Перейти к содержимому

«Доман задан ба масоили мазҳабӣ дар шароити кунунӣ ҳаром аст»

Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ тасреҳ кард: «Мо бояд ба ҷойи таблиғи мазҳаби худамон, дини исломро таблиғ кунем. Банда дар шароити кунунӣ доман задан ба масоили фирқаӣ ва гароиширо ҳаром ва ноҷоиз медонам. Дини ислом нуқтаи муштараки ҳамаи мост, ки бояд онро таблиғ кунем ва атрофи ислом ҷамъ шавем ва Қуръон ва Суннатро муҳкам бигирем

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, ин руҳонии барҷастаи аҳли суннати Эрон, дар 7-умин конфронси Маҷмаи ҷаҳонии ислом, ки дар шаҳри Язди Эрон баргузор шуд, бо таъкид бар ин ки «дини ислом ба унвони охирин дини илоҳӣ дини фитрат, сулҳ, дӯстӣ, раҳмат ва ҳидоят ба хубиҳост» гуфт: «Инки мо дини исломро ба унвони як дини сахт ва хашин ба ҷаҳониён арза кунем, зулми бузурге аст. Дини ислом дини сулҳ ва гуфтумон аст ва набояд касе онро дини ҷанг ва хушунат муаррифӣ кунад. Дини ислом дини ҷанг ва хушунат ва ифротгароӣ ва дини ҳамла ба дигарон нест. Дини ислом дини сулҳ ва созиш ва таҳаммул аст, ки тамоми тафаккурот, ҳатто тафаккуроти ғайри исломӣ ҳам қобили таҳаммул ҳастанд. Дар ин дин ҳеч икроҳ ва иҷборе вуҷуд надорад

Ҷиҳод дорои шароит ва қавонини хоссе аст

Мавлавӣ Абдулҳамид дар идомаи суханонаш, аз бардошти иштибоҳ аз лафзи «ҷиҳод» интиқод кард ва гуфт: «Дар дини мубини ислом ҷиҳод вуҷуд дорад, аммо ҷиҳод дар ин дин дорои шароит ва қавонини хоссе аст. Мутаассифона, имрӯза бисёреҳо аз лафзи ҷиҳод суистифода мекунанд. Дини ислом дини гуфтумон ва истидлол ва мантиқ аст ва ҷиҳоди исломӣ дар муқобили касоне аст, ки мантиқи гуфтумон ва эътидол надоранд ва ба сулҳ ва адолат тан намедиҳанд ва даст ба зулм ва таҷовуз ва ишғолгарӣ мезананд

Вай афзуд: «Имрӯза ифротгароёни саҳюнист беш аз 60 сол аст, ки Фаластинро ба ишғоли худ даровардаанд ва ҳозир ба сулҳ ва созиш ва гуфтумон ва иҷрои адолат нестанд. Аз ин рӯ, ҷиҳоди исломӣ дар муқобили чунин афроде аст, ки ҳозир нестанд пойи мизи музокира биншинанд

Мавлавӣ дар идома изҳор дошт: «Агар оятҳои Қуръони азимушшаън ва сирати Расули Акрам (с)-ро баррасӣ кунем, мебинем, ки дар қабули ислом ҳеч иҷборе вуҷуд надорад. Зиндагонии Паёмбари Акрам (с)-ро баррасӣ кунем, ки эшон бо яҳудиён ва мушрикини Макка чӣ рафторе доштанд? Паёмбари Акрам (с) дар сулҳи Ҳудайбия бо мушрикини Макка, ки он ҳазрат ва саҳобаро аз Маккаи Мукаррама ихроҷ карда буданд ва зиндагиашонро дар ҷанг бо мусалмонон сипарӣ намуда буданд, паймони сулҳ имзо карданд

Пайравони мазоҳиби мухталиф ба муштаракот чанг бизананд

Мавлавӣ Абдулҳамид дар идома, чанг задан ба муштаракотро беҳтарин роҳкор барои пайравони мазоҳиби исломӣ донист ва афзуд: «Ба назари банда, беҳтарин роҳкор дар ҳар шароите ин аст, ки пайравони мазоҳиби мухталифи исломӣ ба муштаракот чанг бизананд. Муштаракоти шиъа ва суннӣ, ки ду фирқаи бузурги исломӣ ҳастанд, бисёр зиёд ва масоили ихтилофии онон ночиз аст. Пайравони ҳар мазҳабе ба мазҳаб ва фиқҳи худашон амал кунанд ва ҳамаи мусалмонон ба дини ислом чанг бизананд. Қуръони Маҷид ба ҳамин нукта таъкид мекунад ва мефармояд: «Ваътасиму биҳаблиллоҳи ҷамиъан ва ло тафаррақу

Вай тасреҳ кард: «Мо бояд ба ҷойи таблиғи мазҳаби худамон, дини исломро таблиғ кунем. Банда дар шароити кунунӣ доман задан ба масоили фирқаӣ ва гароиширо ҳаром ва ноҷоиз медонам. Дини ислом нуқтаи муштараки ҳамаи мост, ки бояд онро таблиғ кунем ва атрофи ислом ҷамъ шавем ва Қуръон ва Суннатро муҳкам бигирем

Ҳуқуқи ақаллиятҳои динӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ риоят шавад

Мавлавӣ Абдулҳамид хотирнишон кард: «Мусалмонон бояд дар канори якдигар қарор гиранд ва мушкилоташонро бо музокира ва гуфтумон ҳал кунанд. Дар кишварҳои исломӣ ҳуқуқи ақаллиятҳои динӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ риоят шавад ва ҳурмат ва каромати инсонии онон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад. Саҳоба ва аҳли байт ва мусалмонони садри ислом ҳуқуқи тамоми ақаллиятҳои динӣ, ки дар қаламрави ҷаҳони ислом буданд-ро риоят мекарданд ва дигаронро низ ба ин мавзӯъ тавсия мекарданд

Вай дар идома изҳор дошт: «Умедворам ин конфронс битавонад бо табодули назарот ва оро, ба ҷамъбандие бирасад, ки барои тамоми андешамандони ҷаҳони ислом ва сарони кишварҳои исломӣ ҳомили паём бошад. Дар шароити кунунӣ канори ҳам қарор гирифтани сарони кишварҳои исломӣ бисёр муҳим ва ҳаётӣ аст. То замоне ки раҳбарони кишварҳои исломӣ бо ҳам нанишинанд, ихтилофоти мавҷуд дар Ховари Миёна ва соири манотиқ ҳал нахоҳанд шуд

Мавлавӣ таъкид кард: «Мусалмонон набояд мунтазир бошанд, то қудратҳои истеъморӣ, ки барои манофеъи худ ба ихтилофот байни мусалмонон доман мезананд, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои исломӣ коре бикунанд, балки худи мусалмонон бояд барои ҳалли мушкилоти ҷаҳони ислом чораандешӣ намоянд ва мусалмононро аз оворагӣ ва парешонӣ наҷот диҳанд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: