Бонувон

Озодии инсон

Маҳмудхон Бурҳонов

139503081347554817786954Муддатест дар фазои маҷозӣ баҳсе роҷеъ ба сатр даргирифта ва то ҳоло шӯълаи он фурӯ нанишастааст. Тарафайни баҳс дар ин маврид бо ҳам иттифоқи назар доранд, ки сатр ба унвони навъе аз пӯшиш ҳаққи мусаллами ҳар зан аст ва ҳеч кас иҷоза надорад, ӯро аз ин ҳаққаш маҳрум кунад. Ихтилофи назар аммо дар ин аст, ки тарафе сатр ва ҳиҷобро на танҳо як ҳақ, балки вазифаи ҳар зан (зани мусалмон) низ медонад, вале тарафи дигар якчунин вазифаеро барои зан қабул надорад.

Онон, ки сатр ва ҳиҷобро вазифаи зан медонанд, назари худро мабтанӣ бар таълимоти дини ислом медонанд ва беҳиҷобии занро сарпечӣ аз дастуроти динӣ. Вале онон, ки сатр ва ҳиҷобро фақат ҳаққи зан медонанд, на вазифаи ӯ, назарашон мубтанӣ бар озодии инсон аст.

Пас инҷо аввал бояд масъалаи «озодии инсон» мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад ва ҷойгоҳи он дар вуҷуди инсон мушаххас шавад; то маълум гардад, ки оё озодии инсон дар сурати пайравӣ аз таълимоти динӣ салб хоҳад шуд, ё баръакс, танҳо дар гарави пайравӣ аз он ҳифз хоҳад шуд?

Тазаккур:

1. Асли озодии инсон қобили инкор нест, зеро озодӣ ва ихтиёр доштани инсон, дар ихтиёри ӯ нест, ин бархоста аз навъи хилқати ӯст ва ба қавли Сортер: “Инсон маҳкум ба ин аст, ки озод бошад.“ Бинобар ин, асли озодӣ барои инсон берун аз доираи нафйу исбот қарор дорад, чун аз ҳитаи ихтиёр ва қудрати ӯ берун аст.

Дар масоили арзишӣ фақат дар бораи чизе метавон сӯҳбат кард, ки инсон тавони анҷом ё тарки онро дошта бошад.

2. Чун инсон озод офарида шудааст, ҳамин озодӣ ӯро маҳкум мекунад, ки нисбат ба ҳар амалаш тасмим бигирад ва ба ҳамин далел тасмигириҳо ва интихобҳои инсон аҳаммияти зиёде пайдо мекунад. Ва ҳамин тасмимҳо ва интихобҳо сабаб мегардад, ки инсон нисбат ба ҳамаи аъмолаш масъул бошад ва ҳаргиз наметавонад масъулияти худро кетмон кунад. Ба иборати дигар, ҳамин озодии таквинӣ худ маншаи масъулиятҳои ахлоқӣ ва вазифаҳои қонунӣ (чӣ қонуни урфӣ, чӣ шаръӣ) барои инсон мешавад.

3. Бинобар ин, озодии ҷомеаи инсонӣ ҳаргиз ба маънои раҳоӣ ва бе қайду бандӣ нест, балки баръакс ба маънои масъулиятпазирӣ ва қонунмандии он аст.

Ба иборати дигар, инсон озод халқ шудааст, то масъулона зиндагӣ бикунад. Зеро агар инсон озодӣ надошт ва корҳои худро монанди чаҳорпоён аз рӯи ғариза анҷом медод, нисбат ба рафторҳои худ ҳеч масъулияте надошт.

Натиҷа: Озодии инсон худ ӯро водор мекунад, ки масъулона рафтор намояд ва дар рафторҳои худ аз қонуне пайравӣ намояд. Пас қонунмандӣ на танҳо ба маънои салби озодии инсон нест, балки нишонаи озодии инсон аст.

Суол: Кадом қонун?

Қонуни урфӣ

Оё асосан инсон ба андозаи кофӣ худро мешиносад, ки битавонад барои парҳез аз мафосид ва найл ба масолеҳи воқеӣ, қонун тадвин намояд?

Қонуне, ки бархе аз инсонҳо тадвин кардаанд, оё барои бархе дигар ҳам риояти он зарурӣ аст?

Чаро инсон аз қонуне пайравӣ намояд, ки мумкин аст, масолеҳ ва мафосидашро иштибоҳ ташхис дода бошанд?

Агар ташхиси як фард бо ташхиси қонунгузор мутафовит бошад, чӣ бояд бикунад?

Оё қонунеро, ки нодурусташ медонад пайравӣ кунад, ё он чиро ки худ дуруст мешуморад?

Дар сурати пайравӣ аз қонуне, ки ба назари инсон нодуруст аст, оё ин ба маънои таҳмили раъйи дигарон ва салби озодии фард нест?

Қонуни илоҳӣ

Дар сурати вуҷуди чунин қонуне, ки онро паёмбарон овардаанд, дигар он шубаҳоте, ки дар мавриди қонуни урфӣ вуҷуд дошт, аз миён хоҳад рафт. Чун аввалан, тадвинкунандаи ин қонун ҳамон офаринандаи инсон хоҳад буд, бинобар ин нигаронии инсон аз эҳтимоли иштибоҳ дар он қонун аз байн меравад. Сониян, нисбати он қонун ба ҳамаи инсонҳо яксон хоҳад буд, зеро онро на як инсон, балки Худои ҳама тадвин кардааст, дар натиҷа дигар назари ҳеч касе бар дигарӣ таҳмил нахоҳад шуд, то озодиаш салб гардад.

Бинобар ин, пойбандӣ ба қонуни илоҳӣ, ҳам таъминкунандаи саодати инсон аст ва ҳам тазминкунандаи озодии инсон. Дар ҳоле ки пойбандӣ ба қонуни урфӣ, на саодати инсонро таъмин мекунад ва на озодии инсонро тазмин менамояд.

Албатта ногуфта пайдост, ки фақат мӯъминон пойбанд ба қонуни илоҳӣ ҳастанд, ин масъаларо фақат аз он ҷиҳат тарҳ кардам, ки нишон дода бошам, бар хилофи тасаввури ғолиб, пайравӣ аз қонуни илоҳӣ на танҳо сабаби салби озодӣ намегардад, балки танҳо дар сурати пайравӣ аз ин қонун озодии инсон ҳифз хоҳад шуд. Вале дар сурати пайравӣ аз қонуни урфӣ, худ ба худ озодии теъдоди зиёде аз инсонҳо ба хотири таҳмили назари ақаллияти қонунгузор бар аксарияте, ки ҳеч нақше дар тасвиби он қонун надоштанд, зери по хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.