Такфир

«Касе ки ба исми дин одам мекушад, аз дин хориҷ аст»

Шайхи Алазҳар дар як гуфтугӯи телевизиюнӣ эълом кард, касе ки ба исми дин одам мекушад, аз дин хориҷ аст.

Дуктур Аҳмад Аттайиб, шайхи Алазҳар, дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии France 24 эълом кард: «Касе ки силоҳ ба даст мегирад ва ба номи дин одам мекушад, аз дин хориҷ аст

Вай изҳороти муҷрии ин шабакаи телевизиюнӣ мабнӣ бар ин ки вуҷуди гурӯҳҳои теруристӣ ва касоне ки ба исми дин одам мекушанд ба хотири ин аст, ки мушкил дар ислом аст, гуфт: «Агар мегӯед мушкил дар дини ислом аст, ба он чи бар сари миллатҳои Ховари Миёна ва дигар сокинони манотиқи мухталиф дар ҷараёни ҷангҳои салибӣ омад низ ишора кунед, ки ба номи адёни дигар (масеҳият) инсонҳоро мекуштанд

Аҳмад Аттайиб дар идома гуфт: «Ҳар як аз гурӯҳҳои ифротии мусаллаҳ, ки ба рӯйи мардум силоҳ мекашанд ва онҳоро ба номи ҳар дине мекушанд, аз дин хориҷ ҳастанд

Вай хотирнишон кард: «Авомили мухталифе дар бурузи чунин гурӯҳҳои ифротӣ дахил аст, ки зулм ва масоили иқтисодӣ аз ҷумлаи ин маворид аст, аммо ҳеч кадом аз ин авомил тавҷеҳкунандаи иқдомоти гурӯҳҳои ифротӣ нест

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.