Бонувон

Мулоҳозите бар мулоҳизоти оқои Раҷабиён

Сайидюнуси Истаравшанӣ

139503081503194817788534Бо ташаккур аз ҷаноби Дориюши Раҷабиён, ки мулоҳизоти хешро роҷеъ ба мақолаи ахир ва дар ҳошияи баҳси сатру пӯшиши бонувон, марқум фармуданд, пиромуни ин мулоҳизот лозим дидам чанд нуктаро ёдовар бишавам, ки ба тартиб дар зайл хоҳам овард:

1. Банда дар ҷараёни он баҳсу гуфтугӯҳо, ки дар ҳошияи ёддошти бону Маҳин Даврон сурат гирифт будам ва намехоҳам дар ин ҷустор вориди ҷузъиёти он бишавам.

* * *

2. Ва аммо дар мавриди нуктаи дуввум ва дар хусуси мисоле, ки задаам, ки шумо фармудаед: «То кунун ҳатто як мавриди тавсияи бонувон дар бораи “ҳукми риши мардон”-ро ба ёд надорам.», арз шавад, ки ин маврид фақат ба унвони як мисол оварда шуд (ва лизо дар дохили паронтез онро зикр кардаам), вагарна ин маврид ба худии худ ҳеч мавзӯъияте надорад ва чунон ки мегӯянд, «дар мисол ҳаргиз муноқиша намешавад» ва метавонистам мисоле дигар бизанам. Он чизе, ки дар мақоми баёни он будам ин буд, ки «агар як марди мусалмон аҳёнан дар бораи сатру ҳиҷоби бонувони мусалмон чизе мегӯяд, ӯ танҳо дар мақоми баёни «ҳукме аз аҳкоми исломӣ» будааст, на чизе дигар, то гуфта бишавад, ки чаро мардон дар бораи занон таъйини таклиф мекунанд?! Ин дуруст мисли он аст, ки як бонуи мусалмони огоҳ ба масоили шаръӣ, дар бораи «ҳукме аз аҳкоми исломии марбут ба мардон» чизе бигӯяд.»

* * *

3. Дар бораи ин ки таъкиди шумо дар он баҳсу гуфтугӯҳо «рӯи иборати ҳиҷоби иҷборӣ” буда ва ин рафтор дар Эрон эъмол мешавад, нуктаи қобили мулоҳиза дар ин маврид он аст, ки ба назар мерасад, барои шумо (ва ҳатто дигарон) ду баҳс бо ҳам халт шуда; яке, баҳси асли «пӯшиш» барои бонувон (ки дар ислом чӣ ҳукме дорад), ва дигарӣ, баҳси «риояти он» агар ба худ сурати қонунӣ бигирад; ҳол он ки ин ду масъала муҷаззо ва комилан аз ҳам ҷудо ҳастанд.

Тавзеҳ он ки: агар бар фарз ин иддаъоро аз шумо бипазирем, ки ислом сатру ҳиҷобро иҷборӣ намедонад (ки дар ин хусус анқариб сӯҳбат хоҳам кард), вале агар давлати як кишвар (ҳар кишваре) онро ба сурати қонун дароварда бошад (ҳоло ба ҳар далел), риояти ин қонун ва амал ба муқтазои он, ҳаргиз «иҷбор» талаққӣ намешавад. Ва ба иборати дигар, уқало риояти қонун (ҳар қонуне) ва пойбандӣ ба онро дар ҳеч замон ва ҳеч маконе «иҷбор» надонистаанд. Бале, шояд қонуни муайяне ба назари шуморе аз шаҳрвандон, «ғайри мантиқӣ» ва ё «ноодилона» дониста шавад, вале замоне ки тибқи созукорҳои роиҷ (яъне ё аз тариқи иҷрои ҳамапурсӣ ва ё тавассути намояндагони мардум дар порлумон) ба сурати қонун даромад, риояти он дигар «иҷбор» қаламдод намешавад.

Бинобар ин, агар дар як кишвари исломӣ (Эрон ё ҳар кишваре дигар) «лузуми сатр барои бонувон» сурати қонунӣ ба худ гирифта бошад, наметавон амал ба муқтазои онро аз сӯйи бонувоне, ки онро намеписанданд, «иҷбори онҳо бар ин амр» талаққӣ кард.

Ҳоло як мисол бизинам, то масъала рӯшантар бишавад. (Умедворам, рӯйи мисол гир нахоҳед дод, зеро дар мисол муноқиша намешавад, зеро мисолро ғолибан барои тафҳим меоваранд). Фарз кунед, шуморе аз шаҳрвандони як кишвар, аз ин ки ҳангоми ронандагӣ тибқи ҳидояти чароғи роҳнамоӣ (светофор) амал бикунанд хушашон намеояд, ҳоло ба ҳар далел, аммо аз тарафе, риояти он аз назари қонун барояшон илзомӣ аст, дар ин сурат оё метавон гуфт, риояти ин теъдод аз шаҳрвандон мабнӣ бар истодан дар баробари чароғи роҳнамоӣ (светофор) «иҷбори онҳо» аст?

Ин масъала на танҳо дар мавриди риояти қонунҳои як кишвар содиқ аст, балки ҳатто дар мавриди риояти одот ва русуми роиҷ дар як ҷомеа низ сидқ мекунад ва ба ҳеч унвон муроъоти онҳо «иҷбор» талаққӣ намешавад. Яке аз дӯстонам нақл мекард, ки дар сафаре, ки ба Ҳиндустон дошта, вориди минтақае мешаванд ва барояшон таъкид мешавад, ки ба ҳеч ваҷҳ нисбат ба говон беэҳтиромӣ аз худ нишон надиҳанд ва ҳатто агар бибинанд гове дар васат ва миёнаи роҳ истода ва ё хобида, бояд мунтазир бошанд (ҳатто соатҳо), то ҷаноби гов ба ихтиёри худаш баланд шавад ва биравад ва он гоҳ метавонанд ба роҳи худ идома диҳанд. Хуб, дар ин гуна маворид агар ман одот ва тақолиди роиҷ дар он ҷомеаро муроъот бикунам (дар сурате ки онро хурофае беш намедонам ва ҳатто хилофи дастуроти диниам аст), ин амали ман ҳаргиз «иҷбор» унвон нахоҳад дошт, балки «эҳтиром ба мардуми он ҷомеа» қаламдод мешавад.

Бале, боз ҳам такрор мекунам, агар баҳсе дар ин миён ҳаст, дар ин аст, ки қонуне муайян (ҳар қонуне) аз назари шуморе аз шаҳрвандон, метавонад «ғайри мантиқӣ», «ғайри мунсифона» ва ё «ноодилона» тавсиф бишавад, на ин ки асли пойбандӣ ба он пас аз сурати қонунӣ ба худ гирифтан, «иҷбор» дониста бишавад.

Бинобар ин, агар раисиҷумҳури Крувосӣ ва ё ҳар мақоми дигари ғарбӣ вақте ба Эрон ва ё Арабистон сафар бикунанд ва сатру пӯшишро муроъот намоянд, ин амалашон ба ҳеч ваҷҳ «иҷбор» унвон намешавад, балки «эҳтироми қонун» ва ё «эҳтироми тақолид ва суннатҳои роиҷ» дар он ҷомеа аст.

* * *

4. Ончи аз Мавлоно ва Устод Мутаҳҳарӣ нақл кардам ва ҷаноби шумо аз он ба унвони «таъбири шоирона» ёд кардаед, иттифоқан агар рӯйи он хуб диққат бишавад, далеле аст бисёр муҳкам, мунтаҳо аз беруни дин (на даруни он), ва ба иборати дигар, як далели уқалоӣ аст агар нагӯем ақлӣ аст. Зеро дар онҷо таъкид рӯйи он буд, ки зан, ки мазҳари маъшуқият аст, агар саъй дар пӯшондани хеш аз мардон мекунад, ба ин ҷиҳат аст, ки то қадр ва қимат ва мақоми худро боло бибарад, ва ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба ин ки усулан мардҳо дар умқи руҳи хеш аз ибтизоли зан ва аз таслим ва ройгонии ӯ мутанаффиранд.

* * *

5. Ва аммо дар ин хусус, ки мефармоед: «вожаи “ҳиҷоб” бо маънои мутадовили он дар ҷаҳони исломии имрӯз роиҷ набуд» ва онгоҳ оятеро ҳам, ки дар он вожаи «ҳиҷоб» зикр шуда овардаед, инҷо ҷаноби шумо комилан як баҳси дарундинӣ кардаед ва лизо банда ҳам дар ин хусус баҳсе дарундинӣ хоҳам кард.

Асли «лузуми сатру пӯшиш» барои бонувон дар шариати ислом, як баҳси сирф лафзӣ нест, то ин эродҳо ворид бошад. Зеро ҳатто агар фарзро бар ин бигирем, ки асосан вожае назири вожаи «ҳиҷоб» на дар Қуръон омада бошад ва на дар Суннат, ҳатто дар ин сурат, боз ҳам асли вуҷуби «риояти пӯшиш» барои бонувон аз нигоҳи ислом дар ҷойи худ боқист. Зеро сареҳи Қуръони Карим барои бонувони мусалмон дар хусуси пӯшиш «ҳадду марзе» гузошта, ҳол чӣ номи онро «ҳиҷоб» бидонем ва ё ба вожае дигар таъбир бишавад. Дар Қуръони Карим омадааст:

وَقُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ آبَائِهِنَّ أَوْ آبَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائِهِنَّ أَوْ أَبْنَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنِي أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيْرِ أُولِي الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُوا عَلَى عَوْرَاتِ النِّسَاءِ وَلَا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِنْ زِينَتِهِنَّ وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

«Ба занони боимон бигӯ дидагони худро (аз ҳар номаҳраме) фурӯ банданд ва покдоманӣ варзанд ва зеварҳои худро ошкор нагардонанд, магар ончи ки аз он пайдост ва бояд рӯсарии худро бар синаи хеш (фурӯ) андозанд ва зеварҳояшонро ҷуз барои шавҳар ё (то охир…) ошкор накунанд…» (Сураи Нур, ояти 31)

Хитоб дар ин оят, ба кулли бонувони мӯъмина аст (وقل للمؤمنات…) ва аҳаде то кунан иддаъо накарда, ки ин оят дар мавриди занони Паёмбар (с) мебошад. Меъёр, риояти ҳамин ҳадд аз пӯшиш аст ва муҳим нест, ки рӯйи он унвони «ҳиҷоб» гузошта шавад ё чизе дигар, ва ҳамчунин муҳим нест либоси мавриди назар чӣ шакле дошта бошад, зеро инҳо ба фарҳанги ҷомеа бармегардад.

* * *

6. Ва аммо дар мавриди суханони марҳуми шаҳид Оятуллоҳ Толиқонӣ ва ин қабил баҳсҳо, ки дар оғози Инқилоб дар Эрон матраҳ буда, ин намат баҳсҳо ва дидгоҳҳо на танҳо дар оғози Инқилоб, ки ҳаминак низ дар Эрон миёни фуқаҳо ва ҳатто баъзе аз мароҷеи динӣ ҷараён дорад ва ҳамин ҳоло низ фуқаҳое дар Эрон ҳастанд, ки айни назари Оятуллоҳ Толиқониро доранд (ва банда то ҳудуде бо ин назар мувофиқам ва дурусташ мешуморам). Ҳол, иҷоза бифармоед як қадре бештар дар ин замина тавзеҳ бидиҳам.

Баҳси инон рӯйи асли вуҷуби «пӯшиш ва сатр» барои бонувон — ки чунонки гуфтем, як дастури сареҳи қуръонӣ ва як воҷиби шаръӣ ва аз заруриёти ислом аст – намебошад, балки баҳсашон рӯйи «қонунӣ» кардани якчунин воҷиботе дар як ҳукумати исломӣ аст.

Тавзеҳ он ки: баҳсе ҳаст (баҳсе сирфан фиқҳӣ) дар миёни фуқаҳои исломӣ (шиъа ва суннӣ), ки ҳадаф аз ташкили ҳукумати исломӣ чист? Ҳамаи онон дар ин маврид иттифоқи назар доранд, ки ҳадаф аз ташкили ҳукумати исломӣ, яке, «ҳифз ва тақвияти имон» аст ва дигаре, «иҷрои адолат дар ҷомеа». Он гоҳ, дар мавзӯъи «ҳифз ва тақвияти имон» (ки ҳадафи аслии ҳукумати исломӣ ба шумор меравад), баъзе аз фуқаҳо бар ин боваранд (ва бисёр мантиқӣ ҳам ҳаст), ки «агар иҷрои яке аз аҳкоми шаръӣ (мисли ҳамин пӯшиши бонувон) дар амал, бо ҳадафи ҳукумати исломӣ (яъне бо ҳифзи имони мардум) тазоҳум пайдо бикунад, инҷо бидуни тардид ҳифзи ҳадаф бар иҷрои он ҳукм тарҷеҳ дода мешавад.»

Масалан, агар як ҳукм (мисли вуҷуби риояти пӯшиш барои бонувон) дар як ҳукумати исломӣ сурати қонунӣ ба худ гирифта ва риъояташ илзомӣ дониста бишавад, дар сурате ки ин амр ба далоиле мунҷар ба тазъифи имони мардум гардад, дар инҷо ҳукумати исломӣ муваззаф аст, барои ҳифзи имони мардум (ки ҳадафи аслӣ аст), аз иҷрои он ҳукм сарфи назар намояд.

Ва ҳамчунин аст агар мухотаб (чӣ фард ё иҷтимоъ) ин зарфиятро надошта бошад, ки рӯйи ӯ ҳукме муайян (мисли пӯшиш барои бонувон) иҷро гардад. Ба сухани дигар, зарфияти мухотаб, чӣ мухотаб фард бошад ва чӣ иҷтимоъ, яке аз шурути иҷрои аҳкоми шаръӣ ба шумор меравад. Аллома Ибни Обидин (аз фуқаҳои ҳанафӣ) низ дар ин маврид баҳсҳои хубе дорад.

Рӯйи ҳамин асл аст, ки банда мӯътақидам, ҳукуматҳои исломӣ (чӣ Эрон бошад ё ғайри он) дар ин гуна маворид, беҳтар аст фарҳангсозӣ кунанд, то қонунгузорӣ. Масалан, дар Молезӣ бо ин ки қонуне дар ин ҷиҳат вуҷуд надорад, вале бонувони ин ҷомеа аксаран сатрпӯш ҳастанд ва шумо дар ин кишвар бонуе, ки сатрро риоят накунад, тақрибан пайдо намекунед, ба ин далел, ки ба як фарҳанги ҳамагонӣ табдил шудааст. Ва дар Миср ҳам, то ҷое ки шунидаам, ҳамин вазъ ҳоким аст, яъне бештари бонувони мисрӣ сатри исломиро муроъот мекунанд, дар ҳоле ки ҳеч қонуне дар ин хусус дар Миср вуҷуд надорад.

Аз ҳамин рӯст, ки банда бо суханони «Ризо Мормулак» дар он филми шаҳири Табрезӣ, ки ҷаноби шумо дар поёни ёддошти худ онро иқтибос овардаед, сад дар сад мувофиқам ва дӯст дорам бо ҳамон суханон ёддошти худро ба поён бирасонам, ки: «Оқои Фазлӣ, инқадр гир надеҳ ба ин ҷавонҳо! Охе биҳишт ки зӯракӣ намеша, ъазизи бародар! Унқадр фишор меёрӣ, ки аз ун вари ҷаҳаннам мезана берун!

Зинда ва саломат бошед, ва пӯзиш аз ин ки баҳсам каме ба дарозо кашид.

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.