Перейти к содержимому

Исботи вуҷуди Худо дар чаҳор маҷлис (13)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал»)

Офариниши тухми парандагон ва тадбирҳои нуҳуфта дар он

(Эй Муфаззал!) Аз офариниши тухми паранда дарси ибрат гир. Дар он, моддаи зардранг ва оби рақиқ ва сафед ниҳода шуда. Бахше барои он ки ҷӯҷа ба ҳам расад ва бахши дигар барои тағзияи он аст то он гоҳ ки тухмро бишкофад ва берун ояд. Дар тадбирҳои нуҳуфта дар ин умур бингар. Аз он ҷо ки рушди ҷӯҷа дар даруни он ҷидораҳо ва лояҳои сахт аст ва ҳеч чиз ба даруни он роҳ надорад, дар даруни он, он қадр ғизо таъбия шуда, ки ҷӯҷаро то ҳангоми берун омадан бас бошад. Ҷӯҷа ба як зиндоние мемонад, ки дар даруни зиндоне маҳбус аст ва пиромуни зиндонро дежҳои сахт фаро гирифта. Ҳеҷ роҳе барои расидани ғизо ба ӯ вуҷуд надорад, дар натиҷа ғизо ва рӯзии лозим барои муддати ҳабсро дар канораш мениҳанд.

Чинадони паранда

Эй Муфаззал! Дар офариниши чинадон ва тадбирҳои нуҳуфта дар он биандеш. Роҳи ғизо аз чинадон то ба сангдон борик аст ва ғизо танҳо бисёр ором ва андак-андак вориди он мешавад ва агар паранда то расидани донаи нахуст донаи дуввумро барначинад, кори ӯ ба дарозо мекашад ва ғизои кофӣ ба ӯ намерасад. (Дар натиҷа ӯ мунтазири расидани донаи аввал ба сангдон намешавад, балки тунд-тунд дона мечинад ва равонаи чинадон мекунад.)

Мурғ аз шиддати таваҷҷӯҳ ва ҳарос, донаҳоро аз замин мерубояд. Пас чинадони паранда монанди тубрае дар пеши ӯ овехта шуда то ҳар чиро, ки меёбад, ба суръат баргирад ва вориди чинадон кунад, вале ором-ором аз чинадон равонаи сангдон гардонад.

Дар чинадон вижагии дигаре низ ҳаст ва он ин ки бархе аз парандагон аз даруни худ ғизо ба даҳони ҷӯҷа мерезанд, дар ин сурат баргардондани ғизо аз чинадон наздиктар ва роҳаттар аст.

Рози ноҳамгунии ранги парандагон

Муфаззал мегӯяд: бархе аз мункирон пиндоштаанд, ки ноҳамгунии ранг ва шакли парандагон аз даромехтагии худ ба худ ва ноҳамоҳанг ва беҳисобу китоби ахлот сарчашма мегирад. Имом — алайҳис салом — фармуд:

Эй Муфаззал! Ин рангомезиҳои гуногун ва дақиқ ва ҳамоҳанг, ки дар товусҳо ва кабкҳо мебинӣ ва гӯё бо қалами наққоше бемонанд бар онҳо нақш баста чӣ гуна мешавад аз эҳмол ва бетадбирӣ ношӣ шавад ва худ ба худ ва беҳадаф падид ояд? Ва чаро ин ноҳамоҳангӣ ва омехтагии беҳадаф ва тасодуфии ахлот, шакл ва сурати воҳидеро падид овардааст?

Бе тардид агар (ин нақшҳо ва рангҳо) аз эҳмол ва худ ба худ падид меомад, ҳар ойина боист ин гуна назму ҳамоҳангӣ ва якдастӣ дар кор набуд ва ҳама чиз ноҳамоҳанг ва дар ҳам рехта буд.

Чигунагии пари парандагон

Дар чигунагии пари парандагон таъаммул ва андеша намо. Мебинӣ, ки (ин парҳо) монанди либос, аз риштаҳои бисёр борик ва нозуке бофта шуда ва монанди пайвастагии нахҳо ва торҳои мӯ ҳама ба ҳам пайваста ва бастаанд ва вақте ки онҳоро мекашӣ, аз ҳам намегсаланд, балки андаке бозмегарданд, то дар миёнашон бод бошад ва паранда ба роҳатӣ парвоз кунад ва дар ҳаво сангин нишавад. Дар миёни пар сутуне сахт ва милаишакл ниҳода шуда, то бо сахтии худ аҷзои парро нигоҳ дорад. Вале боз бо ин сахтӣ ва истеҳком, тухолист, то сангинии он парандаро аз парвоз бознадорад.

Рози дарозпойии бархе аз парандагон

Эй Муфаззал! Парандаи дарозпоро дидаӣ ва ба рози ин вижагӣ пай бурдаӣ? Ин парандаро ғолибан дар обгирҳо мебинӣ. Дорои ду соқи баланд аст. Гӯё дидбоне аст, ки аз болои бурҷаки дидбонӣ даруни обро менигарад ва онро зери назар дорад. Ҳар гоҳ ки рӯзии худро дид, ором-ором гом бармедорад, то онро ба даст оварад.

Агар ин паранда покӯтоҳ буд, ҳангоме ки ба ҷониби сайд ҳаракат мекард, то онро бигирад, шикамаш бо об тамос мегирифт ва об ҳаракат мекард ва шикор аз ҳарос по ба фирор мегузошт. Пас ин ду по барояш офарида шуда, то хостаашро дарёбад, ғизояш ҳосил шавад ва зинда бимонад.

Дар тадбирҳои ҳамоҳанг дар офариниши паранда бингар. Парандае, ки ду соқи баланд дорад, гардане дароз низ дорад, то битавонад ғизояшро аз замин бардорад. Агар паранда поҳои дароз дошт вале гарданаш кӯтоҳ буд, қодир набуд, ки чизе аз замин бардорад.

Гоҳ дарозии минқораш гардани ӯро дар расидан ба ҳадаф ёрӣ мекунад, то кор бар ӯ осон гардад. Наменигарӣ, ки дар офариниш ҳар чиро, ки мебинӣ, дар ниҳояти устуворӣ ва савоб аст ва тамоми вуҷудаш ҳакимона ва бо тадбир ва тақдир аст?

Гунҷишкон дар пайи ёфтани ғизо

Ба гунҷишкон бингар, ки чӣ гуна дар рӯз дар пайи ғизо ҳастанд. Агарчи ғизояшон омода нест, вале бо ҳаракат ва талоши мудовим ба он даст меёбанд ва онро аз даст намедиҳанд. Офаридагон ҳама ин гунаанд. Муназзаҳ аст Худое, ки рӯзиро ин гуна дар миёнашон парокандааст!

На чунон кард, ки даст ёфтан бар рӯзӣ сахт ва номумкин бошад; зеро офаридагонро ниёзманд ба он офарид ва на чунон кард, ки бе ҳеч ранҷе ба даст ояд; зеро салоҳ ва суди офаридагон дар ин аст. Агар ниёз ва рӯзии онҳо яксара муҳайё ва омода буд, ҳайвонот он қадр мехӯрданд, ки ҳалок шаванд ва инсонҳо ба хотири бекорӣ ва батолат дар сармастӣ ва гуноҳ ва иртикоби фавоҳиш суқут мекарданд.

Маъоши ҷуғд ва шабпара

Оё медонӣ, ки ғизои шабпараҳо (кӯршапаракҳо) чӣ гуна таъмин мешавад?

Арз кардам: на мавлои ман!

Имом — алайҳис салом — фармуд: рӯзии онҳо аз анвои пашшаҳо, шопаракҳо, малахҳо ва занбурҳое аст, ки дар ҳаво парокандаанд; зеро ин ҳашарот ва мавҷудот дар ҳама ҷойи осмон вуҷуд доранд. Барои дарки ин ҳақиқат метавонӣ шабонгоҳон чароғеро дар болои бом ва ё даруни ҳаёт бигузорӣ ва бибинӣ, ки чӣ қадр аз ин ҳашарот ба гирди он ҷамъ мешаванд. Агар ин парандагон дар пиромуни чароғ набошанд, аз куҷо меоянд? Агар касе бигӯяд, аз дашту саҳро меоянд, бояд гуфт: мешавад ин роҳи дурро дар соате ё лаҳзае бипаймоянд? Вонгаҳе аз он минтақаи дур чӣ гуна чароғеро дар даруни хонае мебинанд ва сӯи он мештобанд? Пас ин нишони он аст, ки ҳашарот дар ҳама ҷойи осмон парокандаанд. Ин парандагони шабпара низ ҳангоме ки дар ҳаво парвоз мекунанд, аз онҳо тағзия менамоянд.

Ҳол бингар, ки чӣ гуна рӯзии ин парандагон, ки танҳо дар шаб парвоз мекунанд, аз ин ҳашароти пароканда дар ҳаво фароҳам меояд? Низ ба (як роз аз асрори) офариниши ин ҳашрот пай бибар. Ҳашароте, ки чи басо касоне бипиндоранд, ки зоиданд ва суде дар онҳо нуҳуфта нест.

Офариниши шабпара (хуффош)

Офариниши хуффош, ки чизе миён офариниши парандагон ва чаҳорпоён аст, бисёр шигифт ва ҳайратовар аст. Албатта офариниши он ба чаҳорпоён наздиктар аст; зеро ду гӯши баланд, дандон ва курк дорад, бачча мезояд, бачча шир медиҳад ва бавл мекунад ва ҳангоме ки роҳ меравад, бар чаҳор дасту по роҳ меравад, ки ҳамаи инҳо бо вижагиҳои парандагон носозгор аст.

Хуффош аз шумори парандгоне аст, ки дар шаб парвоз мекунанд ва аз ҳашроти пароканда дар ҳаво тағзия мекунанд. Бархе пиндоштаанд, хуффош ғизое надорад ва аз насим тағзия мекунад. Ин аз ду рӯй носавоб аст:

1. берун шудани олудагӣ ва бавл аз он, ки ҷуз бо тағзия тавҷеҳпазир нест;

2. дандон дорад. Агар хуффош чизе намехӯрд, доштани дандон ба чӣ маъност? Ҳол он ки медонем, дар офариниш ҳеч чиз беҳикмат нест.

Ин паранда барои инсон судманд аст ҳатто фазлаашро (дар кори сохтани дору ва ғайра…) ба кор мегиранд ва аз ҳама чиз муҳимтар, офариниши шигифт (ва ҳайратангез)-и он аст, ки бар қудрати офаринишгар — Ҷалла ва Ъало — далолат дорад ва ин ки ба хотири ҳар маслиҳате, ки донад ва хоҳад дар он чи ки ирода кунад, тасарруф намояд.

Идома дорад

1 комментарий »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: