Перейти к содержимому

Посухи пурсише дар бораи меъёрҳои интихоби ҳамсар аз назари ислом

(Бознашр аз пойгоҳи пешини Кимиёи саодат, 2014)

201585121032aПурсиш: Ассалому алайкум устод! Савол доштам. Дар ислом дар бораи дустдоштаҳо чӣ мегуяд? Оё мумкин аст дустдоштаатро бар зани бигирӣ? Ва ба суннати точикон чи гуна аст, донед гуед. Агар мумкин бошад дустдошта (духтар) аз шариати ислом чӣ гуна бояд бошад, яъне чи чизхоро дошта бошад масалан илм, имон? Муфассал дар бораи дустдоштахо ва чи гуна будани онон матлаб менавистед. Аслан чи гуна духтарро ба зани гирифт?

Пешо пеш Ташшакури зиёд!

Юсуф Носиров

Посух: Ба номи Худо ва алайкум салом. Дар воқеъ шумо ду суол матраҳ кардаед: аввал ин ки назари ислом дар робита бо дӯст доштан ва ошиқ шудан ба ҷинси мухолиф чист? Ва пурсиши дигари шумо ин аст, ки ислом дар интихоби ҳамсар ба чӣ меъёрҳое қоил аст? Яъне ҳамсар чӣ сифатҳо ва чӣ вижагиҳое дошта бошад?

Инак, ба ҳар як аз ин ду пурсиш, ба сурати ҷудо посух менависам:

1. Ишқ ба ҷинси мухолиф:

Дӯст доштан ва ишқ ва муҳаббат ба ҷинси мухолиф, як чизи комилан табиист; ба гунае ки Худованд ин амрро аз оятҳо ва нишонаҳои худ медонад ва мефармояд: “Ва аз нишонаҳои Худованд яке ин аст, ки ҳамсароне аз ҷинси худатон барои шумо офарид, то дар канори онон оромиш ёбед, ва дар миёнатон муҳаббат ва раҳмат қарор дод. Дар ин, нишонаҳое аст барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд.” (Сураи Рум, ояти 21)

Ҳамин аст, ки мард, оромиши худро дар канори зан меёбад ва зан ҳам оромиши худро дар канори мард. Худованд миёни онҳо як навъ меҳру муҳаббат қарор додааст. Ишқ миёни марду зан ҳамин аст.

Аммо бояд донист, ки ин робита — яъне робитаи ишқу ошиқӣ миёни марду зан — аз назари ислом танҳо замоне муҷоз аст, ки миёни он ду ақди шаръӣ барқарор бошад. Ва дар ғайри ин сурат, ислом онро ғайри муҷоз ва ҳаром медонад.

Бинобар ин, вақте меҳр ва ишқи як духтар дар дили як писари ҷавон афтод, зуд хостгори ӯ бишавад ва бо ҳам ақд кунанд, ва пас аз он, ҳарчи дилашон мехоҳад, бо ҳам биншинанд ва изҳори муҳаббат бикунанд. Аммо пеш аз ақд, ба ҳеч сурат бо ҳам халват накунанд ва ба танҳоӣ сӯҳбат нанамоянд, ки шайтон васваса хоҳад кард ва онгоҳ муртакиби кори ҳароме хоҳанд шуд; зеро Қуръон фақат як роҳро барои эҷоди робита байни ду ҷинси мухолиф машрӯъ медонад, ва он ки:

وَالَّذِینَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حَافِظُونَ إِلَّا عَلىَ أَزْوَاجِهِمْ أَوْ مَا مَلَکَتْ أَیْمَانهُمْ فَإِنهَّمْ غَیرْ مَلُومِینَ

Ва (мӯъминон) касоне ҳастанд, ки шармгоҳи худро (аз олуда шудан ба ҳаром) нигаҳ медоранд, магар ба ҳамсарон ё зердастони худ (ва барои омезиш бо онон) сарзаниш ва маломат намешаванд.” (Сураи Мӯъминун, ояти 5 ва 6)

Ва ҳамчунин ислом дӯстиҳои пинҳонро мазмум ва нописанд мешуморад:

وَلا مُتَّخِذاتِ أَخْدانٍ

Ва на дӯстгирони пинҳонӣ.” (Сураи Нисо, ояти 25)

Бинобар ин, ҳар навъ эҳсос ва отифае хориҷ аз конуни хонавода, аз нигоҳи ислом мазмум аст.

Асосан, он чи пеш аз ақд миёни ҷавонписарон ва ҷавондухтарон эҳсос мешавад ва гумон мекунанд, ки ишқ аст, ғолибан ишқи ҳақиқӣ нест, балки ношӣ аз ғалаёни шаҳват аст. Ишқи воқеӣ танҳо миёни зану шавҳар барқарор мешавад; ду ҷуфте, ки миёнашон ақд барқарор аст, ва ба қавли Мавлоно:

Ишқҳое, к-аз пайи ранге бувад,

Ишқ набвад, оқибат нанге бувад.

2. Меъёрҳои исломӣ дар интихоби ҳамсар:

Дар инҷо 5 меёъре, ки ислом барои интихоби ҳамсар гузоштааст, ёдовар мешавам:

1. Имон ва диндорӣ:

Ислом аввалин ва муҳимтарин меъёр дар интихоби ҳамсарро диндорӣ муаррифӣ кардааст. Қуръони Карим дар ҳамин замина мефармояд:

وَلَا تَنْكِحُوا الْمُشْرِكَاتِ حَتَّى يُؤْمِنَّ وَلَأَمَةٌ مُؤْمِنَةٌ خَيْرٌ مِنْ مُشْرِكَةٍ وَلَوْ أَعْجَبَتْكُمْ وَلَا تُنْكِحُوا الْمُشْرِكِينَ حَتَّى يُؤْمِنُوا وَلَعَبْدٌ مُؤْمِنٌ خَيْرٌ مِنْ مُشْرِكٍ وَلَوْ أَعْجَبَكُمْ أُولَئِكَ يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ وَاللَّهُ يَدْعُو إِلَى الْجَنَّةِ وَالْمَغْفِرَةِ بِإِذْنِهِ وَيُبَيِّنُ آيَاتِهِ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ.

Бо занони мушрика то замоне ки имон наёвардаанд издивоҷ накунед; агарчӣ ба хотири мол ё ҷамол ва ё мақом (мавқеият), шуморо ба шигифтӣ оваранд. Ва занони худро ба издивоҷи мардони мушрик ва бутпараст то имон наёвардаанд, дарнаёваред; агарчӣ (мол ва ё зебоӣ ва ё мавқеият)-и онон шуморо ба шигифтӣ оварад; (зеро) онҳо шуморо ба сӯйи оташ даъват мекунанд ва Худованд шуморо даъват ба биҳишт ва омурзиш менамояд.” (Сураи Бақара, ояти 221)

Расули Худо мефармоянд: “Ҳар кас бо зане барои молаш издивоҷ кунад, Худо ӯро ба ҳамин амр вогузор менамояд, ва ҳар кас ки барои ҷамолаш издивоҷ кунад, ба чизе мерасад, ки аз он кароҳат дорад ва ҳар кас ки барои диндорӣ издивоҷ кунад, Худованд ҳар серо барояш ҷамъ мекунад.”

2. Ақлу ҳуш:

Баъд аз диндорӣ, ҳуш ва ақл аз муҳимтарин меъёри як ҳамсари хуб маҳсуб мешавад. Ақлу ҳуши зану шавҳар дар фарзандон низ таъсир дорад. Фарзандони хонаводаи хушфаҳм ва боҳуш ғолибан зирак мешаванд, ва баръакс ҳамоқат ва нодонии падару модар низ дар фарзанд таъсир дорад.

Имом Алӣ (а) фармудаанд: “Бо инсони аҳмақ ва нафаҳм издивоҷ накунед; зеро муъошират бо ӯ балое аст азим ва фарзандонаш низ зойеъ хоҳанд шуд.”

3. Ахлоқи нек:

Севвумин меъёр дар интихоби ҳамсар, ахлоқи ҳасана аст. Расули Худо (с) фармудаанд: “Агар касе ба унвони хостгорӣ ба назди шумо омад, ки хулқу динашро меписандед, бо ӯ издивоҷ кунед ва агар ба ин дастур амал накунед, фитна ва фасоди бузурге дар замин ба вуҷуд хоҳад омад.”

Ва ҳам он ҳазрат фармудаанд: “Духтаратро ба издивоҷи инсоне парҳезгор даровар; зеро агар духтаратро дӯст дошта бошад, ӯро икром ва эҳтиром мекунад, ва агар нисбат ба ӯ буғз дошта бошад, ба ӯ зулм намекунад.”

4. Иффат ва покдоманӣ:

Аз ҷумлаи меъёрҳои бисёр муҳим ва зарурӣ дар интихоби ҳамсар, иффат ва покдоманӣ аст. Дар ҳадисе қудсӣ Худованд мефармояд: “Вақте ирода кунам, ки хайри дунё ва охиратро барои як мусалмон ҷамъ кунам, қалбе хошеъ ва забоне зокир (зикркунанда) ва тане собир бар бало ба ӯ ато мекунам ва ҳамсаре ба ӯ медиҳам, ки аз нигоҳ кардан ба вай шодмон шавад, ва он зан дар ғиёби шавҳар аз нафси худаш ва моли шавҳараш нигаҳдорӣ кунад.”

5. Шарофати хонаводагӣ:

Панҷумин меъёр дар интихоби ҳамсар, асолат ва шарофати хонаводагӣ аст, ки бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад. Расули Худо (с) мефармоянд: “Эй мардум! Аз гиёҳоне, ки бар мазбала мерӯяд дурӣ намоед! Гуфта шуд: эй Расули Худо (с)! Мақсуди шумо аз гиёҳе, ки бар мазбала мерӯяд, чист? Фармуданд: зани зебое, ки дар хонаводаи паст ва фурӯмоя парвариш меёбад.”

Ҳамчунин фармудаанд: “Бингар, ки фарзанди худро дар чӣ маконе қарор медиҳӣ; зеро рагу реша дар фарзанд асар мегузорад.”

Ва низ фармудаанд: “Бо хонаводи хуб ва шоиста васлат кунед, зеро хун асар дорад.”

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: