Перейти к содержимому

Ду паёмади иқдоми ахири ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи ҲНИТ

Сайидюнуси Истаравшанӣ дар таҳлиле барои ВВС форсӣ

Иқдоми ахири Додгоҳи олии Тоҷикистон мабнӣ бар маҳкум кардани шуморе аз раҳбарони аршади Ҳизби наҳзати исломии ин кишвар ба ҳабси абад ва шумори дигаре аз онон ба зиндон барои солҳои тӯлонӣ, ки албатта бо имлои худи низоми ҳоким дар Тоҷикистон сурат гирифта, гузашта аз ин ки ғайри одилона аст, иқдоме бисёр шитобзада ва носанҷида аст, ки дорои авоқиб ва паёмадҳои вахиме аст, ки пеш аз ҳама, домони худи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро хоҳад гирифт.

Ин паёмадҳо ва авоқиб аз ду ноҳия қобили мулоҳиза аст:

1. Нахустин паёмади он, ба шиддат манфӣ шудани нигоҳ ва диди ҷомеаи тоҷик (ҳаддиақал бахши қобили таваҷҷӯҳе аз ҷомеа) ба ҳукумати кунунӣ ва шахси Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ин воқеият бар касе пӯшида нест, ки ҲНИТ дар ҷомеаи тоҷик, аз мавқеият ва ҷойгоҳи бисёр болое бархӯрдор аст ва тарафдорон ва ҳаводорони анбӯҳе дорад. Дар интихоботи порлумонии соли 2010, бино ба омори ғайри расмӣ, ки ҳатто баъзе аз мақомот ба он изъон доранд, ҲНИТ муваффақ ба тасоҳуби қариб ба нисфе аз курсиҳои порлумон шуда буд ва аммо натоиҷи интихобот ба сурате дигар эълон шуд.

Ин нукта ҳам шоистаи зикр аст, ки ҳатто он бахш аз ҷомеаи тоҷик, ки тарафдор ва ҳаводори ҲНИТ нестанд низ ба хубӣ медонанд, ки агар дар Тоҷикистон суботе ҳаст, ин субот ва ин амният марҳуни илтизом ва пойбандии ҲНИТ ба муфоди созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва опозисиюн будааст. Ҳол, бо канор задани ҲНИТ ва таъомули инчунинӣ бо он, хатари аз байн рафтани субот ва амнияти мавҷуд, ҷомеаро таҳдид мекунад; на бад-ин ҷиҳат, ки ҲНИТ рӯй ба хушунат оварад ва мутавассил ба равишҳои ғайри мусолиматомез бишавад, балки бад-ин хотир, ки ҲНИТ дигар наметавонад ҷилави таҳаррукот ва рафторҳои ҷавононеро бигирад, ки тамомии дарҳоро бар рӯйи худ баста мебинанд ва шояд тавассул ба зӯрро танҳо роҳи мубориза ва эҳқоқи ҳуқуқи хеш биёбанд; чунонки худи оқои Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар гуфтугӯи ахири худ бо ВВС форсӣ гуфт: «Ҳизб наметавонад аз вокуниши тунди ҷавонон ба хусус ақрабо (наздикон) ва хешовандони даҳҳо ва садҳо нафар, ки ин рӯзҳо зиндонӣ шудаанд, ҷилавгирӣ кунад

2. Паёмади дигаре, ки дар пайи ин иқдоми носанҷида домангири ҳукумати Тоҷикистон хоҳад шуд, мавозеъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусус кишварҳои таъсиргузор, дар баробари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст.

Вокуниши сареъи Иттиҳодияи Урупо ба ин иқдом, ки бо судури баёнияе расмӣ, раванди расидагӣ ба парвандаи аъзои аршади ҲНИТ ва ҷараёни мурофиаи додгоҳии онҳоро «ғайри шаффоф» унвон карда, баён медорад, ки «ин тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон ваҳдат ва якпорчагии ҷомеаи тоҷикро ба хатар рӯ ба рӯ мекунад«, ҳокӣ аз ин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тафсир ва бардоштеро, ки ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа мекунад — ки гӯӣ ҲНИТ як ҳизби теруристӣ будааст — намепазирад.

Дар воқеъ, интизори мақомоти тоҷик аз ҷомеаи ҷаҳонӣ — дар ҳоле ки умдаи дағдағаи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо мубориза бо падидаи шуми теруризм ва хушконидани решаҳои он мебошад — ин буд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳам ба унвони як «ҷараёни теруристӣ» бипазиранд ва ҳамон мавзеъеро дар баробари он иттихоз намоянд, ки масалан дар қиболи ДОЪИШ, Алқоъида ва ё Толибон доранд.

Дар ҳоле ки чистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва мавқеият ва ҷойгоҳаш дар ҷомеаи тоҷик ва низ кистии раҳбарони он, на танҳо барои худи тоҷикистониҳо махфӣ нест, ки барои Иттиҳодияи Урупо ва кишварҳое таъсиргузор дар ҷаҳон низ пӯшида намебошад. Дар замоне ки ҲНИТ дар дохили кишвар ба унвони як ҳизби расмӣ фаъолият дошт, ҳама шоҳид будем, ки дар кунграҳо ва ҳамоишҳои он ҳамеша суфаро ва намояндагони сафоратҳои кишварҳо ширкат ва суханронӣ мекарданд, аз ҷумла сафири Омрико, намояндаи Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ва сафирони кишварҳое чун Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон ва ҳатто намояндаи сафорати Русия дар Душанбе. Гузашта аз ин ки ҳар аз гоҳе суфаро ва намояндаҳо бо раҳбари ҲНИТ ва ё соири раҳбарони ин ҳизб дидор ва гуфтугӯҳои хусусӣ ҳам доштанд.

Бо ин ҳисоб, оё ҳукумати Раҳмон таваққӯъ дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тафсиреро, ки ӯ аз ҲНИТ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа мекунад ва ин ҳизбро ба унвони як «ҷараёни теруристӣ» дар қатори ДОЪИШ ва Алқоъида ва ё Толибон қарор медиҳад, бипазиранд ва қабул кунанд?

Ва ин ҳама дар ҳоле аст, ки ҲНИТ ҳамвора иқдомоти теруристии гурӯҳҳое назири ДОЪИШ ва Алқоъидаро маҳкум мекард; ҳамин мавозеъи ҲНИТ ва раҳбари он ҷаноби Кабирӣ буд, ки намояндагони тоҷики ин гурӯҳҳо – ки дар Сурия ва Ироқ фаъоланд — ҳатто ӯро низ таҳдид ба куштан карда буданд ва навораш мунташир шуда буд ва ҳанӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст аст.

ВВС форсӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: