Бонувон

Дар ҳошияи баҳси сатру ҳиҷоб

Мулоҳизоти Дориюши Раҷабиён

image1. Муҳимтарин нукта дар ҷустори оқои Истаравшанӣ, аз диди ман, изъон ба ин нукта буд, ки “аҳаде ҳаққи иҷбори касеро бар он чи мӯътақид аст, надорад.” Ин ъайни бовари ман ҳам ҳаст, ки тайи ин чанд рӯз борҳо такрор шуда. Чун аслану абадан шуданӣ нест, ки бо иҷбор ва на аз роҳи истидлоли мантиқӣ касеро муътақид ба боварҳои худ кунем.

Нуктаи муҳимми дигар дар ин матлаб, аз диди ман, ин аст, ки “Ҳар инсоне, аз ҷумла мусалмон, дар баёни он чи ба он мӯътақид аст, озод аст.” Асли озодии баён ҳам чунин мегӯяд. Ва ба бовари ман, ки чанд рӯз пеш баён шуд, озодии баён сазовори касонест, ки ба озодии баён арҷ мегузоранд.

Дар иттифоқе, ки ахиран уфтод, қазия аз ин қарор буд: пурсиши мантиқии танзомези Маҳини Даврон дар мавриди ҳиҷоби иҷборӣ дар Эрон рӯи сафҳаи Фейсбукаш мунташир шуд, шуморе аз мухолифони дидгоҳаш ӯро ба бадтарин гуноҳҳои заминию самовӣ муттаҳам карданду аз ӯ хостанд, ки даҳон барбандад ва дигар чунин изҳори назаре накунад ва фаротар аз он, ба таври дастаҷамъӣ ӯро мавриди таҳриме густарда қарор доданд ва дар ъайни қатъи дӯстӣ бо Маҳин ҳамарӯза дар ҳасби ҳол (статус)-и худ бо ишораву киноя ӯро мавриди шиканҷаи равонӣ қарор доданд. Як сангсори маҷозии тамомъайёр буд ва барои дарки он ҳолат бояд худро дар ҷои Маҳин қарор дод. Як корзори зишту кареҳ ъалайҳи касе буд, ки аз ҳаққи озодии баёни худ истифода карда буд.

Пас афроде, ки озодии баёнро бад-ин гуна зиёновар медонанду ъалайҳи он метозанд, наметавонанд густохона аз дигарон тақозои риъояти ҳаққи онҳо ба озодии баёнро дошта бошанд. Аз озодии баён замоне мешавад баҳра бурд, ки он ҳақро барои дигарон ҳам қоил бошем. Дар ин қазияи бахусус Маҳини Даврон яктана дар баробари анбӯҳе аз мардуми мутаъассибе қарор дошт, ки ӯро аз изҳори назар манъ мекарданд. Озодии баён як мақулаи мутақобил ва дусӯя аст. Намешавад сирфан онро тақозо карду барои касе он ҳақро қоил нашуд. Навъе доду ситади иҷтимоъӣ дар ҷаҳони мутамаддин аст.

2. Аммо дар мавриди муқоисаи тавсияи занон “дар бораи ҳукми риш” барои мардон ва ҳукми мардон “дар бораи сатру пӯшиши бонувони мусалмон” бо дидгоҳи оқои Истаравшанӣ наметавонам мувофиқ бошам. Муқоисаи дурусте нест.

То кунун ҳатто як мавриди тавсияи бонувон дар бораи “ҳукми риши мардон”-ро ба ёд надорам. Гӯ ин ки бонувон худро дар ҳадди ироаи як чунин тавсияе ба мардон намедонанд. Аммо ҳар бор, ки баҳси ҳиҷоб (ё дар воқеъ, пӯшиши исломӣ)-и занон матраҳ шуда, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама мардон дар сангари мудофеъони таҳмили ҳиҷоб ё ҳиҷоби иҷборӣ қарор гирифтаанд.

Таъкиди ман рӯи ъиборати “ҳиҷоби иҷборӣ” аст, чун ин дақиқан ҳамон чизест, ки дар гапугуфти ман бо он сӯи сангари баҳс матраҳ буд.Тасаввури ман ин нест, ки оқои Истаравшанӣ ҳам бо ҳиҷоби иҷборӣ мувофиқ бошад, бо таваҷҷуҳ ба нукоте, ки пештар аз ӯ нақл шуд. Вале ҳамаи мубоҳисонам дар он баҳс бидуни истисно аз он дифоъ кардаанд. Аз таҳмили ҳиҷоб бар мақомҳои зани ғарбӣ дар Эрон ҳам ҳимоят кардаанд. Ва таҳмили ҳиҷоб дар ҷомеъаи Тоҷикистонро ҳам боиста донистаанд.

Аз диди ман, ин гароиши ифротӣ метавонад кор дасти ҷомеъаи Тоҷикистон бидиҳад. Ва ҳамин тавр ба бовари ман, тамоюл ба таҳмили пӯшиши исломӣ бо омӯзаҳои ҳар дине, аз ҷумла ислом мунофот дорад ва наметавон онро ба содагӣ “ҳукме аз аҳкоми исломӣ” номид, бавежа ба далели ихтилофи дидгоҳҳое, ки ҳамчунон дар мавриди таҳмили пӯшиши исломӣ дар ҷавомеъи исломӣ вуҷуд дорад. Бо гузашти 37 сол аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон мавзӯъи ҳиҷоби иҷборӣ дар он кишвар ҳамчунон пурсишбарангез аст. Бахши ъазиме аз мардум ва бавежа равшанфикрон онро масъалае фардӣ медонанд, дар ҳоле ки низоми исломӣ ба ҷамъӣ будани ин мақула таъкид дорад. Дар ин бора бештар хоҳам гуфт.

Афзун бар ин, коре, ки наметавон бар сари коре, ки қарор нест ману шумо анҷом диҳем, сирфан исрор дошт. Агар ба зарурати риъояти ҳиҷоб аз сӯи зани мусалмон бовар дорем, мешавад тавсия ва муҳимтар аз он тавҷеҳи ъақлонӣ кард; на ба монанди тарафҳои ман дар ин баҳс ду по дар як кафш ҷор зад, ки ҳатман ҳамаи занон бояд ҳиҷоб танашон бошад, зеро бардошти ман аз дини худам чунин аст… На ҷомеъаи мо такдинӣ ё такъақидатист ва на қарор аст ҳамаи мусалмонон истинботи воҳиде аз мақулаи ҳиҷоби исломӣ дошта бошанд.

3. Таъбири шоъиронае, ки Сайидюнуси арҷманд аз зарурати риъояти ҳиҷоби исломӣ ироа додаанд ва муҳтарам аст, бо истинботи мутаъориф (роиҷ) ва тавҷеҳоти тарафи баҳси ман комилан мутафовит аст. Далеле, ки ҳам тарафи баҳси ман ва ҳам бештари навиштаҳои исломӣ барои риъояти ҳиҷоб овардаанд, ҷинсиятӣ (ҷендерӣ) ва ҷинсӣ (сексӣ) аст; ҳиҷобро гунае сипари бало дар баробари нигоҳи шаҳватолуди мардон таъбир мекунанд. Ба дурустию нодурустии ин нигоҳ ҳам намехоҳам инҷо бипардозам. Сирфан ба ин иктифо мекунам, ки ин нигоҳ ҳам муҳтарам хоҳад буд, агар фарди дорандаи ҳиҷоб шахсан ба он эътиқод дорад ва раъсан ҳиҷобро ихтиёр кардааст.

Ъиддае ҳам (ба монанди Ferz Ferz) дар баҳс бо ман бепарво занонро инсонҳои дараҷаи ду ва модуни мард донистаанд, ки муваззаф ба тан додан ба тасмимҳову дастурҳои мард аст; чун аз диди ӯ мард бартар аз зан аст. Ин дидгоҳи барбаронаро сазовори баррасӣ дар ин ҷустор намедонам.

Сайидюнуси Истаравшанӣ беҳтар аз ман баладанд, ки дар садри ислом ва дар ъаҳди паёмбари ислом ҳиҷоб иҷборӣ набуд. Яъне мафҳуми ҳиҷоби иҷборӣ ва таҷрубаи ҳиҷоби иҷборӣ дар он даврон вуҷуд надошт. На танҳо иҷборӣ набуд, балки вожаи “ҳиҷоб” бо маънои мутадовили он дар ҷаҳони исломии имрӯз роиҷ набуд. Дар Қуръон ҳам, вақте аз пӯшиши занон сухан мегӯяд, ҳарфе аз “ҳиҷоб” (парда) нест, илло дар як маврид, ки марбут ба занони паёмбар мешавад. Муртазо Мутаҳҳарӣ, ки Сайидюнус ҳам ба навиштаҳои ӯ ишора кардаанд, дар “Масъалаи ҳиҷоб”-аш навишта:

“Ба ҳар ҳол, ояе, ки дар он калимаи “ҳиҷоб” ба кор рафта, ояи 53 аз сураи “Аҳзоб” аст, ки мефармояд:

واذا سألتموهن متاعا فاسألوهن من وراء حجاب

Яъне “агар аз онҳо матоъу колои мавриди ниёзе мутолиба мекунед, аз пушти парда аз онҳо бихоҳед”. Дар истилоҳи ториху ҳадиси исломӣ ҳар ҷо номи “ҳиҷоб” омадааст, масалан, гуфта шуда, қабл аз нузул ояи ҳиҷоб чунон буд ва баъд аз нузул ояи ҳиҷоб чунин шуд, мақсуд ин оя аст, ки марбут ба занони пайғамбар аст… Аммо ин ки читавр дар ъасри ахир ба ҷои истилоҳи роиҷи фуҳақо, яъне “сатру пӯшиш” калимаи “ҳиҷобу пардаву пардагӣ” шоеъ шудааст, барои ман маҷҳул аст. Ва шояд аз ноҳияи иштибоҳ кардани ҳиҷоби исломӣ ба ҳиҷобҳое, ки дар соири милал марсум будааст, бошад.”

4. Дар садри Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам (ки интишори ъаксе аз ҳиҷоби иҷбории як зани ғарбӣ дар ҳамон ҷо ба баҳси кунунӣ доман зад) ҳиҷоб ё пӯшиши исломӣ иҷборӣ набуд. Дар мустанадҳову филмҳои давраи инқилоб занони беҳиҷоби бисёреро мебинем, ки дӯшодӯши мардон ъалайҳи подшоҳу низоми салтанатӣ шиъор медиҳанд ё аз Имом Хумайнӣ пешвоз мегиранд ё дар ҳамапурсие, ки Эронро ба “Ҷумҳурии Исломӣ” табдил кард, ширкат мекунанд.

Пас чи шуд, ки ҳиҷобе, ки чи дар бадви ислом ва чи дар садри Ҷумҳурии Исломӣ иҷборӣ набуд, бар ҳамаи занон дар Эрон таҳмил шуд? Моҷаро дарозу печида аст, ки шояд нашавад дар чанд ҷумла тавзеҳ дод, аммо талош мекунам.

Бо расидани Имом Хумайнӣ ба қудрат баҳси ҳиҷоби иҷборӣ ҳам матраҳ шуд. Мухолифони ҳиҷоби иҷборӣ мегуфтанд, ки дар садри ислом ҳам пӯшиши исломӣ иҷборӣ набуда, балки вобаста ба тасмим ва хостаи фард-фарди занон будааст. Ъуламои ҳавза (рӯҳониюн) вориди баҳс шуданд. Шуморе мувофиқ ва бархе ҳам мухолифи ҳиҷоби иҷборӣ буданд. Оятуллоҳ Маҳмуди Толиқонӣ аз маъруфтарин мухолифони ҳиҷоби иҷборӣ дар миёни рӯҳониёни Эрон буд. Иттифоқан, мухолифати ӯ пас аз он эълом шуд, ки Имом Хумайнӣ дастур дод дар ҳамаи идораҳои давлатӣ занон пӯшиши сар дошта бошанд. Оятуллоҳ Толиқонӣ дар вокуниш ба ин фармони Хумайнӣ хитоб ба занони муътариз ба ин фармон гуфта буд:

Ҳатто барои занҳои мусалмон ҳам дар ҳиҷоб иҷборе нест, чи бирасад ба ақаллиятҳои мазҳабӣ… Мо намегӯем, занҳо ба идорот нараванд ва ҳеч кас ҳам намегӯяд… Занон ъузви фаъъоли иҷтимоъи мо ҳастанд… Ислом ва Қуръон ва мароҷеъи дин мехоҳанд шахсияти зан ҳифз шавад. Ҳеч иҷборе ҳам дар кор нест. Магар дар деҳоти мо аз садри ислом то кунун занони мо чигуна зиндагӣ мекарданд? Магар чодар мепӯшиданд?.. Кӣ дар ин роҳпаймоиҳо занони моро маҷбур карда, ки боҳиҷоб ё беҳиҷоб биёянд? Инҳо худашон эҳсоси масъулият карданд. Аммо ҳоло ин ки рӯсарӣ сар кунанд ё накунанд, боз ҳам ҳеч кас дар он иҷборе накардааст.”

(Рӯзномаи “Иттилоъот”, Теҳрон, 20 исфанди 1357)

Вале дере нагузашт, ки як кас ва он ҳам болотарин мақоми Ҷумҳурии Исломӣ (Хумайнӣ) дар он (ҳиҷоб) иҷбор кард. Дастури Хумайнӣ дар идороти давлатӣ иҷро шуд ва заноне, ки тан ба ҳиҷоби иҷборӣ надоданд, машоғилашонро аз даст доданд. Чанд сол баъд (1363 / 1984) Қонуни муҷозоти исломӣ тасвиб шуд, ки бино бар он, занон иҷоза надоштанд беҳиҷоб дар хиёбонҳо зоҳир шаванд; занони беҳиҷоб ба 72 зарбаи шаллоқ маҳкум шуданд; барои ҷурми беҳиҷобӣ аз 10 рӯз то 2 моҳ зиндон ё ҷаримаи нақдӣ ҳам таъйин шуд.

5. Ҷолиб аст бидонем, ки ҳамин Ҳасани Рӯҳонӣ (Ҳасани Фаридуни пешин), ки акнун раисиҷумҳурии муътадилу миёнарав ва маъқули Эрон ба шумор меояд, дар он давра, дар оғози инқилоб, яке аз масъулони маҷбур кардани занон ба риъояти ҳиҷоб будааст. Оқои Рӯҳонӣ “масъули иҷрои тарҳи иҷборӣ кардани ҳиҷоб дар идороти марбут ба артиш” буд. Худи ӯ дар китоби “Хотирот”-аш дар ин бора навиштааст:

Ба ҳар ҳол, аввал бор ъуламои Қум ба беҳиҷобии занон эътироз карданду гуфтанд: дар ҳукумати исломӣ ҳамаи занон бояд боҳиҷоб бошанд. Имом (Хумайнӣ) низ дар яке аз баёноти худ ба лузуми ҳиҷоб барои занон ишора карданд ва ҳамин боъис шуд ъиддае аз занони беҳиҷоб дар хиёбонҳо тазоҳурот кунанд ва дар муқобили кохи додгустарӣ ва нахуствазирӣ таҳассун намоянд. Дар ин ҳангом низ оқои Толиқонӣ пой пеш гузошт ва суханоне дар бораи ҳиҷоб иброз карду гуфт: “Ҳиҷоби иҷборӣ надорем ва хонумҳо бояд худашон ҳиҷобро интихоб кунанд.”

Дар идома менависад:

Гурӯҳакҳо ва муҷоҳидини халқ ҳам иттилоъия медоданд, ки ҳиҷоб набояд иҷборӣ бошад. Дар давлати муваққат ҳам баҳс буд, ки оё ҳиҷоб бояд иҷборӣ шавад ё на. Хулоса, ҳамон тавр ки ишора кардам, оқои Толиқонӣ дар суханронии худ гуфт: “Мо наметавонем занони аҳли китобро маҷбур ба пазируфтани ҳиҷоб кунем, вале мусалмононро метавонем ташвиқ кунем, ки ҳиҷоб дошта бошанд ва дар ҳар сурат набояд касеро базӯр боҳиҷоб кунем. Бо вуҷуди ин, дар Ситоди Артиш бо дӯстон тасмим гирифтем ҳиҷобро илзомӣ кунем, ки оғозе барои вазоратхонаҳо ва идороти давлатӣ бошад.

“Тарҳи иҷборӣ шудани ҳиҷоб дар идороти марбут ба артиш ба ъуҳдаи ман гузошта шуд ва бад-ин ҷиҳат дар гоми аввал ҳамаи занони корманди мустақар дар ситоди муштараки артишро, ки наздик ба 30 нафар буданд, ҷамъ кардам ва пас аз гуфтугӯ бо онон қарор гузоштем аз фардои он рӯз бо рӯсарӣ дар маҳалли кори худ ҳозир шаванд. Занони корманд, ки ҳамагӣ ба ҷуз ду ё се нафар беҳиҷоб буданд, шурӯъ карданд ба ғур задану шулӯғ карданд, вале ман муҳкам истодаму гуфтам: “Аз фардо субҳ дижбони муқобили дарби вурудӣ муваззаф аст аз вуруди хонумҳои беҳиҷоб ба муҳавватаи ситоди муштараки артиш ҷилавгирӣ кунад.” Пас аз ситоди артиш навбат ба нерӯҳои сегона расид. Дар оғоз ба подгони Дӯшонтаппа рафтам ва ҳамаи кормандони занро, ки теъдоди онҳо зиёд буд, дар солуне ҷамъ ва дар бораи ҳиҷоб суҳбат кардам. Дар онҷо занҳо хеле сарусадо роҳ андохтанд, аммо ман қотеъона гуфтам: “Ин дастур аст ва сарпечӣ аз он ҷоиз нест.” Баъд тавзеҳ додам, ки мо намегӯем чодар сар кунед, баҳси чодар нест, сухан бар сари истифода аз рӯсарӣ ва пӯшондани сару гардан аст. Дар ниҳоят дар онҷо ҳам гуфтам ба дижбон дастур додаем аз фардо ҳеч зани беҳиҷоберо ба пойгоҳ роҳ надиҳанд.”

(“Хотирот”-и дуктур Ҳасани Рӯҳонӣ, ҷилди якум, сс. 571-573)

Ин аст шарҳи мухтасари вуруди ҳиҷоби иҷборӣ ба ҷомеъаи Эрон. Албатта, ин ки мегуфтанд «баҳси чодар нест ва кофист рӯсарӣ саратон кунед, то сару гарданатон бипӯшонад» ҳарфе беш набуд. Пас аз муддате чодар ҳам барои кормандони идороти давлатӣ иҷборӣ шуд.

Ва акнун мебинем, ки бо гузашти беш аз 35 сол ҳамон гуфтмони ҳиҷоб дар ҷомеъаи Тоҷикистон дақиқан ба ҳамон шаклу раволе, ки дар Эрон буда, роҳ уфтодааст.

Ба бовари ман, ҳоло ки намунаи Эронро дар баробари чашмонамон дорем, набояд хатоҳои онро такрор кунем. Чиро хато? Ҳар касе, ки дастикам яке-ду ҳафта дар Эрон ва бавежа миёни мардуми шарифи он сарзамин буда (на дар маконҳои ба дур аз иҷтимоъ), бахубӣ дарёфтааст, ки ҷомеъаи имрӯзии Эрон бо ҷомеъаи 37 сол пеш, ки инқилоб карда буд, башиддат мутафовит аст. Нишонаҳои фаровоне ҳокӣ аз дур шудани мардум аз идеулужии ҳоким ва бавежа сиёсатҳои таҳмилии он, аз ҷумла ҳиҷоби иҷборӣ аст. Ва як бори дигар собит мешавад, ки таҳмили ҳеч чизе бар вифқи муроди таҳмилгарон тамом намешавад, ки ҳеч, натиҷае дуруст хилофи хостаи онҳоро ба бор меоварад.

Ба қавли Ризо Мормулак дар филми маъруфи “Мормулак”-и Камоли Табрезӣ:

Оқои Фазлӣ, инқадр гир надеҳ ба ин ҷавонҳо! Охе биҳишт ки зӯракӣ намеша, ъазизи бародар! Унқадр фишор меёрӣ, ки аз ун вари ҷаҳаннам мезана берун!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.