣ ба рақибони сиёсӣ ва рақибони сиёсӣ ба душманони қасамхӯрда мебошад.

Росташ, намедонам ин нақшро КДАМ аз рӯи нақшаи пешакӣ барои беъэтибор кардани Раҳмон анҷом медиҳад, ё аз рӯи бехирадӣ ва бетаҷрибагӣ?! Вале он чи мусаллам аст, натиҷаи кораш комилан бар зарари ҳукумати Раҳмон анҷом ёфта истодааст.

Аз рӯзе, ки ҷомеаи инсонӣ ба самти ташкили ҳукумат рӯй оварда ва ҷомеа тавассути ҳукуматҳо идора мешудааст, мухолифатҳо ва рақобатҳои сиёсӣ ҳам вуҷуд доштааст. Яъне торихи ҳукуматдории башар ҳамеша бо кашмакашҳои сиёсӣ ҳамроҳ будааст, гӯӣ ҳукумат ва рақобати сиёсӣ ҳамзод ва ҳамроҳи ҳам ҳастанд.

Бинобар ин, кӯшиш барои саркӯби рақобатҳои сиёсӣ баробар аст бо сарнагунии ҳукуматҳои ҳамонрӯзӣ, зеро ин ду ҳамон тавр ки бо ҳам зода шудаанд, ҳамеша бо ҳам низ зоил гаштаанд.

Заволи як ҳукумат лузуман ба он маъно нест, ки ба сурати физикӣ аз саҳнаи сиёсӣ бадар шавад, балки заволи як ҳукумат он замоне сурат мепазирад, ки эътибораш дар назди мардум зоил шавад. Зеро агар ҳукумате бар фарз бо зӯр аз саҳнаи сиёсӣ бадар шуда, вале эътибораш дар назди мардум зоил нашуда бошад, дере напоида он ҳукумат дубора сари ҷои худаш бармегардад. Намунаҳои зиёде барои ин метавон аз торихи сиёсӣ зикр кард.

Бинобар ин, он ҳукуматҳое, ки ба ҷои таҳкими эътибори худ дар назди мардум, саъй доштанд аз тариқи ҳазфи рақибони сиёсӣ умри худро дароз кунанд, шояд дар кӯтоҳмуддат муваффақ шуданд, вале бе тардид дар дарозмуддат сахт шикаст хӯрданд ва номашон дар сафҳаи торих барои ҳамеша ба унвони ҳукумати ноком ва нобакор сабт шудааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин рафтори КДАМ дар солҳои ахир, бо қотеият метавон гуфт, ки ин иқдомот бе тардид дар ростои зоил намудани эътибори ҳукумати Раҳмон сурат мепазирад. Чун ҳаргиз зулму саркӯбу шиканҷа боиси тақвияи эътибори ҳеч ҳукумате намешавад, балки дақиқан баръакс, ин корҳо дилҳои ромро рамида ва хашмҳои хобро бедор ва кинаҳои хомро пухта мегардонад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: