Перейти к содержимому

Ҳукумати бетадбир

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Билохира, Додгоҳи олии Тоҷикистон, чунонки пешбинӣ мешуд, аҳкоми золимона ва ғайримунсифонаи худро нисбат ба 13 нафар аз аъзои аршади Ҳизби наҳзати исломӣ содир кард.

Тибқи он чи дар расонаҳо омада, Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ду муовини раиси ҲНИТ, ба ҳабси абад, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Абдуқаҳҳори Давлат, Қиёмиддин Авазов ва Саттор Каримов (Махдуми Саттор) ба 28 сол, Зубайдуллоҳи Розиқ (Домулло Зубайдуллоҳ) ба 25 сол, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад (Мавлавӣ Муҳаммадалӣ) ба 23 сол, Саъдуддини Рустам (Домулло Саъдуддин) ва Воҳидхон Қосиддинов ба 20 сол, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ба 16 сол, Муҳаммадашариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов ба 14 сол ва Зарафо Раҳмонӣ ба 2 сол маҳкум шуданд.

Ҳамон тавре ки маълум аст ва бештари таҳлилгарон ҳам мегӯянд, ҳадаф аз судури ин аҳком, яке, талош барои «ҳазфи исломи сиёсӣ» аз арсаи Тоҷикистон аст ва дигар, фароҳам сохтани заминаҳои лозим дар кишвар барои бақои Раҳмон дар раъси қудрат то мурдан ва пас аз он ҳам албатта интиқоли он ба яке аз фарзандонаш аст. Ин бархӯрди ғайриодилона ва ноҷавонмардона бо ҲНИТ, дигар ҳеч ангезае ба ҷуз ҳамин ду ҳадаф надорад.

Аммо суол ин аст, ки оё бо ин иқдомоти аблаҳона, Раҳмон метавонад ба аҳдофаш даст биёбад?

Феълан, дар бораи ҳадафи дуввуми ӯ (бақо дар раъси қудрат) чизе намегӯям, баҳсаш бимонад барои вақте дигар. Дар ин ёддошт, мехоҳам дар бораи ҳадафи аввали Раҳмон (талош барои «ҳазфи исломи сиёсӣ» аз арсаи Тоҷикистон) қадре сӯҳбат кунам.

Албатта, аз нигоҳи омӯзаҳои динӣ ҳам намехоҳам ба баррасии ин масъала бипардозам, ин ҳам бимонад ба як фурсати дигар. Ин гуна бархӯрдҳо бо мӯъминон аз сӯйи тавоғит ва ситампешаҳо, чизи тозае нест. Ин қабил рафторҳо бо мӯъминон, на танҳо аз азми онон мабнӣ бар идома додани роҳашон чизе нахоҳад кост, ки баръакс, бар азм ва устувориашон хоҳад афзуд. Балки мехоҳам ба баррасии ин масъала аз нигоҳи сиёсӣ бипардозам.

Мо дар қарни 20-ум дар бисёре аз кишварҳои исломӣ шоҳиди зуҳуру бурузи исломгароён ва аҳзоби исломӣ ва фаъолияти онон ва наҳваи бархӯрди режимҳои ҳоким дар ин кишварҳо бо онҳо будем. Дар порае аз ин кишварҳо (мисли Миср ва Тунис), бархӯрдҳо бо исломгароён аз сӯйи ҳукумат, ба ҳамин наҳве, ки имрӯза дар Тоҷикистон шоҳидаш ҳастем буда, аммо дар баъзе дигар аз ин кишварҳо бархӯрдҳо ранги дигаре доштааст.

Масалан, дар Миср, бархӯрд бо ҷамоати Ихвонул-муслимин, аз замони таъсисаш то ба имрӯз, бисёр хашин буда ба гунае ки раҳбарони Ихвон ё терур мешуданд (мисли Имом Ҳасанул-Банно) ва ё эъдом мешуданд (мисли он чи бо Сайид Қутб ва дигарон иттифоқ уфтода), ҳоло зиндону шиканҷаҳои аъзои Ихвон, ки ҷойи худаш. Зиндонҳои Миср ҳамеша бо аъзои ин ҷамоат дар 70 ё 80 соли ахир пур ва мамлув будааст.

Ҳадафи режимҳои ҳоким дар Миср бо ин қабил бархӯрдҳои хашин дар ин муддати 70 ё 80-сола, ҷуз талош барои «ҳазфи исломи сиёсӣ» аз арсаи ҷомеа набуда, чӣ дар даврони Ҷамол Абдунносир ва чӣ дар замони Анвар Содот ва чӣ дар даврони ҳукумати 30-ву чанд солаи Ҳусни Муборак. Ҳамаи инон мехостанд Ихвон аз арсаи сиёсии Миср ба наҳве гӯру гум шавад.

Аммо суол ин аст, ки оё ин бархӯрдҳо ва зиндон карданҳо ва эъдом карданҳо, самарае доштанд? Оё исломӣ сиёсӣ аз арсаи сиёсии Миср ҳазф гардид масалан? Посухаш бисёр возеҳ аст ва ниёз ба иқомаи далел ҳам надорад. Зеро бо вуҷуди он ҳама бархӯрдҳо ва рафторҳои хашин ва ғайри инсонӣ, вақте маҷол барои интихоботи озод ва шаффоф дар Миср фароҳам шуд, аксарияти мардуми Миср ба ихвониҳо раъй доданд ва намояндаи ин ҷамоат яъне Муҳаммад Мурсиро ба унвони раисиҷумҳури худ баргузиданд. Ва дар муқобил, ҳуккоме, ки бо исломи сиёсӣ дар Миср бархӯрдҳои хашин ва ғайри инсониро пеша карда буданд, ҳамагӣ, ё терур шуданд мисли он чи бо Анвар Содот иттифоқ уфтод ва ё сарнагун шуда ва роҳии зиндон шуданд мисли он чи бо Ҳусни Муборак рух дод. Ва ҳатто баъд аз кудатои ахир ва сарнагунии мунтахаби миллат (Мурсӣ) низ, шоҳиди боло рафтани ҷойгоҳ ва мавқеияти Ихвон дар ҷомеаи ин кишвар ҳастем, ки қатъан ва бидуни кучактарин тардид, чанд сабоҳе дигар хоҳем дид, ки Сисӣ низ ба ҳамон сарнавиште, ки Муборак ва Содот бо он рӯ ба рӯ шуда буданд, мувоҷеҳ хоҳад шуд. Дар ин ҳақиқат, кучактарин тардиде надорам.

Пас, бо ин гуна бархӯрдҳо ва рафторҳои аблаҳона, наметавон исломи сиёсӣ ва исломгароёнро аз арсаи сиёсии кишваре, ки мардумонаш мусалмон ва ислом бо гӯшту пӯсту хунашон аҷин аст ҳазф кард.

Ва кишварҳое дигар ҳам буданд (ва ҳанӯз ҳам ҳастанд) мисли Ӯрдун ва Мағриб, ки бархӯрде мухталиф аз он чи дар Тунис ва Миср бо исломгароён шоҳидаш будем, пеша карданд. Ду подшоҳии Мағриб ва Ӯрдун, аз ҳамон оғози таъсиси аҳзоби исломӣ (бо гаройишҳои ихвонӣ) дар кишварашон, зимни парҳез аз бархӯрд ва рафтори хашин бо исломгароён, ин аҳзобро ба расмият шинохтанд ва барояшон иҷоза доданд, то дар чорчӯби қонуни асосӣ мисли соири аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ озодона фаъолият кунанд. Аз ҳамин рӯст, ки мо дар ин ду кишвар шоҳиди ҳарҷу марҷ ва бебандуборӣ нестем. Масалан, дар Мағриб имрӯза нахуствазири ин кишвар аз исломгароён аст, дар порлумони Ӯрдун ҳам исломгароён ҳамвора намоянда доштаанд. Ба ҳамин хотир аст, ки Малик Абдуллоҳи дуввум дар Ӯрдун (ва пеш аз ӯ падараш) ва низ Малик Муҳаммади шишум (ва ҳамчунин падараш), бо он чи домангири амсоли Содоту Мубораку Бен Алӣ шуданд, мувоҷеҳ нашуданд ва то ҳадде ҳам ҳар ду аз ҷойгоҳ ва мавқеияти хуби нисбӣ дар миёни мардумонашон бархӯрдор ҳастанд.

Кӯтоҳи сухан он ки: ин рафторҳои аблаҳона ва аҳмақона, ки ҳукумати кунунии Тоҷикистон ва ба хусус Раҳмон, бо исломггароён ва ҲНИТ (ки як ҳизби исломии мӯътадил аст) пеша кардааст, рӯзе ӯро бо сарнавиште назири сарнавишти Анвар Содот ва ё Ҳусни Муборак ва ё ҳаддиақал Бен Алӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Инро, ки арз мекунам, кучактарин тардиде надорам. Инҳо тадбир надоранд. Инҳо нигоҳашон ҳамеша рӯйи қазия ва зоҳир будааст (яъне ҳамин ки ба эшон тамаллуқ мешавад ва дар садо ва симо аз онҳо таъриф ва тамҷид мешавад, фикр мекунанд ҷомеа бо онҳост), инон аз дидани ботин ва зери қазия оҷиз ва нотавонанд.

Раҳмон бедтабдир будааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: