Перейти к содержимому

Муҳаммадалӣ; аз қаҳрамонӣ дар мусобиқоти муштзанӣ то рӯёрӯӣ бо Тромп

1b356773bf4593dc26bf031c8ee1b475Муҳаммадалӣ Клей, ки номи аслиаш  Косиус Морселус Клей (Cassius Marcellus Clay) буд ва пас аз ба ислом рӯй овардан номи Муҳаммадалиро барои худ баргузид ва ӯро бузургтарин қаҳрамони муштзании торихи ҷаҳон медонанд, бомдоди имрӯз (шанбе, 4 июн) дар синни 74-солагӣ дар бемористоне дар Финикс (маркази иёлати Орезунои Омрико) даргузашт. Ба навиштаи USA Today, вай аз даҳаи 80 милодӣ ба муддати се даҳа ба бемории поркинсун (паркинсон) мубтало буд ва аз рӯзи панҷшанбе низ ба далели мушкилоти танаффусӣ дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Клей, ки дар мақтаъе аз торих яке аз шинохташудатарин шахсиятҳои ҷаҳон ба шумор мерафт, дар охирҳои умри худ ба далели беморӣ, ҳузури каме дар анзори умумӣ дошт. Вай пас аз канорагирӣ аз дунёи варзиш, ба фаъолиятҳои маданӣ ва хайрхоҳона рӯй овард ва дар бисёре аз барномаҳое, ки бо ҳадафи ҷамъоварии пул барои ниёзмандон ё муқобила бо нажодпарастӣ баргузор мешуд, ҳузури фаъол дошт.

Устураи мусалмони муштзани ҷаҳон дар соли 1985 яъне 4 сол пас аз канорагирӣ аз варзиш, ба поркинсун мубтало шуд ва пизишкон яке аз иллатҳои ибтилои ӯ ба ин бемории асабиро заработе унвон карданд, ки ӯ дар тӯли даврони фаъолиятҳои варзишии худ дарёфт карда буд.

Клей аз чунон эҳтироме дар ҷомеаи Омрико бархӯрдор буд, ки «Муассисаи асабшиносии Бору» ба поси ифтихороти варзишии вай, марказе ба номи «Маркази поркинсуни Муҳаммадалӣ»-ро барои кӯмак ба дармони беморони мубтало ба поркинсун дар шаҳри Финикси Омрико ифтитоҳ кард.

4630914_598Муҳаммадалӣ Клей дар 17 январи 1942 дар як хонаводаи мутавассит дар иёлати Кентуки  (Kentucky)-и Омрико мутаваллид шуд. Вай дар олимпики соли 1960 дар Рум соҳиби медоли тилло шуд, аммо барои аввалин бор дар соли 1964 буд, ки бо шикаст додани Сони Листун (Sonny Liston) — қаҳрамони вақти мусобиқоти муштзании Омрико — ба як номи шинохта шуда табдил шуд. Ӯ бо 22 сол син, ҷавонтарин муштзане лақаб гирифт, ки то он замон тавониста буд бо шикаст додани як қаҳрамони миллӣ, унвон қаҳрамониро азони худ кунад.

Клей се сол баъд ба дини ислом гаравид ва номи худро аз Косиус ба Муҳаммадалӣ тағйир дод ва ба дунболи он, аз ҳузур дар ҷанги Ветном низ худдорӣ кард, то дар ҷомеаи Омрико ба намоди шуҷоат ва истодагӣ дар баробари қудрат табдил шавад. Ба навиштаи Washington Post, вай тайи мусоҳибае изҳор дошт, ки ҳозир нест афроди бегуноҳро бикушад, то Омрико абарқудратии худро ба ҷаҳониён собит кунад.

4630918_554Давлати Омрико ба далели худдории ӯ аз ширкат дар ҷанг, унвони қаҳрамониро аз вай пасгирифт ва 3 сол (аз соли 1967 то 1970) ӯро аз ширкат дар мусобиқоти муштзанӣ маҳрум кард.

Клей пас аз бозгашт ба мусобиқот, дар октябри 1974, бори дигар дар 32-солагӣ барои дуввумин бор унвони қаҳрамони миллии муштзаниро азони худ кард.

Вай дар соли 1978 ин унвонро аз даст дод, аммо танҳо пас аз гузашти 6 моҳ ба аввалин муштзане табдил шуд, ки то он замон тавониста буд барои се бор ин унвонро дар ихтиёр дошта бошад. Муҳаммадалӣ Клей дар соли 1981 бо рекурди 56 пирӯзӣ (шомили 37 нокоут) ва 5 шикаст, ба таври комил аз мусобиқоти муштзанӣ канорагирӣ кард.

4630912_636Ба навиштаи Guardian, Клей пас аз канорагирӣ аз варзиш, ба унвони як фаъоли маданӣ ба дифоъ аз ҳуқуқи ақаллияти сиёҳпӯсти Омрико пардохт. Вай ҳатто бо вахим шудани вазъи саломати худ низ ҳамчунон ба талошҳои муборизотӣ алайҳи нажодпарастӣ дар ҷомеаи Омрико идома дод ва дар соли 2005 низ аз Ҷурҷ Буш — раисиҷумҳури собиқи Омрико — медоли озодӣ ва шуҷоат дарёфт кард.

Ба навиштаи NBC News, Клей дар декабри гузашта тайи як баёния, бо интиқоди шадид аз пешниҳоди ҷанҷолии Дунолд Тромп – номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико – барои ҷилавгирӣ аз вуруди мусалмонон ба Омрико, таъкид кард, ки ба унвони як мусалмон то поёни умр дар баробари касоне ки бихоҳанд аз номи ислом барои пешбурди аҳдофи шахсии худ истифода кунанд, хоҳад истод.

4630916_240Guardian пас аз эъломи хабари даргузашти ин устураи фаромӯшнашудании муштзании ҷаҳон, дар матлабе навишт: «Муҳаммадалӣ Клей солҳо дар ринги кучаки муштзанӣ муқобили ҳарифони худ ҷангид, аммо муборизаи аслии ӯ дар майдоне бузургтар ва дар баробари ҳомиёни нажодпарастӣ буд

Руҳаш шод ва ҷойгоҳаш биҳишт!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: