Бонувон

З-оташ ӯ ҷӯшад, чу бошад дар ҳиҷеб

Сайидюнуси Истаравшанӣ

721166Ҳафтаи ҷорӣ баҳсу гуфтугӯ дар бораи пӯшиш ва сатри бонувони мусалмон, дар фазои маҷозӣ бисёр печид. Намехостам чизе дар ин бобат бинависам, зеро он қадр дар ин мавзӯъ навишта ва гуфта шуда, ки дигар ниёзе ба такрори онҳо нест. Ва танҳо ба хотири рафъи порае аз шубаҳот дар ин мавзӯъ, лозим дидам нукотеро ёдовар бишавам:

1. Нуктаи аввал ин ки: агар як нафар мусалмон чизе дар бораи аҳкоми исломӣ баён бидорад, ин бад-он маъно нест, ки касеро ба чизе маҷбур кардааст. Ӯ фақат баён дошта. Ва баён, ғайр аз иҷбор аст. Ҳар инсоне, аз ҷумла мусалмон, дар баёни он чи ба он мӯътақид аст озод аст. Аз ин рӯ, муттаҳам кардани вай ба ин ки ӯ дорад касеро ба чизе маҷбур мекунад ва ё чизеро бар касе таҳмил мекунад, дар воқеъ маҳдуд кардани озодии ӯст. Агар мо воқеан пойбанд ба асли «озодии баён» ҳастем, пас миёни «баёнҳо» набояд табъиз қоил бишавем. Бале, аҳаде ҳаққи иҷбори касеро бар он чи мӯътақид аст надорад.

2. Нуктаи дигар он ки: агар як марди мусалмон аҳёнан дар бораи сатру пӯшиши бонувони мусалмон чизе мегӯяд, ӯ танҳо дар мақоми баёни «ҳукме аз аҳкоми исломӣ» будааст, на чизе дигар, то гуфта нашавад, ки чаро мардон дар бораи занон таъйини таклиф мекунанд?! Ин дуруст мисли он аст, ки як бонуи мусалмони огоҳ ба масоили шаръӣ, дар бораи «ҳукме аз аҳкоми исломии марбут ба мардон» (масалан дар бораи ҳукми риш) чизе бигӯяд. Дар инҷо, ки ба ин бону гуфта намешавад, чаро барои мардон таъйини таклиф мекунӣ?! Зеро ӯ фақат ҳукме аз аҳкоми диниро баён медорад. Ва ба сухани дигар, баёни аҳкоми исломӣ, бар ҳар марду зани мусалмон агар донои он бошад, воҷиб аст, ва қарор ҳам бар ин нест, ки баёни аҳкоми вижаи бонувон бар ӯҳдаи бонувон ва аҳкоми махсуси мардон бар ӯҳдаи мардон бошад.

3. Нуктаи севвум: дар бораи решаҳо ва чароии «лузуми пӯшиши бонувон», ки ислом ба он фаро хондааст, донишмандони исломӣ бисёр гуфта ва навиштаанд. Вале як ҳақиқат дар ин росто ҳаст, ки мутаассифона камтар мавриди таваҷҷӯҳи ҳатто худи донишмандони исломӣ ҳам қарор гирифта ва ба ҷуз шуморе андак аз онҳо – мисли Мавлоно дар гузашта ва Устод Мутаҳҳарӣ дар асри ҳозир – ба он напардохтаанд. Ва он ин ки: решаи ин падидаро бояд дар як тадбири моҳиронаи ғаризии худи зан ҷустуҷӯ кард.

Тавзеҳ он ки: аз қадим баҳсе дар миёни донишмандон (мусалмон ва ғайри мусалмон) дар мавзӯи чароии «тамоюли зан ба пӯшондани худ аз мард» (манзур, асли пӯшондан аст, на ҳудуду суғури он) матраҳ будааст ва ҳар як аз онҳо ба навбаи худ дидгоҳҳое иброз доштаанд. Аз назари шуморе аз онон, «пӯшиш тадбире аст, ки худи зан бо як навъ илҳом барои гаронбаҳо кардани худ ва ҳифзи мавқеияти худ дар баробари мард ба кор бурдааст… Ӯ нуқтаи заъфи мардро дар ҳамон ниёзе ёфтааст, ки дастгоҳи офариниш дар вуҷуди мард ниҳода, ки ӯро мазҳари ишқ ва талаб ва занро мазҳари маъшуқият ва матлубият қарор додааст.» (1)

Мавлоно Балхӣ, зимни овардани як достон дар Масавнӣ, роҷеъ ба таъсири «ҳоил» ва «сатр» миёни зану мард дар афзоиши қудрат ва маҳбубияти зан ва дар боло бурдани мақоми ӯ ва дар гудохтани мард дар оташи ишқу сӯз, масале латиф меоварад.

Мавлоно марду занро ба обу оташ ташбеҳ мекунад ва мегӯяд: масали мард масали об аст ва масали зан масали оташ, агар ҳоил ва ҳиҷоб аз миёни обу оташ бардошта шавад, об бар оташ ғалаба мекунад ва онро хомӯш месозад, аммо агар ҳоил ва ҳиҷобе миёни он ду барқарор гардад — мисли ин ки обро дар деге қарор диҳанд ва оташ дар зери он дег равшан кунанд — он вақт аст, ки оташ обро таҳти таъсири худ қарор медиҳад, андак-андак ӯро гарм мекунад ва аҳёнан ҷӯшиш ва ғалаён дар ӯ ба вуҷуд меоварад то он ҷо ки саросари вуҷуди ӯро табдил ба бухор месозад. Мавлоно мегӯяд:

Об ғолиб шуд бар оташ аз ниҳеб,

З-оташ ӯ ҷӯшад, чу бошад дар ҳиҷеб.

Чунки деге ҳойил омад ҳар дуро,

Нест кард он обро, кардаш ҳаво.

Илова бар он ки мард бар хилофи он чи ибтидо тасаввур меравад, дар умқи руҳи хеш аз ибтизоли зан ва аз таслим ва ройгонии ӯ мутанаффир аст. Мард ҳамеша иззат ва беэътиноии занро нисбат ба худ сутудааст. Низомӣ мегӯяд:

Чӣ хуш нозест нози хубрӯён,

Зи дида рондаро аз дида ҷӯён.

Олфред Ҳичкок (Alfred Hitchcock), коргардони шаҳири ангилисӣ мегӯяд: «Ман мӯътақидам, ки зан ҳам бояд мисли филме пурҳаяҷон бошад, бад-ин маънӣ, ки моҳияти худро камтар нишон диҳад ва барои кашфи худ мардро ба нерӯи тахайюл ва тасаввури зиёдтаре водорад. Бояд занон пайваста бар ҳамин шева рафтор кунанд, яъне камтар моҳияти худро нишон диҳанд ва бигузоранд мард барои кашфи онҳо бештар ба худ заҳмат диҳад.» (2)

Ва ҳам ӯ мегӯяд: «Занони шарқӣ то чанд сол пеш ба хотири ҳиҷоб ва ниқоб ва рӯйбанде, ки ба кор мебурданд, худ ба худ ҷаззоб менамуданд ва ҳамин масъала ҷозибаи нерӯманде ба онҳо медод, аммо ба тадриҷ бо талоше, ки занони ин кишварҳо барои баробарӣ бо занони ғарбӣ аз худ нишон медиҳанд, ҳиҷоб ва пӯшише, ки дирӯз бар зани шарқӣ кашида шуда буд, аз миён меравад ва ҳамроҳи он, аз ҷозибаи ӯ ҳам коста мешавад.» (3)

* * *

Поварақӣ:

(1) Китоби «Масъалаи ҳиҷоб», таълифи Устод Мутаҳҳарӣ, с.422.

(2) Ба нақл аз ҳамин манбаъ.

(3) Ба нақл аз ҳамин манбаъ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.