Посух ба пурсишҳо

Чаро ин ҳама кашмакаш?

(Бознашр аз сойти пешини Кимиёи саодат (28.03.2014))

imageДар ин навиштор ба посухи пурсише мабнӣ бар ин ки чаро ҳар ҷо дину диндоре бошад, он ҷо шоҳиди ҷанҷолу кашмакаш мешавем, пардохта мешавад. Ин мақола ду сол пеш дар посух ба пурсиши яке аз корбарон нигошта шудааст.

* * *

Посух ба ин пурсишро худи Қуръони Карим додааст, ки дар зайл ба он ишора хоҳад шуд. Ба нукоте, ки ба тартиб дар зер меоварам, таваҷҷӯҳ бифармоед:

1. Нуктаи аввал ин ки банда, бо ин дидгоҳи шумо, ки мефармоед: “ҳар ҷое ки дин бошад, ҳамеша ихтилофу кашмакаш дида мешавад” мувофиқ нестам ва далели онро арз хоҳам кард, вале бо ин назари шумо, ки “ихтилоф ва кашмакаш аз тарафи на мардуми оддӣ, балки аз тарафи олимони динӣ сурат мегирад” мувофиқам. Таваҷҷӯҳ ба нукоти баъдӣ масъаларо бароятон рӯшантар хоҳад кард.

2. Аз назари Қуръони Карим, яке аз ҳадафҳои фиристодани паёмбарон аз сӯйи Худованди Мутаол, файсала додан ва ҳаллу фасли ихтилофоте дониста шудааст, ки миёни мардум пайдо мешавад. Дар ояти 213 сураи Бақара омада:

Мардум ҳама як гурӯҳ буданд, пас Худо паёмбаронро барангехт ба унвони навиддиҳандагон ва бимкунандаҳо ва ҳамроҳи эшон китоб фурӯ фиристод ба ростӣ ва дурустӣ, то миёни мардум дар он чи ихтилоф карданд ҳукм кунанд…

Бар пояи ин ояти шарифа, инсонҳо дар оғоз як даста буданд ва тазодде дар миёни онҳо вуҷуд надошт (“мардум ҳама як гурӯҳ буданд…”), зеро зиндагии башар бисёр сода буд, фитратҳо дастнахӯрда ва ангезаҳои ихтилофу кашмакаш дар миёни онҳо ё асосан набуд ва ё агар ҳам буд, бисёр ночиз буд, Худоро тибқи фармони фитрат мепарастиданд. Ин марҳилаи аввали зиндагонии инсонҳо буд, ки тибқи назари муфассирон дар зайли ояти мазкур, эҳтимолан ба фосилаи замонӣ миёни ҳазрати Одам (а) ва ҳазрати Нӯҳ (а) ишора дошта бошад.

Аммо ба тадриҷ зиндагонии инсонҳо шакли иҷтимоӣ ба худ гирифт, ки ин марҳилаи дуввуми зиндагии инсонҳост. Вале ба ҳангоми зуҳури иҷтимоъ ихтилофҳо ва тазоддҳо ба вуҷуд омад, ки ин албатта табиист. Ихтилофу тазодд чӣ дар ноҳияи андешаҳо ва ақоид ва чӣ дар ноҳияи амал ва таъйини ҳаққу ҳуқуқи ҳар кас ва ҳар гурӯҳ дар ҷомеа. Ва дар ин ҷост, ки башар ташнаи қонунҳо ва таълимоти паёмбарон ва ҳидоятҳои онҳо мегардад, то ихтилофоти ӯ дар ҷанбаҳои мухталиф поён ёбад. Бибинед, ояти шарифа чӣ мегӯяд:

Мардум ҳама як гурӯҳ буданд, пас Худо паёмбаронро барангехт ба унвони навиддиҳандагон ва бимкунандаҳо ва ҳамроҳи эшон китоб фурӯ фиристод ба ростӣ ва дурустӣ, то миёни мардум дар он чи ихтилоф карданд ҳукм кунанд…” (Сураи Бақара, ояти 213).

3. Инки арз кардам, бо ин суханатон мувофиқ ҳастам, ки “ихтилоф ва кашмакаш аз тарафи на мардуми оддӣ, балки аз тарафи олимони динӣ сурат мегирад”, далелаш идомаи ҳамин оят аст. Дар идомаи ин ояти шарифа омадааст:

… ва дар он ихтилоф накарданд магар ҳамон касоне ки он (китоб) бад-эшон дода шуда буд; (он ҳам) аз паси ҳуҷҷатҳои рӯшане, ки ба онҳо расида буд, аз рӯйи бадхоҳӣ ва ситам дар миёни хеш…” (Сураи Бақара, ояти 213)

Яъне, пас аз омадани паёмбарон ва фиристодаҳои илоҳӣ ва бартараф шудани ихтилофоти аввалия, вазъ муддате хуб буд ва чунон идома ёфт, вале кам-кам васвасаҳои шайтонӣ ва амвоҷи хурӯшони ҳавои нафс кори худро дар миёни бархе донишмадон (“касоне ки он (китоб) бад-эшон дода шуда буд”) кард, ки бо тафсирҳо ва бардоштҳои нодурусти таълимоти паёмбарон ва китобҳои осмонӣ ва татбиқи онҳо бар хостаҳои дилашон, парчами ихтилофро бори дигар барафроштанд, вале ин ихтилоф бо ихтилофи пешин (қабл аз фиристода шудани паёмбарон) фарқ дошт.

Сарчашмаи ихтилофоти пешин (яъне аввалӣ ва қабл аз фиристода шудани паёмбарон), ҷаҳл ва бехабарӣ буд, ки бо омадани паёмбарон ва нузули китобҳои осмонӣ, бартараф гардид, дар ҳоле ки сарчашмаи ихтилофоти баъдӣ (баъд аз омадани паёмбарон), ҳамон ситамгарӣ ва лаҷоҷат ва инҳирофи огоҳона ва ба таъбири Қуръони Карим “бағй” буд, ва аз ин рӯй дар идомаи оят гуфта шудааст: “… ва дар он ихтилоф накарданд магар ҳамон касон ки он (китоб) бад-эшон дода шуда буд; (он ҳам) аз паси ҳуҷҷатҳои рӯшане, ки ба онҳо расида буд, аз рӯи бадхоҳӣ ва ситам дар миёни хеш...”

4. Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ дар ин оят ин аст, ки иллат ва сарчашмаи ихтилофоте, ки миёни бархе олимон ва донишмандон падид омадааст ва мутаассифона имрӯз ҳам дида мешавад, худи дин ва пайравӣ аз ойини анбиё ва китобҳои осмонӣ набуда ва нест ва нахоҳад буд, балки ба таъбири Қуръони Карим, сарчашмаи он “бағй” аст миёни онон, яъне ситамгарӣ ва лаҷоҷат ва инҳирофи огоҳонаи онҳо, ки ҳама реша дар ҳавою ҳавасашон дорад. Дар ояти 19 сураи Оли Имрон ҳам мефармояд:

Ҳамоно дин (дини рост ва дуруст) назди Худо ислом аст. Ва касоне ки китобашон додаанд ихтилоф накарданд магар пас аз он ки дониш ва огоҳӣ (ба дини ҳақ) бад-эшон омад, аз рӯи бадхоҳӣ ва ҳасад миёни хеш…

Бо он ки ин оят дар мавриди уламои яҳуду насорост, вале бидуни шак дар мавриди баъзе аз донишмандон аз уммати исломӣ низ сидқ мекунад. Мефармояд, онҳое, ки китоби осмонӣ ба онҳо дода шуда буд, дар он ихтилоф накарданд магар баъд аз он ки огоҳӣ ва илм ба суроғашон омад, ва ин ихтилоф ба хотири зулму ситаму ҳасад миёни онҳо буд (“… ва касоне ки китобашон додаанд ихтилоф накарданд магар пас аз он ки дониш ва огоҳӣ (ба дини ҳақ) бад-эшон омад, аз рӯи бадхоҳӣ ва ҳасад миёни хеш…”)

Бинобар ин, гарчи зуҳури ихтилоф пас аз илму огоҳӣ ба китобҳои осмонӣ миёни онҳо буд, вале сабабаш дин ва таълимоти паёмбарон набуд, балки ангезаҳое ҷуз туғёну зулму ҳасад надошт.

Бо ин ҳисоб, ин оят дар садади посух додан ба шубҳае аст, ки мегӯяд, дин дар миёни башар эҷоди ихтилоф мекунад ва хунрезиҳои фаровоне дар тӯли торих ба бор овардааст. Дар воқеъ, ин шубҳа, «асли дин»-ро бо «таъассуботи динӣ» ва «афкори инҳирофӣ» ва «бадахлоқӣ»-и бархе донишмандон иштибоҳ кардааст; зеро мо ҳангоме ки дастурҳои диниро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, мебинем ҳама як ҳадафро дунбол мекунанд ва ҳама барои саодати инсон омадаанд.

Такрор мекунам, дуруст аст, ки сарчашмаҳои ихтилофҳо ва кашмакашҳои динӣ, ки аз сӯйи бархе донишмадон сурат мегирад, аз ҷаҳлу бехабарӣ нест, зеро донишманд ҳастанд, вале сарчашмаи он бештар ба хотири кинаву ҳасаду зулму инҳирофи онон аз ҳақ ва эъмоли назарҳои шахсӣ аст.

Агар мардум, махсусан табақаи донишманд, таъассуб ва кинатӯзӣ ва тангназариҳо ва манофеи шахсӣ ва таҷовуз аз ҳудуд ва ҳуқуқи худро канор бигузоранд ва бо воқеъбинӣ ва руҳи адолатхоҳӣ ва инсоф аҳкоми Худоро баррасӣ намоянд, ҷодаи ҳақ бисёр рӯшан хоҳад буд ва ихтилофот ба суръат ҳал мешавад.

5. Пас роҳи ҳал фақат дар ороста шудани уламо ба ахлоқ аст. Яъне онҳо бояд дар канори огоҳӣ ва илм, бояд хештанро ба ахлоқи ҳамида ва писандида ороста кунанд, даст аз кинатӯзиву ҳасаду ситам бардоранд, ки сарчашмаи ҳамаи ихтилофоте, ки имрӯза миёни донишмандон дида мешавад, фақат ва фақат ҳаминҳост.

Худованд ҳамаи мову шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.