Перейти к содержимому

Риёз нигарони афзоиши қудрат ва ҷойгоҳи Эрон дар минтақа ва ҷаҳон

Мақолае аз Пери Комок (Perry Cammack) дар сойти Андешкадаи Корнегӣ (Carnegie Endowment)

Ҳамчунон ки Ховари Миёна ҳар рӯз дастхуши таҳаввул аст, Арабистони Саудӣ сиёсати хориҷии хасмонатареро дар пеш мегирад ва бо вуҷуди сардии равобите, ки солҳои ахир дар равобити Вошингтун ва Риёз дида мешавад, воқеият ин аст, ки саудиҳо ҳеч ҷойгузини воқеӣ барои Вошингтун дар таъмини амнияти худ надоранд.

Ба эътиқод ман, тағйири бесобиқае, ки дар рӯйкарди Арабистони Саудӣ мушоҳида мекунем, нишонае аз эътимод ба нафси ин кишвар нест, балки баёнгари нигаронии шадиди саудиҳо аз фурӯпошии назми минтақаӣ аст. Хонаводаи салтанатии саудӣ Эронро масъули бисёре аз ошуфтагиҳои минтақаӣ аз ҷумла дар Сурия, Лубнон ва Ироқ медонанд.

Риёз ҳамчунин аз вокуниши Иёлоти Муттаҳида, шарики қадимии худ, ба ин ошуфтагӣ бисёр ноумед шудааст. Ва мутаассифона вокуниши Арабистони Саудӣ ба ин шароит, танҳо оташи ин ошуфтагиҳоро шӯълавартар кардааст. Барои мисол, ҳамалоти 14-моҳаи Эътилофи Арабистон ба Яман як фоҷеаи инсонӣ аст, ки дар ҷараёни он ҳазорон ғайри низомӣ кушта ва беш аз ду милюн тан бехонумон шудаанд ва албатта кӯмаки чандоне ҳам ба таҳаққуқи аҳдофи сиёсии Риёз накард.

Эрониён ҳам ба навбати худ Арабистони Саудиро як ҳомии бунёдгароии мазҳабӣ мебинанд. Аз назари Эрон, ДОЪИШ маҳсули табиии омӯзаҳои ултромуҳофизакоронаи ин кишвар аст, ки ағлаб бо унвони «ваҳҳобият» шинохта мешавад. Ба ҳамин далел, бо таваҷҷӯҳ ба шароити мавҷуди минтақа, танҳо калимае, ки мешавад аз он барои таърифи вазъияти феълӣ истифода кард: вожаи «печида» аст.

Аз як сӯ, саудиҳо аз соли 2010 қарордодҳое ба арзиши беш аз 100 милёрд дулор барои хариди таслиҳоти низомӣ имзо кардаанд ва ҳамкориҳои иттилоотӣ ва низомӣ миёни Риёз ва Вошингтун ҳамчунон ба қуввати худ боқӣ аст. Борок Убомо то кунун чаҳор дидор бо подшоҳи Арабистон дошта ва Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи Омрико низ бештарин дидорро бо Одил ал-Ҷубайр, ҳамтои арабистонии худ доштааст.

Бо ин ҳол, равобити Иёлоти Муттаҳида — Саудӣ бештар бар пояи манофеъи муштарак поягузорӣ шуда, то арзишҳои муштарак. Ва акнун ин манофеъ дастхуши тағйироти ҷиддӣ шудаанд. Иёлоти Муттаҳида пас аз 25 сол ҳузури мудовим ва ағлаб номуваффақи низомӣ дар Ховари Миёна, дигар тамоюли чандоне ба даргир шудан дар чолишҳои ҷадидро надорад. Вошингтун ва Риёз дар бораи «иллатҳои бесуботии минтақа» ва «ончи бояд анҷом шавад», ба вижа дар хусуси Эрон, дидгоҳҳои мутафовите доранд. Аммо ин тамоми моҷаро нест.

Дар пайи инқилоби нафтии ахир дар Иёлоти Муттаҳида, Вошингтун ва Риёз ба якбора ба руқабои иқтисодии якдигар табдил шуданд. Ва албатта масъалаи 28 сафҳаи маҳрамона, ки мушаххасан ба нақши бархе аз давлатмардони Арабистони Саудӣ дар ҳимоят аз муҳоҷимони ҳамалоти 11 сентябр ишора дорад низ равобити ду кишварро ба шиддат таҳти таъсир қарор додааст.

Асри ҷадиди равобит

Бо таваҷҷӯҳ ба вобастагии торихии Арабистон дар таъмини амнияти худ ба Омрико, акнун Риёз ба дунболи тағйири шароит ва костан аз ин вобастагӣ аст. Аммо барои ин кор маҳдудиятҳое дорад. Маскав ва Риёз дар бораи Сурия нуқта назароти комилан мутазодде доранд. Бунбасти Исроил — Фаластин то ҳадди зиёде эҳтимоли ҳамкорӣ миёни Исроил ва Арабистонро тазъиф кардааст. Ва Миср гарчи ба кӯмакҳо ва базлу бахшишҳои муттаҳидони арабии худ вобаста аст, аммо ормонҳои худро барои раҳбарии ҷаҳони араб дорад. Ба ҳамин далел, ҳеч як аз инон наметавонад ҷойгузине муносиб барои қобилиятҳои низомӣ ва диплумотики Иёлоти Муттаҳида бошанд.

Ман интизор дорам, ки ду тараф пас аз интихоботи январ ва рӯйи кор омадани раисмҷумҳури ҷадид (дар Омрико), талошҳоеро барои тақвияти муҷаддади ҳамкориҳо бо якдигар дошта бошанд. Аммо воқеият ин аст, ки мо вориди асре ҷадид аз равобити Иёлоти Муттаҳида — Саудӣ шудаем. Асре, ки ҳар ду тараф ба рағми идомаи ҳамкорӣ дар масоиле, ки манофеъи дуҷонибаро дарбар мегирад, ба таври рӯзафзуне дар бораи тайфи густурдае аз масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ бо якдигар ихтилофи назар хоҳанд дошт.

Албатта Арабистон ба лиҳози дохилӣ низ дастхуши тағйироти ҷиддӣ аст. Гуфта мешавад, ки шоҳзода Муҳаммад бен Салмон, писар ва ҷонишини валиаҳди Арабистон, нуфузи бисёре дар тадвини сиёсатҳои хориҷӣ ва дохилии Арабистон дорад. Комилан мантиқӣ аст, ки ин тасбити қудрат, вокуниши бисёре аз аъзои хонадони Оли Саудро, ки манофеъи сиёсӣ ва иқтисодиашон дар маърази хатар қарор гирифта-ро барангезад. Аз он ҷое, ки таҳаввулоти хонадони Оли Сауд пушти дарҳои баста сурат мегирад, пешбинии ин, ки шароит ба чӣ самту сӯе хоҳад рафт, душвор аст. Аммо он чи мушаххас аст, нақши шоҳзода Муҳаммад дар таҳаввулоти имрӯзи хориҷӣ ва дохилии Арабистон аст. Вай ахиран ошкоро дар бораи иқтисоди пас аз нафт, ба унвони бахше аз чашмандози Арабистон дар соли 2030, сӯҳбат кардааст.

Такрори торих пас аз 2400 сол

Ба эътиқоди ман, то замоне ки танишҳои миёни Риёз ва Теҳрон ба сурати он чи имрӯз мушоҳида мекунем боқӣ бимонад, рӯйкарди хасмонаи Арабистони Саудӣ дар сиёсатҳои минтақаӣ ба қуввати худ боқӣ хоҳанд монд. Тукудидес (Thucydides = Фукидид), муаррихи юнонӣ, беш аз 2400 сол пеш дар торихи Ҷанги Пелупунези (Peloponnesian War = Пелопоннесская война) миёни Отен (Афина) ва Эспорт (Спарта) менависад: «Ончи боиси оғози ҷанг шуд, афзоиши қудрати отениҳо ва тарсе буд, ки эспортҳо аз ин афзоиши қудрат доштанд.», ки ёдовари шароити имрӯзи халиҷи Форс аст. Арабистони Саудӣ аз эҷоди равобити ҳасана миёни Иёлоти Муттаҳида ва эрониён дар пайи тавофуқи ҳастаӣ, ки соли гузашта ба саранҷом расид, нигарон аст.

Ба эътиқоди ман, Иёлоти Муттаҳида бояд дар барқарории равобит бо Арабистон ба варои шароити феълӣ нигоҳ кунад ва масири дутарафаро дар пеш бигирад. Нахуст, Вошингтун бояд ҳамчунон ба Риёз итминон диҳад, ки аз ин подшоҳӣ дар баробари хатароти эҳтимолии хориҷӣ ҳимоят хоҳад кард. Ва дуввум, Вошингтун бояд Риёзро мутақоъид кунад, ки барқарории суботи воқеӣ дар минтақа, ниёзманди таҳаввули ҷиддӣ дар рӯйкарди Арабистони Саудӣ аст. Дар ин шароит, чолиши фаврӣ ин костан аз таниш миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон аст, ки метавонад фирқагароиро дар минтақа коҳиш дода ва фароянди диплумотики ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ дар Сурия, Ироқ, Яман ва фаротар аз онро осон кунад.

Чолиши баландмуддат барои Арабистони Саудӣ ва дигар бозигарони минтақаӣ, ҳимояти воқеӣ аз тавсиъаи низоми сиёсӣ дар тамоми минтақа аст; тавсиъае, ки ба тарвиҷи тақсими қудрат, эҷоди ҳукумати посухгӯ ва истиқрори системҳои иқтисодии пӯё мунҷар шавад. Ин рӯйкард подзаҳре барои родиколизм аст, ки минтақаро аз ҳам ҷудо кардааст.

Carnegie Endowment

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: